Муносибатҳои хуби дипломатӣ бо дигар кишварҳо гарави пешрафти ҳар як давлат мебошанд. Ҳар як давлат нуқтаҳои қавӣ ва сусти худро дорад. Баъзе давлатҳо аз лиҳози инфрасохтор ва молияви қавӣ ҳастанд, дар ҳоле ки баъзеи дигар боигариҳои табиӣ доранд. Вобаста ба ин муносибати хуби дипломатӣ бо халқҳо ба пешрафт ва рушдёбии ҳар як миллату давлат кумак мекунад. Дар ин росто ки давлати мо сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст, доштани робитаи ҳасана бо тамоми кишварҳо аз авлвиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манотиқи Аврупо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Фаронса равобити тулонии таърихӣ доранд. Анқариб, ин муносибатҳо дар ҳама самт зуҳур намуда, соҳаҳои дипломатия, илм, фарҳанг, адабиёт ва тиҷоратро фаро гирифтаанд.
Вуруд ба мавзӯъ. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сиёсати хориҷиро пеш гирифт, ки ҳадафаш пеш аз ҳама ҳифз ва пешбурди манфиатҳои миллӣ, барқарор намудани робитаҳои созанда бо дигар кишварҳои ҷаҳон, ҷустуҷӯи шарикони боэътимод дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии худ буд.
Аз оғози асри XXI дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тағйироти куллии мусбат ба вуқӯъ пайваст ва ин тамоюл сол аз сол тақвият меёбад.
Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Германия, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Италия, Шоҳигарии Испания, Конфедератсияи Швейтсария, Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Полша, кишварҳои соҳили Балтика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок доранд [1].
Зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳо. Раванди инкишофи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса хело муҳиманд ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобила амалӣ мегарданд.
Метавон гуфт, ки Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Нисбати Фаронса дар Тоҷикистон фазои дӯстӣ ва эътимоднок ҳукмфармост. Ин омил ба робитаҳои таърихии ду кишвар дар давронии шӯравӣ ва пеш аз он, вобастагӣ дорад. Аз ҳамон давраҳо сар карда таваҷҷуҳи ҷомеаи тоҷик ба Фаронса, таъриху фарҳанги он эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои миллӣ ба назар мерасид. Дар зимн аз ҷониби Фаронса низ азми ҷонноксозии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ фаъолона амал мекард. Ҷойгиршавии қаблии ҳайати ҳарбӣ – ҳавоии фаронсавӣ дар Душанбе ва дар Фаронса мавҷуд будани диаспора аз ҷумлаи зиёиёни фаъол ва эҷодкори тоҷик тақвияти ин гуфтаҳост.
Вижагиҳои ҳамкории ду кишвар дар он зоҳир меардад ки:
-Принсипҳои демократия дар Тоҷикистон акнун рушд карда истодаанд. аммо Фаронса дар ин замина таҷрибаи бой дорад.
-Тоҷикистон бо таърихи қадимӣ ва Фаронса бо пояҳои мустаҳками демократӣ аз ҳамкории зич баҳра хоҳанд бурд.
-Фаронса аз руи шумораи корпусҳои дипломатӣ дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол мекунад ки ин барои Тоҷикистон модели омӯзиш мебошад.
-Ширкатҳои фаронсавӣ ба бозори Тоҷикистон, алалхусус ба соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, авиатсия ва энергетика таваҷҷӯҳ доранд.
- Ширкатҳои фаронсавӣ бо шуҳрати ҷаҳонии бренд, нуфузи корпоративӣ, сифати баланди маҳсулот ва сатҳи хизматрасонӣ, касбият, эътимод ва ҳисси масъулият барои кори худ фарқ мекунанд, ки ин модели омӯзиш барои Тоҷикистон мебошад
-Фаронса хоҳиши Тоҷикистонро барои амиқтар кардани муносибатҳои худ бо ИА тавассути бастани созишномаи нави шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дастгирӣ мекунад.
Аз таърихи ба роҳ мондани ҳамкориҳо. Дар дарони аввали соҳибистиқлоли Фаронса яке аз кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар марҳилаи аввал- соли 1991 эътироф кард. 3 марти соли 1992 бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Намунаи барҷастаи робитаҳои аввал дар сатҳи баланд дар моҳи марти соли 1992 сафари Ален Вивиен, котиби давлатии Фаронса ба Душанбе буд. Дар ҷараёни сафар, масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии ду кишвар, роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин маросими имзои Протоколи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Душанбе 3 ноябри соли 2001 ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфтанд. Айни ҳол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран(аз октябри соли 2020) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид (аз январи соли 2018) фаъолият доранд.
Вобаста ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаронса, як далели ҷолиби давраи шӯравӣро қайд кардан ба маврид аст. Соли 1976 Вазорати металлургияи рангаи ИҶШС (СССР) барои хариди таҷҳизот бо ширкати маъруфи фаронсавии "Aluminium Peshine" шартнома баст. Худи ҳамон сол мутахассисони фаронсавӣ ба шаҳри Регард (ҳозира Турсунзода) омада, дар он ҷо шаҳраки худро таъсис доданд. Дар тӯли ду сол онҳо аввалин коргоҳи анодҳои пухта дар корхонаи алюминийи тоҷикро сохта ба истифода доданд. Аммо, дар соли 1993 мутахассисони фаронсавӣ шаҳраки худро тарк карданд ва металлургҳои тоҷик дар шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо корхонаи алюминийи тоҷик ҷойгир аст, акнун шаҳраки худро бо номи Фаронса доранд [2].
Ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ. Тули солҳои соҳибистиқлоли муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ рушд намуданд. Зиёда аз 33 санаде, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса дар давраи баъд аз барқарор шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба имзо расидааст, заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд. Созишномаҳо чунин соҳаҳои ҳамкориҳоро, ба монанди сиёсати хориҷӣ, мудофиа, амнияти дохилӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ-техникӣ, навсозӣ ва таъмири иншооти Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар бар мегирад. Инчунин, ҷонибҳо лоиҳаҳои созишномаҳоро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ, андоз аз даромад ва сармоя, ҳаракати ҳавоӣ ва сохтмони манораи назоратӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо барраси ва амали намудаанд.
Агар сиёсати Фаронсаро дар минтақаи Осиёи Марзакӣ ва ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор диҳем, ба чунин хулоса омадан мумкин, ки таваҷҷуҳи Фаронса ба чунин самтҳо равона гардидааст[3]:
- тарғиби забон ва фарҳангӣ худ;
- коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба ҳифзи саломатӣ;
- тарғиб ва дастгирии фазои демократӣ;
- густариши соҳаи сайёҳӣ;
- сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок; (маориф, илм, фарҳанг, тиҷорат ва ғ);
- омӯзиш ва тадқиқи арзишҳои таърихӣ, ва сарчашмаҳои муҳими илмӣ;
- ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи маводи мухаддир, маҳдудияти сулҳу суботи минтақавӣ;
- рушди ҳамкориҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави интиқоли энергия ба Иттиҳоди Аврупо;
- бахши муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист;
- таҳияи мавзӯъҳои ҳассостарини муносибатҳои кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ, ба монанди эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, бунёди давлати ҳуқуқиву демократӣ мебошад.
- ворид намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар системаи Балонӣ.
Аз моҳи декабри соли 2002 марҳилаи фаъолтари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса оғоз ёфт. Ин қадами муҳим дар самти тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Фаронса тавассути тамосҳои аввал дар сатҳи олӣ амалӣ карда шуд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар моҳи декабри соли 2002 ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Фаронса Жак Ширак, Сардори Сенат, вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, вазир ва намояндагони савдои хориҷӣ ва котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Фаронса барои такмили минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари бонуфузи Аврупо замина гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки сафар ба Париж нахустин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Фаронса ва дар маҷмӯъ ба Аврупои Ғарбӣ буд.Ин сафар нишондиҳандаи манфиатдории тарафҳо дар тақвиятёбии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 5 сафари расми ба Фаронса анҷом додааст: декабри 2002, октябри 2005, июни 2011, ноябри 2015, ноябри 2019[4].
Минбаъд муносибатҳои дуҷониба марҳила ба марҳила рушд карданд ва ин раванд дар солҳои охир ба таври назаррас шиддат гирифт. Мубодилаи ташрифҳо дар сатҳи баланд тасдиқи равшани ин гуфтаҳост.
Ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва молия. Мусаллам аст, ки рушди ҳамкориҳоро бидуни тақвияти равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Тоҷикистон ва Фаронса низ дар ин самт чандин Созишнома ба имзо расонидаанд, ки минбаъд шароити мусоидро барои ҷалби сармояи фаронсавӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фароҳам овард.
Дар рушди мунтазами муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Фаронса сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар моҳи декабри соли 2002 нақши бузург бозидааст. Зимни ин сафар аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳ.Солиев ва вазири тиҷорати берунаи Фаронса Ф.Лоос созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо имзо гардид. Ҳамчунин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса моҳи октябри соли 2005 дар ҷодаи ҷалби диққати доираҳои соҳибкории Фаронса ба Тоҷикистон мусоидати назаррас расонид.
Яке аз лоиҳаҳои асосии иқтисодӣ, ки аз ҷониби Фаронса татбиқ гардид, ин терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад, ки дар моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд. Зимни баррасии суръати рушди муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Фаронса метавон хулоса кард, ки имзои созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо ба болоравии сатҳи онҳо хеле мусоидат намуд.
Агар дар соли 2002 ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар танҳо 400 ҳаз. долл. ИМА-ро ташкил медод, соли 2003 ин нишондод ба маблағи 1,1 млн. долл. ИМА баробар шуд ва соли 2005 бошад, ба 3,9 млн. долл. ИМА расид. Ҳол он ки соли 2012 аз лиҳози чунин нишондодҳои иқтисодӣ пешрафт на он қадар назаррас буд -4,4 млн. долл. ИМА. Дар соли 2013 мубодилаи молҳо нисбат ба ҳамин давра 4,2 маротиба афзоиш ёфта 18,6 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.
Ҳаҷми савдои беруна миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соли 2019, 5,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод.
Ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соли 2018 ҳамагӣ ҳудуди 17 миллион долларро ташкил додааст, гарчанде ки дар муқоиса бо як соли 2017 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Фаронса қариб 4 маротиба афзудааст, аммо ин ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Барои муқоиса, гардиши савдои Тоҷикистон бо Олмони ҳамсоя дар соли 2018 қариб 100 миллион долларро ташкил додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самти аврупоии сиёсати хориҷии худ, аз ҷумла аз нигоҳи ҳамкорӣ бо сохторҳои аврупоӣ-Ҷумҳурии Фаронса нақши ба истилоҳ пулро миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебозад. Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Фаронса ҳамчунин аз он ҷиҳат муҳиманд, ки ин кишвар дар миёни кишварҳои аврупоӣ яке аз мавқеъҳои калидиро дорост ва метавонад эҳтимолан яке аз сармоягузорони бузургтарин ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардад, дар ҳоле, ки аллакай сармоягузориҳои назаррасро дар ҷумҳурии мо анҷом додааст.
Сохтори молҳои воридшаванда аз Фаронса ба Тоҷикистон аз таҷҳизот ва асбобҳои механикӣ, мошинҳои электрикӣ, инчунин дар ҳаҷми хурд аз равғанҳои эфирӣ ва резоноидҳо, асбобҳои оптикӣ ва аппаратҳо, маҳсулоти фарматсевтӣ, пайвандҳои органикии кимиёвӣ ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ иборат аст.
Дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2002 созишномаи ҳифзи сармоягузорӣ ба имзо расид ва бо ширкатҳои фаронсавӣ робитаҳо барқарор карда шуданд. Аз он давра инҷониб шумораи ширкатҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон руз то руз афзоиш меёбад: Alstom (шабакаҳои барқӣ), Nutristar (ифтитоҳи як корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво), дар якҷоягӣ бо Tethys Petroleum ва ширкати давлатии CNPC Чин Total моҳи июни соли 2013 созишнома оид ба кашф ва коркарди кони нафту гази Бохтар дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ба имзо расонид. Vinci Airports моҳи сентябри соли 2014 дар фурудгоҳи Душанбе терминали навро ба истифода дод ки қисман бо қарзи имтиёзноки 20 миллион евро маблағгузорӣ шудааст. Соли 2018 дар ин ҷо маркази нави идоракунӣ сохта шуд. Ширкати Michelin дар Душанбе шабакаи намояндагиҳои тиҷоратиро кушод ва Auchan аввалин гипермаркетро дар ҷумҳурӣ кушод.
Чи тавре ки дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар шаҳри Порис бо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ин кишвар мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконоти сармоягузорӣ маълумот дода, зикр кард, ки айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 20 ширкату коргоҳҳои фаронсавӣ фаъолияти пурсамар доранд[5].
Ширкатҳои фаронсавӣ ба бозори Тоҷикистон, алахусус ба соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, авиатсия ва энергетика таваҷҷӯҳи хос доранд.
Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни ҳол ширкату корхонаҳои Фаронса, аз ҷумла Airbus, Alstom, Auchan, Coyne et Bellier, Gemalto, Isover Saint-Gobain, L'Oreal, Michelin, Nutristar, Sofreco ва ғайраҳо, фаъолият мекунанд.
7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони бонуфузи Ҷумҳурии Фаронса мулоқот анҷом доданд, Дар натиҷаи он барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷинвест" ва Иттиҳодияи "MEDEF International"-и Ҷумҳурии Фаронса.
- Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва ширкати фаронсавии “Fives” бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко”. Мавриди зикр аст, ки ҳануз дар даврони Шурави коргоҳи анодпазӣ аз тарафи ширкати “Fives” сохта шуда буд.
- Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкати “Талко”, ширкати фаронсавии “Fives” ва ширкати олмонии “Riedhammer” оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии ширкати “Талко”.
- Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Airbus”-и аврупоӣ ва ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр”-и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо. Мавриди зикр аст, ки ширкати “Сомонэйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад.
- Созишнома байни ширкати фаронсавии “Laboratoire INNOTECH International” ва ҶДММ “Сифат ФАРМА”-и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ.
- Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Schiever Group”-и Ҷумҳурии Фаронса оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии "ITC School Ecole42".
Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо барои пайвастан ба Системаи Умумиҷаҳонии Имтиёзҳо (GSP +) гуфтушунид дорад. Имконияти Тоҷикистон барои гирифтани имтиёзҳо барои интиқоли молҳояш ба Иттиҳоди Аврупо дар доираи ин система беандоза бузург аст.
Фаронса хоҳиши Тоҷикистонро барои амиқтар кардани муносибатҳои худ бо ИА тавассути бастани созишномаи нави шарикӣ ва густариши ҳамкорӣ дастгирӣ мекунад.
Ҳукумати Фаронса ба ҷанбаҳои иқтисодии муносибатҳои Фаронса ва Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳад. Дар ҷараёни машваратҳои охирини дуҷониба омодагии Тоҷикистон барои идома додани диверсификатсияи мубодилаҳо ва таваҷҷӯҳ ба соҳаи сайёҳӣ қайд карда шуд, ки ин таҷрибаи беҳтарини Фаронса мебошад.
Содироти Фаронса ба Тоҷикистон 7,6 миллион евроро ташкил медиҳад ва воридоти то соли 2016 тақрибан сифр буда, дар соли 2018 ба 18,9 миллион евро расид. Ин пешрафт дар соҳаи савдо ва сармоягузории дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ва муайяншуда нишонаи муносибатҳои дарозмуддат мебошанд. Гузашта аз ин, зарурати омӯзиши забонҳо, табодули таҷриба байни мақомотҳои идоракуни ва наздикшавии элитаҳои мо маҳз бо дурнамои рушди муносибатҳои иқтисоди асоснок карда мешавад.
Фаронса ба шарофати Гурӯҳи Schiever, ки аз соли 2016 дар соҳаи дистрибутсионӣ машғул аст (аз 4 мағоза, ҳоло дар Душанбе 3 адад) сармоягузори аврупоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба он ки кадом маҳсулоти Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи истеъмолкунандагони Фаронса мебошад -имрӯз содирот ба Фаронса асосан аз ашёи хом (маъдан, антрацит) иборат аст. Чихеле ки дар болоқайд карда шуд кишварҳо барои диверсификатсия кардани мубодилаҳо кушиш доранд. Ин метавонад тавассути афзоиши арзиши изофии молҳои Тоҷикистон (масалан, барои алюминий), ё тавассути омезиши имконоти мо ва таҷрибаи фаронсавӣ дар бахшҳои дигар анҷом дода шавад.
Сайёҳӣ соҳаи муттаҳидкунанда буда, дурнамои хеле умедбахш дорад. Тоҷикистон мероси фавқулоддаи таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, ки ҷомеаи Фаронса онро тавассути намоишгоҳи "Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар Осорхонаи мӯътабари санъатҳои Осиё-Гим дар Париж пайдо карда метавонад.
Меҳмоннавозии мардуми тоҷик, анъанаҳои неки онҳо, манзараҳои боҳашамат ва хеле гуногун сарвати азим барои рушди туризм мебошанд. Мақомот ва ширкатҳои фаронсавӣ кушиш доранд дар навсозии инфрасохтори мавҷуда ва бунёди иншооти нав ширкат варзанд.
Ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо кишвари Фаронса барои ҳарду ҷониб ба манфиат аст, зеро кишварҳо метавонанд дар ин сурат лоиҳаҳои сармоягузориро роҳандозӣ кунанд, корҳонаҳои муштарак бунёд намоянд ва ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оваранд.
Ҳамкориҳо дар самти илму фарҳанг. Барои рушди робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Фаронса Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса замина гузошт, ки он дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса моҳи декабри соли 2002 ба имзо расид. Зимнан, бояд тазаккур дод, ки барои ҷонноксозии ҳамкориҳои гуманитарии ду кишвар ва баимзорасонии созишномаи болозикр ҷаласа оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Фаронса (25-26 феврали соли 2002, ш.Душанбе), ки дар натиҷаи он ҷонибҳо Протоколро ба имзо расониданд, шароит фароҳам овард. Дар робита ба дурнамои ҳамкорӣ, ки пас аз аккредитатсия Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, иштирокчиёни ҷаласа дар мавриди робитаҳои роҳандозишуда миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти мазкур изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳайатҳо инчунин дар бобати нақши муайянкунандаи Маркази фарҳангии “Бохтар” дар таблиғу тарғиби забон, адабиёт ва фарҳанги фаронсавӣ, инчунин дар пешбурди муколамаи фарҳангҳо изҳори ҳамфикрӣ намуданд. Тибқи Протокол, тарафҳо идомаи талошҳои Маркази миллии таҳқиқоти илмии Фаронса ва Осорхонаи “Гиме” -и ш.Парижро оид ба мусоидат ба шиносоӣ бо осори фарҳангии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Дар замимаҳо ба Протоколи ҷаласа муҳтаво, самтҳо ва шаклҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи омӯзиши забон, маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, фарҳанг ва санъати тасвирӣ мушаххас карда шуданд. Дар чаҳорчӯбаи рушди муколамаи фарҳангии Тоҷикистону Фаронса ҳайатҳо бо қаноатмандӣ қабули ҳарсолаи ҳунармандони машҳури тоҷикро дар Фаронса – навозандагони мусиқии мардумӣ, ки аз соли 1991 аз ҷониби Театри де ля Вилл сурат мегирифт, инчунин ба саҳнагузориҳои муштарак, ки бо мусоидати Радио Франс ва дар ҳамкорӣ бо Театр дю Шатле ва Сите де ля Мюзик амалӣ мешуданд, қайд карданд. Такони иловагӣ ба рушди ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ бо сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 дода шуд, ки дар ҳошияи он Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса (аз ҷумла Рӯзҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО) барпо гардид. Дар 5-6 соли охир Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (ш.Брюссел), ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса, Иди байналмилалии Наврӯзро дар пойтахти Фаронса бошукӯҳ ҷашн мегиранд.
Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона бо ҳамватанони бурунмарзӣ Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” нақши муҳим бозидааст. 20 майи соли 2016 дар Фаронса ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Фаронса “Равзана” таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Шафақ Фаррухзод ба уҳда дорад[6]. Фаъолияти ин ҷамъият ё иттиҳодия барои интишори арзишҳои фарҳанги тоҷик дар Фаронса ва ба рушди муколамаи фарҳангии Тоҷикистону Фаронса равона гардидааст. Ба хотири ғанигардонии муҳтавои фарҳангии муносиботи Тоҷикистону Фаронса фаъолияти Маркази фарҳангии “Бохтар”, ки дар 14 октябри соли 2001 аз ҷониби созмони ғайриҳукуматии фаронсавӣ – Агентии мусоидат ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД) таъсис дода шуд, тавассути ҳаллу фасли мушкилоти норасоии дастрасӣ ба фарҳанг, иттилоот ва таҳсилоти иловагӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Бояд махсусан он далелро номбар кард, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳар фасли баҳор дар баробари Рӯзи байналмилалии Франкофония – дар ин марказҳо Ҳафтаи Франкофония таҷлил мегардад, ки барои муаррифии забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон замина ба вуҷуд меорад.
Барои рушди босуботи равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса Маркази Фар ҳангии Бохтар (Бактрия) дар шаҳри Душанбе, нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти ҷамъиаятӣ буда, бо ташаббуси ташкилоти АКТЕД фаъолияташро ба роҳ мондааст. Ҳадафи Марказ пеш аз ҳама инкишофи муносибат ҳои фарҳангӣ, рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани маҳорати баланди эҷодӣ мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ Бохтар ягона Марказе буд, ки дар он ҷо забонҳои хориҷӣ омӯзонида мешуданд. Бар замми ин, ташвиқу тарғиби фарҳанги мардуми тоҷику фаронсавӣ яке аз ҳадафҳои асосии Марказ ба ҳисоб мерафт.
31 августи соли 2017 дар ш.Париж Созишномаи қолабии ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна ба имзо расид. Мувофиқи созишнома, ҳамкориҳои ду муассисаи таҳсилоти олӣ аз рӯи фанҳои сайёҳӣ, менеҷмент ва иқтисодиёти корхонаҳо ва ҷуғрофия ба роҳ монда мешаванд.
Шурӯъ аз 3 октябри соли 2013 дар Институти миллии забонҳои шарқии Ҷумҳурии Фаронса забони тоҷикӣ ба барномаи таҳсил таҳти унвони “забон ва фарҳанги тоҷикӣ” ҷорӣ гардидааст.
Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) дафтари барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.
Дар соли 2016, субсидияҳое, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ барои ҳамкорӣ ҷудо карда шудаанд, 58 000 евроро ташкил дод (ба мисли соли 2015).
Дар соли 2017 дар донишгоҳу донишкадаҳои Фаронса 25 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаҳои бурсиявии Иттиҳоди Аврупо «Эразмус Мундус» ва «Эразмус плюс» таҳсил менамуданд.
Агар омори табодули таҳсилотии Ҷумҳурии Фаронсаро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунем чунин натиҷа ба даст меояд:
Омори донишомӯзони кишварҳои Осиёи Маркази дар мактабҳои олии Фаронса
|
1.
|
Қазоқистон
|
403нафар
|
Дар соли хониши 2014-2015
Аз руйи маълумоти Вазорати таҳсилот олӣ ва таҳқиқоти илмии Фаронса
|
2.
|
Узбекистон
|
143нафар
|
3.
|
Қирғизистон
|
82нафар
|
4.
|
Туркменистон
|
28нафар
|
5.
|
Тоҷикистон
|
16нафар
|
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди камбудии ҷониби фаронсавӣ дар ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Фаронса дар асоси бурсиявӣ, сафоратҳои ду кишвар дар Париж ва Душанбе дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешиданд. Дар соҳаи болобарии сатҳи дониши забони фаронсавӣ миёни франкофонҳои тоҷик ҳамчунин иқдомҳои муайян андешида шуда истодаанд. Моҳи ноябри соли 2016 Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон Клуби франкофонҳоро ташкил дод, ки як маротиба дар се ҳафта донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳамаи хоҳишмандони франкофонро ҷамъ меоварад. Агентии миллии фаронсавӣ оид ба пешбурди таҳсилоти олӣ “Кампюс Франс”, ки идораи иттилоотии он моҳи феврали соли 2016 дар назди Маркази фарҳангии “Бохтар” ифтитоҳ ёфт, нақши миёнаравро дар ҷодаи ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсилот дар Фаронса бозида истодааст.
Дар Фаронса ҳанӯз дар асри XVI мактаби аврупоие созмон ёфта буд, ки фаъолияташ ба шарқшиносӣ равона шуда буд. Олимони фаронсавӣ ашъор ва маҳсули илмии олимони тоҷику узбекро ба монанди Ибни Сино, Хоразмӣ, Берунӣ, Улуғбек, Навоӣ ва дигаронро ба забони лотинӣ ва фаронсавӣ тарҷума намуданд. Ҳамчунин 92 асари яке аз олимони барҷастаи тоҷик Имом Бухорӣ дар солҳои гуногун бо фаронсавӣ баргардон шуда, дар китобхонаи миллии Фаронса нигаҳдорӣ мешавад.
Нуктаи дигаре ҷолиби қайд аст, ки олими барҷастаи тоҷик, профессор Шокир Мухтор дар омӯзиши адабиёти форс-тоҷик бо забони фаронсавӣ ва ҳамчунин таҳқиқи фаъолияти илмии олимони фаронсавӣ дар замони шӯравӣ ва дар даҳсолаи истиқлолияти миллӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Роҷеъ ба таҳлил ва тавсеаи робитаҳои илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса метавон қайд кард, ки ҳамкорӣ миёни ҷомеаҳои илмии ду кишвар дар чаҳорчӯбаи Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ роҳандозӣ ва тақвият меёфт, ки он санад моҳи декабри соли 2002 имзо гардида, дар моҳи феврали соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Фаронса пас аз ратификатсияи он тасдиқ гардид. Абзори иловагии муассир барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи илмӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Фаронса гардид, ки 5 декабри соли 2002 ба имзо расида буд. Дар ҷодаи ҳамгироии зичтари фаъолияти олимони тоҷик ва фаронсавӣ нақши муҳимро Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (ИФЕАК) мебозад, ки намояндагии он дар ш.Душанбе аз соли 2002 фаъолият менамояд. Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ яке аз 28 маркази таҳқиқотии фаронсавӣ дар соҳаи бостоншиносӣ ва илмҳои иҷтимоӣ мебошад, ки аз тариқи кори бахшҳои худ дар 36 шаҳри дунё муаррифӣ шудааст. Тайи солҳои фаъолияти худ ИФЕАК дар Тоҷикистон лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намудааст. Чунончи, соли 2003 таҳқиқоти геоморфологии Помир гузаронида шуд. Дар соли 2005 экспедитсияҳои генӣ-этнолингвистикии илмӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт, инчунин ба ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд сурат гирифтанд. Ба ғайр аз ин, таҳқиқотчиёни ИФЕАК дар ҳайати экспедитсияи бостоншиносии муштараки тоҷикию фаронсавӣ ба ёдгории таърихии Саразм иштирок доштанд.
Нуктаи дигареро зикр кардан ба маврид аст, ки ИФЕАК бо иштироки олимони тоҷику фаронсавӣ дар Тоҷикистон як қатор конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар гузаронид. Дар миёни онҳо мизи мудавварро таҳти унвони “Яғнобиҳо дар Тоҷикистони муосир” (апрели соли 2005), семинари “Тоҷикистон пас аз бист сол: ҳолати илмҳои иҷтимоӣ” (августи соли 2011) ва конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Саҳми академик А.А.Семенов дар рушди таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик” (декабри соли 2013) метавон номбар кард. Созишномаи дахлдори ҳамкорӣ дар соҳаи хислатҳои инфиродии фаъолнокии моддаҳои табиии антиангиогенӣ ва антикансерогении Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2006 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пиер ва Мари Кюри ба имзо расид. Ин муассисаҳо доир ба роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмию педагогӣ баҳри рушди таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба тавофуқ расиданд. Дар моҳи марти соли 2007 Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони астрономии “Ураноскоп”-и Ҷумҳурии Фаронса созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи астрономия ва илмҳои кайҳониро ба имзо расонид, ки дар чаҳорчӯбаи он директори расадхонаи Донишгоҳи Париж Гиём Дубос ва корманди “Ураноскоп” Силвейн Булей 23 май – 3 июни соли 2007 аз Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид карданд. Дар давраи гузашта шуъбаи астрономияи метеории Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корманди Институти механикаи осмонии расадхонаи Париж доктор Ҷ.Вайбаллон ҳамкории илмӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷаи он мақолаҳои муштарак ва тезисҳою гузоришҳо ба нашр расиданд. Дар доираи лоиҳаи МНТС Т-2076 таҳти унвони “Мониторинги муҳоҷирати изотопҳо дар таркиби тӯфонҳои гардолудии қисмати ҷанубӣ ва махзанҳои урани қисмати шимолии Тоҷикистон” ҳамкории озмоишгоҳи физикаи фазои Институти физикию техникии ба номи С.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо НАСА (Раёсати миллии ШМА оид ба аэронавтика ва таҳқиқоти фазои қайҳонӣ) ва озмоишгоҳи оптикаи фазои Донишгоҳи илм ва технологияҳои шаҳри Лилли Фаронса идома меёбад.
Пешниҳод карда мешавад, ки роҳандозии созишномаҳо дар самти маориф низ миёни Тоҷикистон ва Фаронса ба манфиати тарафайн буда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат меномояд. Ҷои дигар ин ки ҷонибҳо метавонанд, аз таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаи тайёр намудани мутахасисони баландихтисос ва дигар ҷиҳатҳои таълимӣ-методӣ истифода намоянд.
Ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбию амнияти. Хотиррасон бояд кард, ки тибқи созишномаҳои тарафҳо - созишномаи 8 декабри соли 2001 - дар фурудгоҳи Душанбе як контингенти иборат аз 300 сарбози фаронсавӣ ҷойгир буд, ки онҳо то охири соли 2014 ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон кумаки техникӣ мерасонданд. Инчунин моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Дар доираи созишномаи низомии байни ҳайати ду кишвар, афсарону сарбозони тоҷик дар курсҳои омӯзишӣ омӯхта мешаванд ва дар чорабиниҳои ҷониби Фаронса иштирок мекарданд. Маҳз бо кӯмаки кишвари мо Фаронса дар истиқрори кормандони низомии худ дар фурудгоҳи Душанбе бо таҷҳизот ва тамоми масоили зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои худ дар доираи амалиёти зиддитеррористии нерӯҳои эътилофи НАТО дар Афғонистон такони иловагӣ ба рушду густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса бахшид.
Ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат махсусан дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инкишоф ёфтанд. Боздидҳои охирини вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишел Аллио-Мари 17-19 декабри соли 2005, 20-21 июл ва 16-18 декабри соли 2006 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Дар доираи ин боздидҳо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриҳо доир намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумлаи чунин масъалаҳо ин тамдид намудани мӯҳлати иқомати қисми ҳарбии Ҷумҳурии Фаронса дар фурӯдгоҳи ш.Душанбе буд, ки дастгирии техникии қувваҳои коалитсиониро дар Афғонистон бар ӯҳда дошт.
Соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии ш.Душанбе манораи назорати бо бурҷи 42-метра бо маблағи 6 миллион евро сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.Ин манораи назорати бо маблағгузории Фаронса сохта шуда моҳи июн-июли соли 2019 бо иштироки Жан-Батист Лемуан, Котиби давлатии савдои хориҷӣ, сайёҳӣ ва франкофонияи назди вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса мавриди истифода қарор гирифт. Корҳои сохтмониро ширкати фаронсавӣ Marc Meunier ба уҳда дошт.
Ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақави ва байналхалқи. Тоҷикистон ва Фаронса узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, СУС ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд.
Аз соли 2007 инҷониб кишварҳо дар доираи “Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ”, ки қабл аз ҳама ба ҳамгироии минтақавӣ, рушди устувори кишварҳо ва беҳтарсозии инфрасохторҳо дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст, ҳамкорӣ мекунанд. Инчунин дар Стратегияи нави ИА (2019) низ Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати ҷуғрофи ва геополитикии худ мавқеи хосро дорад. Аз ин сабаб ҳамкориҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Чунки Тоҷикистон дар ҳар як банди ин стратегияҳо мавқеи калиди дорад. Ҷадвали дар зер овардашуда исботи ин гуфтаҳост.
Ҷадвали 5. Таҳлили муқоисавии Стратегияҳои ИА барои Осиёи Марказӣ
Монандӣ
|
Фарқиятҳо
|
Самтҳои ҳамкорӣ:
- Ҳуқуқҳои инсон
- Демократикунонӣ
- Маориф
- Рушди иқтисодӣ
- Энергетика ва нақлиёт
- Экология ва идоракунии об
- Амнияти минтақавӣ
- Муколамаи фарҳангӣ
|
Стратегияи ИА 2007
|
Стратегияи ИА 2019
|
Тавсеаи ҳамкориҳои нав
|
Тавсеа ба таҳкими шарикӣ
|
Сохтор-васеътар ва ҳамаҷониба
|
Сохтор-муфассалтар ва мушаххастар
|
Моҳияти тавсифии стратегия
|
Хусусияти таҳлилии стратегия
|
Тавсифи умумии воситаҳои татбиқи Стратегия
|
Ташаббусҳои мушаххас дар ҳар зербахш
|
Афғонистон-дар робита ба таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ
|
Таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои нави амниятӣ (амнияти киберӣ ва ғ.), Аз ҷумла ДИИШ
|
Буҷа бо тақсимот ба стратегия дохил карда шуд (70%-лоиҳаҳои дуҷониба ва 30% -
мусоидат ба ҳамкориҳои минтақавӣ)
|
Буҷаи калонтар, бе нишонаҳои муфассал; самтҳои афзалиятноки маблағгузорӣ ба таври иловагӣ муайян карда мешаванд
|
Қобили таъкид аст, ки Тоҷикистон Фаронсаро дар масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ намуда, Фаронса бошад Тоҷикистонро дар мавриди пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии он дар соҳаи истифодаи оқилона ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ пуштибонӣ мекунад. Ҳамин тавр, 30 ноябри соли 2015 дар кори Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP21), ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. 22 апрели соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар қароргоҳи СММ дар ш.Ню Йорк баргузор гардид, иштирок намуда, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.
Тоҷикистон аввалин кишварест дар минтақа, ки бо он Фаронса дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА оид ба таҳкими амнияти марзӣ (Барномаи Идораи Сарҳадии ИА дар Осиёи Марказӣ BOMCA) ва мубориза бо қонуншиканӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти дохилӣ (декабри соли 2002) ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (барномаи CADAP) созишнома имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои рушёбандаи дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса яке аз заминаҳои ҳамгироии кишвар ба фазои байналмилалӣ, узвият дар сохторҳои гуногун ва иштирок дар равандҳои глобалӣ гардид.
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳар ду кишваранд. Зарурати ҳамоиши ташаббусҳои роҳбарони ду кишвар самтҳои зеринро метавонад тақвият диҳад[7]:
-муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Париж, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт.
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ.
- барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ ва сайёҳӣ бошанд.
- диққати бештар барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф равона шавад. Дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок пешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзи барои омӯзгорон ва дошиҷӯёну олимон пешбинӣ гарданд. Ҳамчунин дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳар ду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд.
- мустаҳакам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок.
- абзори таъсисёфтаи машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса имкон дода муколамаи доимӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар роҳандозӣ шавад, инчунин мавқеи тарафҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояшон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг шавад.
- машваратҳои сиёсӣ платформаи мувофиқ ва муассири ҳал кардани душвориҳои мавҷуда, василаи муайянкунии самтҳои авлавиятнок ва истифодаи минбаъдаи иқтидори истифоданошудаи ҳамкориҳои ду кишвар мебошанд.
- гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба ташаккули робитаҳои судманд миёни вакилони тоҷику фаронсавӣ, инчунин миёни иштирокдорони ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятҳои ду давлат мусоидат мекунанд.
- дар доираи ҳамкориҳои муштараки ду ҷонибаи судманд дар бахши такмили тахасусӣ оид ба коркардҳо, тадҳиқотҳо ва таҳлилҳои илмӣ гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои кормандони илмии Тоҷикистон ва Фаронса ташкил карда шавад.
- баҳри омӯзиши услуб ва назари илмии донишмандони фаронсавӣ дар самти омӯзиши масоили кишварҳо, ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар заминаи Донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-пажӯҳишии Фаронса ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо ходимони илмии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шавад.
- ҳамкориҳои судманд бо Фаронса ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони кишвар мусоидат хоҳад намуд.
- самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорӯсозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёд аст, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намуда ба манфитати ҳамдигар истифода намоянд.
Хулоса Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар ҳоли рушд буда солҳои минбаъда афзоиш хоҳанд ёфт.Бо назардошти он, ки дар тӯли 29 соли аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ, Тоҷикистон ва Фаронса кушҳои зиёде ба харҷ дода шуд ва даҳҳо лоиҳаи ҳамкориро амалӣ карданд, аммо вазъи кунунии ҳамкориҳо ва натиҷаҳои бадастомада бо дарназардошти имкониятҳои васеи ҳарду кишвар манфиатҳои тарафайнро қонеъ намекунад ва орзуҳои зиёдеро боқӣ мегузоранд. Фаронса, ба ҳайси як кишваре, ки дорои иқтидор ва захираҳои азим аст, ба назари мо, бояд ба Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии он боз ҳам бештар кумак ва сармоягузори намояд.
Гарчанде ки солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ба таври назаррас, рушд мекунанд, ҷонибҳо дар сурати тадбирҳои пайваста ҷиҳати афзоиши мубодилаи сафарҳо дар сатҳҳои олӣ натиҷаҳои боз ҳам баландтар ба даст меоранд, заминаи муштараки ҳуқуқии ҳамкориҳои онҳо васеъ ва лоиҳаҳои ҳарду ҷониб амалӣ карда мешаванд.
Натиҷагирҳо. Дар раванди омӯзиш ва таҳлили муносибатҳои дуҷониба ба чунин натиҷаҳо расидем ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар самти тиҷорат ва иқтисодиёт дар соҳаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: гидроэнергетика, канданиҳои куҳӣ, мошинсозӣ, нақлиёт, коммуникатсия, саноат, хоҷагии қишлоқ, коркарди маҳсулоти хоҷагӣ, саноати сабук ва хӯрока, коркарди меваи хушк ва ғайра.
Дар самти робитаҳои сайёҳӣ мо метавонем бо Фаронса ҳамкориҳои зичро ба роҳ монем. Зеро Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон аз ҷумла сайёҳони фаронсави қарор дорад. Ё ин ки дар Фарнса чандин муассисаҳое мавҷуданд, ки бевосита фаъолияташон ба ҷалб ва рушди соҳаи сайёҳӣ равона шудааст. Ҷониби Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи ин корҳонаҳо истифода намояд.
Дар асоси камбудиҳои ҷойдошта, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба тавсияҳои зерин пешниҳод мегардад.
1.Дар соҳаи амният бояд ки кумакҳои низоми зиёд карда шаванд. Чунки Тоҷикистон дар ҳамсояги бо Афғонистон қарор дорад ва хавфи он барои кишварҳои аврупои махсусан Фаронса зиёд аст.
2.Дар самти маориф бояд ки механизмҳо ҷоннок карда шаванд. Вобаста ба мавқеи Фаронса дар ҷаҳон бояд ки омузиши забони фаронсави дар муасисаҳои Тоҷкистон зиёд карда шавад. Дар Фаронса низ забон ва тамаддуни тоҷики ҳарчи бештар омӯзонда шавад.
3.Табодули донишҷуён миёни ду давлат бояд зиёд карда шавад. Махсусан дар ин самт бояд ки бурсияҳои зиёд ҷудо карда шавад.
4.Дар муасисаҳои илми-тадқиқоти ва сиёсии ҳар ду давлат бояд ки омӯзиши масъалаҳо ба таври амали ба роҳ монда шавад.
5.Фаронса ки аз лиҳози фаъолияти дипломати таҷрибаи бой дорад, бояд ки коршиносони тоҷик ба омӯзиши амалиявии он ҷалб карда шаванд.
6.Мавқеъ ва ҷойгоҳи Фаронса дар ҷаҳон ва махсусан дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд ки ба таври амиқ фаҳмонида шавад то ки ҷавонони тоҷик ба омӯзиши он диққати ҷидди диҳанд.
7.Тоҷикистон низ бояд мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳони ба таври амиқу дақиқ ташвиқ намояд то диққати фаронсавиҳоро ҷалб намояд ба омӯзиш.
- Тоҷикистон бояд таҷрибаи Фаронсаро дар самти рушди сайёҳи истифода барад .Дар Фаронса бошад ҳамасола 70-80милион сайёҳ ташриф меоранд. Бояд ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар миёни сайёҳони Фаронса ташвиқ карда шавад.
9.Сармоягузорони Фаронсави ҳарчи зиёдтар бояд ҷалб карда шаванд ки ин аз мақомотҳои дахлдор вобаста аст. Инчунин дар ин замина бояд ки имкониятҳо фароҳам овард.
Адабиёти истифодашуда
1.Ашуров А.М. Становление и развитие дипломатических, научных и културных взаимоотношений стран Центральной Азии с Французской Республикой(1991-2016гг.)
2.Аминзода А.М. Централная Азия и Франция – новый этап сотрудничества.
3.Аминзода А. М. Омӯзиши забонҳои байналмилалӣ – муҳимтарин омили рушди равобити байни халқҳову давлатҳо (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса. Душанбе: «ЭР-граф», 2017. - 72 с.
4.Воҳидова С. Баҳриддинзода П.Мақоми Тоҷикистон ва Фаронса дар арсаи сайёҳии байналмилали
5.Дипломатия Таджикистана. вчера и сегодня //Душанбе: Ирфон. – 2009.- 277 с.
6.Зарифи Х. Многовекторная дипломатия Таджикистана. - Душанбе: Офсет, 2010. – 359 с.
7.Зарифи, Х. Таджикистан - ОБСЕ: диалог сотрудничества / Х. Зарифи. -Душанбе: Ирфон, 2009. - 352 с.1.– Душанбе, 2002.- 333 с.
8.Куанышев Д.О. Сотрудничество Казахстана и Франции в современных условиях: историко-компаративный аспект (1991-2008) гг.: автореф. дис. канд. истор. наук: 07.00.02 / Ин-т истории и этнологии им. Ч.Ч.Валиханова. – Алматы, 2010. – 26 с.
9.Мухтор Шокир. Адабиёти тоҷик дар Франция: Маҷмуи мақолаҳо.- Душанбе: Ирфон, 1985. 160 с.
10.Раҳмонов Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Иборат аз чаҳор ҷилд. Ҷилди
11.Политика Франции в Центральной Азии [Электронный ресурс] // Официальный сайт Министерства иностранных дел Французской Республики. URL: http://www.diplomatie.gouv.fr/en/country-files/central-asia/ france-and-central-asia/article/french-policy-in-central-asia.
12.Раҷабова И. С. Таджикистан-Франция: Интеркультурный диалог. Душанбе, 2008. - 32.с
13.Саидов З. Политика открытых дверей. -Душанбе, 2003. - 224 с.
14.Султонов С. А. Нигоҳе ба дирӯзу имрӯзи кафедраи забони фаронсавӣ // Панҷоҳ соли Фарангистон дар Тоҷикистон (маводи конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 12-13 декабри соли 2014). – Душанбе, 2014. – с. 3-8.
15.Текущий архив Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Годовые отчеты за 1991-2017 гг.
16.Шарифзода Ф.А. Таджикистан – Франция: узы дружбы с сотрудничества – Душанбе, «ЭР-граф», 2018. - 260с.
17.Эмомали Рахмонов Независимость Таджикистана и возраждение нации Т.1. / - Душанбе: "Ирфон», 2006. - 480 с.
1.Шарифи Ф.Ф.Таджикистан-Франция:25лет культурно-просветительского диалога
20.Шарипов Ф.А. История становления и развития взаимоотношений Республики Таджикистан с Французской Республикой
21.Olivier Roy. La Nouvelle Asie centrale ou la fabrication des nations, Le Seuil, 1997.- 287 p.
22.Poujol C. Limites spatiales, frontières sociales: du visible à l’invisible dans l’espace géographique, économique et social de l’Asie centrale contemporaine //Diogène. – 2014. – №. 2. – С. 76-98.
Манбаҳои интернетии истифодашуда
1.Сомонаи расмии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон-https://tj.ambafrance.org
2.Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- https://mfa.tj/tg/main/view/177/munosibathoi-tojikiston-bo-faronsa
3.Сомонаи расмии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса- https://mfa.tj/tg/paris/munosibatho/munosibathoi-dujoniba
4.Сомонаи расмии вазорати Аврупои ва корҳои хориҷии Фаронса- https://www.diplomatie.gouv.fr/ru/dossiers-pays/tadjikistan/la-france-et-le-tadjikistan
5.Сомонаи расмии Палатаи саноат ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- http://tpp.tj
9.Сомонаи расмии Спутник Тоҷикистон-https://sputniktj.com/culture/20200213/1030710035/Safiri-Faronsa-dar-muloot-bo-vaziri-farang-az-tava-ba-shashmaom-va-sinamoi-toik-guft.html
11.Сомонаи расмии нашрияи Деловой Таджикистан-http://tajikistan.polpred.com
[1] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[2] Шарипов Ф.А. История становления и развития взаимоотношений Республики Таджикистан с Французской Республикой
[3] Назари коршинос Ашуров Ардамеҳр Муродқулович
[4] Сомонаи расмии хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: http://www.president.tj/
[7] Маводи таҳлилии коршинос Ашуров Ардамеҳр Муродқулович
Магистри курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилали
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Талбаков Саидаҳтам Исроилович