Ҳамоиш ба муносибати муносибатҳои дипломатӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  25 ноябри 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоиш доир гардид.
  Дар ҳамоиш Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
  Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мешавад.
  «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамар ба роҳ мондааст»,-гуфт Ректори донишгоҳ.
  Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон афзуд, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар тӯли сӣ сол пояи муносибатҳои сиёсию дипломатӣ барқарор гардида, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ таҳким ёфтанд.
  «Дарвоқеъ, кишвари ман ба татбиқи нақшаҳои рушди Тоҷикистон тавассути роҳандозии лоиҳаҳои зиёде дар саросари кишвар таваҷҷуҳи зиёд изҳор менамояд. Бо ин мақсад Бунёди Саудии Рушд фаъолият ва ҳамкории худро бо ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз намуда, дар ин муддат аз ҷониби Фонд барои роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 174 миллион доллари ИМА, баробар ба 1 миллиарду 936 милион сомонӣ ҷудо намуд, ки ба бахшҳои беҳдошт, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона гардидаанд»,-гуфт ӯ.
  Сафир дар идома иброз дошт, ки тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷозати вуруд додан ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бидуни раводид ба афзоиши теъдоди сайёҳони саудӣ барои боздид аз ин кишвари зебо ва дорои манзараҳои дилфиреби сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. «Ин омил сатҳи густариши бемайлони ҳамкории сайёҳиро тавассути иштироки ҳайати сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Гардишгари Риёз» дар моҳи майи соли гузашта ва инчунин таъсиси нахустин Форуми сайёҳии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳи июли соли равон инъикос намуд»,-илова намуд Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон.
  Мавсуф инчунин таъкид намуд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкории бисёрҷониба Шоҳигарӣ ва Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Милали Муттаҳид буда, зимни равандҳои дастгирӣ ва овоздиҳӣ ба номзадҳои худ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, шӯроҳои иҷроия ва созмонҳои дигар ҳамоҳангӣ ва муносибатҳои барҷаста анҷом медиҳанд.
  Сафир дар хотимаи суханрониаш миннатдории ҳукумати кишварашро ба Роҳбари олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии Шоҳигарӣ барои мизбонии Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2030» дар шаҳри Риёз иброз дошт, ки он умқи муносибатҳои бародаронаро, ки ду Сарвар ва халқи бародарро бо ҳам мепайвандад, инъикос менамояд,
 
Шаҳлохон Муродалӣ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 
 

НАЗАД