Ба таърихи 9-10 декабри соли равон бо ташаббуси маъмурияти Президент Байден дар Вашингтон ҳамоиш (саммит) барои демократия доир гардид. Дар кори он намояндагони 111 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкур аз тариқи онлайн (рамзӣ) сурат гирифт, чун дар шароити пандемия ва дар як муддати кӯтоҳ дар ИМА ҷамъ овардани ин миқдор кишварҳо ғайриимкон буд.
Ба ақидаи Стивен Фелдстейн, ба ҳамоиши мазкур дастаи мухталиф ва омехта аз кишварҳои дорои демократияҳои либералӣ, демократияҳои нисбатан заифтар ва якчанд давлатҳои дорои хусусияти авторитарӣ (масалан, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Покистон[1]) даъват шудаанд. Аз назари ӯ, бо такя ба гузоришҳои расмии Freedom House дар соли 2021, аксарияти даъватшудагон – ҳафтоду ҳафт кишвар “озод” ё комилан демократӣ ном бурда мешаванд, дар ҳоле ки сиву як давлати даъватшуда ҳамчун "қисман озод" ва се кишвари дигар ба лагери “ноозод” дохил мешаванд[2]. Баъзе иттифоқчиёни ИМА, аз ҷумла иттифоқчиёни НАТО (Туркия ва Маҷористон) ба ин нишаст даъват нашуданд, гарчанде ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ дар Иёлоти Муттаҳида иттифоқе ҳисобида мешавад, ки на танҳо ба манфиатҳои умумии амният, балки ба арзишҳои умумии демократӣ асос ёфтааст. Намояндагони баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, масалан ҳамаи кишварҳои Шарқи Араб (ба истиснои Ироқ) ва ё тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш амалан ҳузур надоштанд[3].
Мавзӯи асосии ҳамоиш мазкур, ки таҳти шиори “Таҷдиди демократия дар доираи сиёсати дохилӣ ва мубориза бо низомҳои худкома дар доираи сиёсати хориҷӣ” сурат гирифт, асосан ба се масъалаи зерин ихтисос дода шуда буд: ҳимоят аз низомҳои худкома (авторитаризм), мубориза бо фасод ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон. Албатта, дар доираи ин се мавзӯъ масъалаҳои марбут ба тараққиёти дохилии сиёсӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатии мамлакатҳои иштироккунанда (мубориза ба муқобили фасод ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон), ҳамчунон масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ (муқобилияти якчоя ба ҳуҷуми глобалии авторитаризм) ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд[4].
Баррасии ҷараёни ҳамоиши мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадафҳои ҳамлаи идеологии Амрико ҳамоно Чину Русия, инчунин дигар мухолифони геосиёсии ИМА (Эрон, Венесуэла, Куба, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Мянма, қисман давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра) боқӣ мондаанд. Даъвати Тайван ба ин ҳамоиш тамоюли зиддихитойии ин нишастро қувват бахшида, гувоҳи он аст, ки ИМА принсипи “Хитои ягона”-ро қабул надорад ва мехоҳад онро тадриҷи назар намояд. Ба ақидаи баъзе аз муҳаққиқон[5], ИМА аз тариқи ин ҳамоиш аслан мехоҳад мақоми худро дар арсаи байналмилалӣ, ки баъд аз хуруҷ аз Афғонистон коста шуда буд, баланд бардорад ва нишон диҳад, ки арзишҳои аслии демократия барои сиёсати хориҷии роҳбарияти сиёсии имрӯзи кишвар ҳанӯз ҳам муҳим ва пурарзишанд. Агарчанде аз назари гурӯҳи дигаре, арзишҳои ҷомеа ва манфиатҳои шаҳрвандон моҳият ва самти сиёсати хориҷии ИМА-ро, ки ба манфиатҳои миллӣ бештар асос ёфтааст, муайян месозад[6].
Ба ҳар ҳол, ҳамоиши мазкур як падидаи муҳим дар раванди сиёсӣ ва авзои байналмилалии муосир ба ҳисоб рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки ИМА дар баробари таваҷҷуҳ ба мушкилиҳои дохилии кишвар, дифоъ аз манфиатҳои миллии он ҳамчунон сиёсати хориҷии худро дар бобати таъмини рушди устувори демократия дар ҷаҳони хориҷ аз тариқи дастгирии кишварҳои демократӣ ва моил ба чунин низоми идора идома хоҳад дод. Ташаббуси нави Президент Байден, ки ҳамчун натиҷаи ин ҳамоиш дар бобати дастгирии демократия дар ҳаҷми 424,4 млн доллар эълон гардид, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Ҳадафи ташаббуси мазкур, агар аз тарафи Конгресс дастгирӣ шавад, иборат аз кумак ба ҳукуматҳои хориҷӣ дар рушди расонаҳои мустақил, мубориза бо фасод, татбиқи ислоҳоти демократӣ, ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳимоят аз интихоботи демократӣ ва пешбурди технологияҳои нав дар сиёсат хоҳад буд[7].
Бояд қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур бо қабули ягон баёния ё эъломияи ниҳоӣ анҷом наёфт. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамоиши навбатӣ дар соли 2022 ва аз тариқи иштироки бевоситаи кишварҳои даъватшаванда (на он-лайн) сурат хоҳад гирифт.
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико
[1] Покистон баъдан аз иштирок дар ҳамоиш ба нисбати иштироки Тайван даст кашид.