Автор: Шахлохон Муродали
Ҳамоиши нахустини Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ, ки рӯзи 19 июли соли 2023 бо сарпарастӣ ва мизбонии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда баргузор гардид, баёнгари саъйу талошҳои мутақобил баҳри роҳандозии муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкорию ҳамгироии давлатҳои ду минтақаи аз лиҳози геостратегӣ муҳим (Осиёи Марказӣ ва Халиҷи Форс) буда, дар ростои муқаррароти Нақшаи корӣ барои солҳои 2023-2027, ки 7 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин давлатҳо қабул шудааст, қарор мегирад.
Ҳамзамон ин ҳамоиши сатҳи олиро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлатҳои арабии Халиҷ ба имкониятҳои фаровони ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузории Осиёи Марказӣ, платформаи муҳими табодули афкор ва тарҳи пешниҳоду ташаббусҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамгироӣ метавон арзёбӣ кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш аз ҷумла иброз доштанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷро муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам мепайванданд. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намуда, ба ояндаи онҳо назари нек дорад. Дар ин замина мо аз ташаббуси роҳандозии муколамаи стратегӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Халиҷ” ҷонибдорӣ менамоем.
Аз нигоҳи Пешвои миллат, истифода кардани иқтидори ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабии Халиҷ, аз ҷумла фондҳои рушди Арабистони Саудӣ, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, инчунин Маркази имдоди Шоҳ Салмон, Созмони Шайх Зойид ва Гуруҳи Бонки исломии рушд барои ҷалби сармояи кишварҳои ҳавзаи Халиҷ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, талош дорад, то бахши “энергетикаи сабз”-ро тавассути сохтани силсилаи нерӯгоҳҳои гуногунҳаҷм ҳамаҷониба ба нафъи тамоми минтақа рушд диҳад, муҳим хоҳад буд.
Дар ин робита Пешвои миллат дар ҳамоиш пешниҳод карданд, ки Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” таъсис дода шавад.
Дар хотимаи ҳамоиш Эъломияи муштарак иборат аз 22 банд қабул карда шуд, ки дар он Сарони давлатҳо, бо таваҷҷуҳ ба арзишҳову манофеи муштарак ва робитаҳои амиқи таърихӣ байни Шӯрои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ аҳамияти таҳкими муносибатҳои сиёсию стратегиро дар сатҳҳои дастаҷамъӣ ва дуҷониба таъкид карда, идомаи ҳамоҳангии сиёсиро ба манзури таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо чолишҳо, ҳамкорӣ дар рушди энергияи сабз, дастгирии имкониятҳои сармоягузорӣ ва афзоиши табодули тиҷоратӣ мувофиқи мақсад донистанд.
Зарурат ва аҳамияти ташвиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамкории иттилоотӣ, пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, табодули таҷриба ва тайёр кардани мутахассисон ба таври махсус қайд карда шуд.
Сарони давлатҳо аз тасмими Арабистони Саудӣ барои мизбонии ҳамоиши сармоягузории давлатҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дар семоҳаи чаҳоруми соли равон ва ташаббуси Қирғизистону Туркманистон барои мизбонии инчунин ҳамоиши сармоягузорӣ дар соли 2024 истиқбол намуданд.
Ҳамчунин Сарони давлатҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ терроризмро дар ҳама шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, дар ин росто натиҷаҳои конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” (Душанбе, 18-19 октябри соли 2022) ва ҷаласаи сатҳи вазиронро оид ба ҳампаймонии байналмилалӣ ба муқобили “Давлати исломӣ” (ар-Риёз, 8 июни соли 2023) баланд арзёбӣ карданд.
Илова ба он Сарони давлатҳо ибрози назар карданд, ки бахше аз ҷаҳони ислом имрӯз дар асари паёмадҳои тағйирёбии иқлим, вазъияти геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ бо мушкили дастрасӣ ба амнияти озуқаворӣ мувоҷеҳ мебошад, ки он зарурати таҳкими ҳамкориро дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ ба миён меорад.
Қарор шуд, ки ҳамоиши ояндаи сатҳи олии Халиҷ-Осиёи Марказӣ соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, баргузор гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Ҷидда бо Валиаҳд, Раиси Шӯрои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон оли Сауд мулоқоти муҳим анҷом доданд, ки дар он маҷмӯаи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин Пешвои миллат ва ҳайъати ҳамроҳ бо истифода аз ин фурсат маносики умраро адо намуда, дар намози худ дар дохили Каъбатуллоҳ барои сарҷамъию осудагии мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон дуои хайр карданд.
Шаҳлохон МУРОДАЛӢ,
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Наздик ва Миёнаи
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
20/7/2023