Наврӯз дар қаламрави Осиёи Марказӣ тавассути мардуми ориёинажод, хусусан тоҷикон паҳн шудааст. Иди Наврӯз аз қадимулайём дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун анъанаи миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар шароити эҳёи фарҳанги миллӣ ин як ҷузъи муҳими пайвандгари замонҳост. Мардуми Қазоқистон бовар ба он доранд, ки пурдабдаба гузарондани ин ҷашни қадимаи ниёгон ба хона тамоми сол фаровонӣ меорад.
Анъанаҳои ҷашни Наврӯз
Ҷашни Наврӯз дар ҳаёти қазоқҳо нақши муҳим мебозад ва он аз фарорасии фасли баҳор дарак медиҳад. Ба охир расидани фасли дай ва оғози соли нав эҳёи табиат ва ҳаёт бахшидан ба наботот ва дигар ҷанбаҳои муҳими инсонӣ мебошад.
Анъанаҳои қадимаи Наврӯзии Қазоқистон ба Наврӯзи Тоҷикистон шабоҳат доранд: қазоқҳо ба монанди тоҷикон дар рӯзи Наврӯз пироҳани беҳтарини худро ба бар менамоянд, ки ин нишонаи шукуфоӣ ва зиндагии хушбахтонаро барои соли оянда кафолат медиҳад. Дар маъракаҳои наврӯзӣ иштирок карда, дар намудҳои гуногуни варзиш рақобат мекунанд, суруд мехонанд ва рақс мекунанд. Яке аз анъанаҳои муҳимтарин дар иди Наврӯз ин тозагии хона мебошад.
Ин анъана чандин аср пеш реша давонда буд ва то имрӯз аз байн нарафтааст. Тозакунӣ на танҳо дар хона, балки дар ҳавлӣ низ анҷом дода мешавад. Қазоқҳо дар бораи Наврӯз ҳарф зада, таъкид мекунанд: агар ид ба хонаи тоза расад, сокинони он тамоми сол бе мушкилоту ташвиш, беморӣ ва талафот зиндагӣ мекунанд.
Барои омодагии ҳаматарафа ба Наврӯз пеш аз фарорасии ҷашни бошукӯҳ мардум бо мазмунҳои гуногун суннати чандинсолаи худро аз диду нигоҳи нав ба мардум муаррифӣ менамоянд.
Ҳанӯз пеш аз фарорасии Наврӯз қазоқҳо анъанае доранд, ки барои ба хонаашон баракати фаровон омадан дар рӯзи ид тамоми хӯрокҳои аз ғалладонагиро бо оби чашма, ширу айрон тайёр мекунанд, бо умеде, ки дар соли меомадагӣ ҳосил фаровон шавад.
Пеш аз ид онҳо ҳатман қарзҳоро бармегардонанд. Ба касоне, ки хусумат доштанд, сулҳу оштиро барқарор менамоянд ва ҳар як шахс саъю талош менамояд, ки дар соли меомадагӣ бо рӯҳи тоза Наврӯзро пешвоз гирад.
Наврӯз дар ҷашнвораҳои қадим одатан ҳангоми шом оғоз меёбад. Қазоқҳо саҳар барвақт аз хоб хеста, дар маросими махсуси тоза кардани чашмаҳо иштирок мекарданд. Дар баробари ин дар ҳавлиҳояшон дарахт мешинонданд.
Дар Наврӯз пиру ҷавон ҷамъ омада, хурсандона идро ҷашн мегирифтанд ва сурудҳои наврӯзиро бо ҳам мехонданд, озмунҳоро ташкил мекарданд.
Мардуми Қазоқистон ташкили мусобиқаи давиданро дар ҷашни Наврӯз дӯст медоранд, дар ҳоле ки ширкаткунандагон ҳамеша пойбараҳна медаванд. Мувофиқи эътиқод, чунин давидан барои гирифтани қувва аз замин муҳим аст.
Дар фестивал ҷои асосиро дастархони наврӯзӣ ишғол мекунад. Хӯроки нисфирӯзӣ оғоз меёбад. Одатан пеш аз хӯрок хӯрдан ва баъд аз он дуо хонда мешавад. Ба ғайр аз ин, пирони рӯзгордида барои ҳозирин дуои нек ва баракат медиҳанд. Дастархони асосии Наврӯз таомҳои хоси худашро дорад. Муҳимтарини он «Наврӯз коже» мебошад, ки ҳафт намуд маҳсулотро аз қабили: Шир, оби чашма, гандум, орд, намак, равған ва гуштро дар бар мегирад.
Мувофиқи расму оини Наврӯзӣ касе хоҳад, ки дар соли меомадагӣ муваффақият ба даст орад, бояд ба ҳафт хона меҳмонӣ равад ва ба хонааш ҳафт меҳмон даъват кунад.
Анъанаҳои муосири ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон
Таърихи муосири Наврӯзи Қазоқистон пур аз саҳифаҳои драматикӣ аст. Аз соли 1926 то соли 1988 таҷлили Соли нави суннатии шарқӣ манъ шуда буд. Расман Наврӯзро ҳамчун ид аз соли 1988 дар Қазоқистон ҷашн мегиранд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Қазоқистон» соли 2001 Наврӯз мақоми ҷашни давлатӣ гирифт.
Аз соли 2009 инҷониб Наврӯз се рӯз ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз барномаи фарҳангии ин ҷашн назар ба садсолаҳои гузашта хеле ғанитар аст. Пеш аз пандемия ҷашнҳо оммавӣ буданд. Мардум дар намоишҳои театрӣ, мусобиқаҳои кулинарӣ, ки дар онҳо бо таомҳои анъанавии қазоқ пешкаш карда шуданд, хурсандӣ мекарданд. Дар сари дастархон оши палав, борсак, кожеи наврузӣ мебошад. Мардум намоишгоҳҳои фарҳангиро тамошо карда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекарданд. Сокинони шаҳрҳои калон имконияти дидани “шаҳрчаҳои юрта” доранд. Дар он ҷо қазоқҳо анъана ва ҳунарҳои мардумиро нишон медиҳанд. Инчунин, танобкашҳо ва савораҳо иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.
Наврӯз на танҳо хусусияти ҷашни миллӣ, балки умумиҷумҳуриявӣ пайдо кард. Дар намоишгоҳҳо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои гуногуни Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолона иштирок мекунанд. Намуди зоҳирии кулбаҳои русӣ ё хонаҳои олмонӣ, деҳаҳои этникии идона ҳайратовар мебошанд.
Бисёр сайёҳон ба ҷашни Наврӯз ба Туркистон (шаҳр дар ҷанубӣ Қазоқистон) мераванд. Дар ин минтақаи асили таърихию ҷуғрофӣ, иди Наврӯз махсусан бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар Туркистон юртҳоро месозанд, дастархони Наврӯзиро мекушоянд, арғунчак месозанд.
Миқёси ҷашнвора дар шаҳракҳо ва деҳот хурдтар аст, аммо дар ин ҷо Наврӯз ҳамеша ба таври аслӣ таҷлил мешавад. Сокинони маҳаллӣ дилхушиҳои суннатии қазоқиро бартарӣ медиҳанд, ки дар шаҳрҳои калон ташкил кардан ғайриимкон аст. Дар шаҳру деҳот бозиҳои байге, курес, аудариспақ маъмуланд.
Дороншоева Н.Ш. н.и.сиёсӣ,
мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ
Сарчашмаҳои истифодашуда:
-
Праздник Наврӯз в Казахстан: как отмечают// https://www.nur.kz/leisure/holidays/1722378-kak-otmecaut-prazdnik-nauryz-v-kazahstane/ (санаи муроҷиат 17-уми марти 2022).
-
Казахские традиции Празднование Наурыза. Часть 1. https://www.samddn.ru/novosti/novosti/kazakhskie-traditsii-prazdnovaniya-nauryza-chast-1/ (санаи муроҷиат 17-уми марти 2022).
-
Как отдыхаем на Наврыз в 2022 году в Казахстане https://www.nur.kz/food/recipes/1722041-kak-prigotovit-nauryz-koze-v-domasnih-usloviah/ (санаи муроҷиат 17-уми марти 2022).
-
Праздник весны: как празднуют Наурыз в Казахстане https://kazakhstan.travel/publications/ru/53/spring-festival-how-nauryz-is-celebrated-in-kazakhstan (санаи муроҷиат 17-уми марти 2022).