Автор: Давлиёрова Сафаргул
Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
«Сада» худ чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурати ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯзу Меҳргон дар чист?
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30 - юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. “Сада”- ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба ҷашни оташпарастӣ, ки хоси дини Зардуштӣ аст, ягон рабте надорад.
Иди Сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.
Олими тоҷик Д.Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус чунин овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст».
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода мефарояд:
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017 зикр гардидааст, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ин ки 70 сол фарҳангу тамаддун, забону одобу рафтори шӯравиро иҷборан дар кишвари худ ривоҷу равнақ медоданд, ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони миллӣ боис гардид, ки фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.
Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди “Сада” дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29-уми январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табрикоти хеш зикр кард, ки дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, "соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд". Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват кард, тамоми талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"- ро низ риоя намоянд. Аз ҷумла изҳор намуд:“Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад”.
Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» бошад, дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад.
Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.
Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин барои бебозгашт эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди қуроқдӯзӣ, гилембофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, оҳангарӣ ва ғайроҳоро тақоза менамояд.
Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.
Сафаргул Давлиёрова
ходими калони илмӣ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ashni-sada-muzhda-az-navr-z.html