ҶАШНИ САДА-МУЖДА АЗ НАВРӮЗ. Он мардумонро ба ободкорию покизарӯзгорӣ даъват менамояд

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Сада ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадимӣ дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Сада низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 — уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ ҷашн мегиранд. Сада- ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба ҷашни оташпарастӣ, ки хоси дини зардуштӣ аст, ягон рабт надорад.

Иди Сада рамзи бедоршавии табиат ва омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ буда, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддат аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва менамоянд.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода мефарояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 22 декабри соли 2017 иброз гардидааст, ки «суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада давоми таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар ҷумҳурӣ расман таҷлил мешавад. Аз ин рӯ дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада дар Тоҷикистон бори аввал 30 январи соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ҷумҳуриро бо ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуданд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29 январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш гардид.

Дар табрикоти Сарвари давлат омадааст: «Дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми ҷумҳурӣ умри дубора пайдо намуда, соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид шуд».

Сарвари давлат ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват намуданд, ки тамоми талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»- ро низ риоя намоянд. Аз ҷумла, изҳор намуданд, ки зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар оила табдил ёбад.

Оид ба шарҳи истилоҳи Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун иброз шудаанд. Аз ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода менамояд.

Бо шарофати фарорасии Иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, ба боғу токзор яхоб мемонанд. Ҳамзамон то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва ғизонок намудани бехҳои дарахтонро анҷом медиҳанд.

Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин расму оин саҳм мегузоранд.

 

Бознашр аз https://khovar.tj/2024/01/ashni-sada-muzhda-az-navr-z-on-mardumonro-ba-obodkoriyu-pokizar-zgor-davat-menamoyad/

Сафаргул ДАВЛИЁРОВА,

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

НАЗАД