Аз арши баланд пайки Раҳмон омад,
Бар самти сиёсати мо ҷонон омад.
Ӯ дод башорат ба роҳи фардо,
Шоҳроҳи замон бар Тоҷикистон омад.
Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсоз ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.
16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Акнун чашми умеди ҳама тоҷикистониён ба натиҷаҳои ин иҷлосия дӯхта шуда буд. Ин охирин фурсат буд: ё Шӯрои Олӣ масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо оварда, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот медод ва ё ин фурсати сарнавиштсоз барои ҳамеша аз даст мерафт...
Хушбахтона, Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро иҷро кард. Оре, намояндагони мардумӣ, ки то он вақт дар чандин талоши сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ ноком шуда буданд, ин дафъа бо дидаи боз ва дарки масъулият суккони киштии багилнишастаи миллатро ба дасти касе супоридаанд, ки бо ҳисси баландӣ ватандӯстию миллатпарварӣ ва бо такя ба хиради азалии мардуми худ, ин киштиро аз миёни амвоҷи пурталотуми замон солим ба дар овард ва ба соҳили мурод расонд.
Ӯ баробари интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард,ки “...кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...”.
Ниҳоят, корвони сулҳи тоҷикон пас аз сипарӣ намудани чандин даври музокирот, 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи комилан нав ва созандае ҳаёти мардуми Тоҷикистон раҷам хурд.
Тоҷикистони азизи мо дар давоми қариб 30-соли Истиқлолият ба комёбиҳои назаррасе ноил гашт. Агарчи панч соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати ободгари мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризоати миллӣ роҳи бунёдкорӣ ва ободониро дар пеш гирифта,бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ мепаймояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, агарчи расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлол расид ва давлати мустақили худро таъсис дод, аммо фарҳанги давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав ва тозабадастомадае набуд. Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст. Дар тӯли таърих, давлатдроии тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки:
Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдо гаштаам,
Қатра – қатра ҷамъ гашта, боз дарё гаштаам.
Маҳс бо ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон баробари таъйин шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) масири барқарории муносибатҳо бо кишварҳову созмонҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба дар пеш гирифт.Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати муваффақи хориҷӣ. Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои оламтамоюли худро барои барқарорӣ ва густариши равобит бо Тоҷикистон эълом медоранд.
Соли 2003 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сиёсати ”дарҳои кушода” пеш гирифта шуд, ки бо шарофати он ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шудаанд, ки барои рушди устувори давлат заминаи мустаҳкам гузоштаанд. Сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Чанде дар натиҷаҳои пурмаҳсули ин сиёсат чунинанд: ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузи дунё – Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, Маориф, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонидааст.
Бо назардошти ин Пешвои миллат ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хоричӣ муайян намуда, худ дар ин ҷода саҳми назаррас мегузорад. Алҳол ҷумҳурӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломи ҳамкориҳои ҳамёронаро ба роҳ монда, саҳнаи онҳоро барои арзёби ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.
Дар ин қарина иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб мешавад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа Роҳбари давлати Тоҷикистон воқеан барои нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеъаи ҷаҳони манзур намуд. Қобили тазаккур аст, ки шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳад: - “Бани одам аъзои якдигаран, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...”, зимни суханронии сарвари Тоҷикистон аз фазои ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он-лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.
Ташабусси дигари Пешвои миллат роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномае, ки дар ин асас қабул кард, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон намуд. Пешвои миллат бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд, балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид.
Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва муттахассисону коршиносони маъруф аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Шояд барои тасдиқи гуфтаҳои боло овардани сухане аз як мақоми СММ дар бораи Пешвои миллаи мо ва ташаббусҳои ӯ кофӣ бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, муовини дабири кулли СММ Ша Тсу Кан изҳор дошт: ”Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”. Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он, баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик ва ғайритоҷикистонист. Воқеан, Эмамалӣ Раҳмонро дар сатҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои оламгир ва созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Ӯ муаллифи се ташаббуси бузург дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳон аз тарафи СММ амалӣ шудаанд.
Замони муосир дар бораи дарёфту роҳу воситаҳои беҳтарини ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии инкишоф назария ва таълимоти мукаммалро ба миён овард. Намояндагони мактабҳои гуногуни илмӣ ва ҷараёнҳои мухталифи сиёси бештар дар ду ҳолат рӯ ба дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли масъалаҳои инкишофи геополитикии олам меоранд. Аввало, масъалаҳои глобалии инкишоф таваҷҷуҳи онҳоро ба худ кашидааст. Дар зери ибораи “масъалаҳои глобалии инкишоф” масъалаҳои умумисайёравӣ фаҳмида мешаванд. Хосиятҳои масъалаҳои рушди сайёра мавриди таърифу тавсиф қарор мегиранд. Муҳақиқон дар бисёр мавридҳо масъалаҳои умумибашарии инкишофро амиқу мушаххас тадқик карда метавонанд. Вазъияти мазкур дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ монеъаҳо ва маҳдудиятҳоро пеш меорад. Баъдан, роҳу воситаҳои беҳтари инкишофи сайёравӣ мавриди тадқикоти доираҳои илмӣ қарор мегиранд.
Дар ҷаҳони муосир, ки ҳамгироӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст ба рушди устувори босубот, болоравии иқтисодиёт ва таъмини амнояти кишварҳо дар сатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи ҷумҳуриро дар фаъолияти сохторҳои бисёрҷонибаи глобалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайён намудааст. Стратегияи мазкур дар шароити ҷаҳонишавии чи равандҳои хоҷагидориву иҷтисодӣ ва чи хатарҳои амниятӣ, ба мисли терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба сиёсати хориҷии кишвар тавозуни прагматикӣ бахшида, имкониятҳои онро дар мавриди ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар меафзояд.
Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо,дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 46 ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, якҷо бо ташкилотҳои байнидавлатӣ (ғайриҳукуматӣ) барои ташаккул ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд. Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз тарафи зиёда 160 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самти сиёсати хориҷӣ намояндагиҳои доимии худро дар назди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо кушодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз давраҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори сулҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар ин давра бо пешниҳод ва тавсияҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ (соли1945), Санади хомимавии Хелсинки (1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (1948), Паймони байналхалкӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиқкунандаи шаъну шараф (1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ мешуморад.
Бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаҳои ниҳоят назаррас дода, дар доираи ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон тақрибан ду ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст. Беҳуда нест, ки бархе аз олимони сиёсатшиноси бурунмарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори Федератсияи Россия, Беларус ва Қазоқистон “локомотиви рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ном мебаранд. Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд,ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте мебошад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз эҳё намудани давлати бузурги тоҷикон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқасозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштаанд, саҳми беандоза гузоштаанд ва дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамоянд.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва мушаххасан, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад. Инро дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмилалӣ қарор доранд. Бо мақсади расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ зимни музорирот ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие ба имзо расиданд, ки аз рӯи моҳият шартномаҳои мундариҷаи меъёрӣ мебошанд. Маҳз дар натиҷаи мусолиҳа имкони бо роҳи конститутсионӣ ҳал кардани масъалаҳои сиёсӣ имконпазир шуд.
Бешубҳа, баъди имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти кишвар заминаи мусоид барои рушди ҷомеъа дар ҳама соҳа ба вуҷуд омада,фазои нави ҳуқуқӣ барои бартараф кардани ҳар гуна монеаҳои ташкили ҳаёти нав дар шароити волоияти қонун ва демократия фароҳам оварда шуд,ки ин ҳам бевосита нақши Пешвои миллат мебошад ва ин бевосита яке омилҳо ва нишонаҳои ҳақиқатан ҳам Пешвои миллати тоҷик будани Сарвари давлатамонро исбот сохт.
Бад – ин минвол метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 29 соли истиқлолият дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Тавсеаи равобит бо кишварҳо созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода,кишвари мо бар асоси сиёсати дарҳои боз робитаҳои гуногунсамтро бо тамоми кишварҳо ва созмонҳое, ки ба манофеи миллии мо эҳтиром мегузоранд, густариш медиҳанд.
Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафҳои олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб шуд. Корҳое, ки таи солҳои гузашта анҷом дод, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамомо халқ,махсусан равшанфикрон ва нерӯҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаи ӯ бо дидаи умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳаш бошанд.
Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олӣ байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё президентҳои Руссия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Авѓонистон ва ѓайра њайатњои бонуфузи созмонњои байналхалќї, Муншињои умумии СММ Кофи Аннон ва Пан Ги Мун ва дигарон ба Тољикистон аз эътибори баланд ва мавќеи рузафзояндаи Љумњурии Тољикистон ва роњбари сиёсии он дар арсаи љањонї башорат медињад. Бошад, ки дар партави хуршеди истиќлол бо роњнамоии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон фазои сулњу Вањдат созандагиву бунёдкорї дар кишвари мо пойдор ва файзу баракат, ободиву осоиштагї насиби њар як хонадони тољик бошад.
Ҳабибҷон Мирзоев,
ходими имии Институт.