Ҷасорати сиёсии Пешвои миллат дар истиқрор ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ба истиқболи Рӯзи Президент дар Тоҷикистон
 
Дар ҷаҳони муосир ҳаракат ба сӯи ҷаҳони озод, ки дар он арзишҳои аслии инсонӣ мақоми махсус доранд ва инсон дар маркази таваҷҷуҳи он аст, хусусияти ҷаҳонӣ ба худ касб кардааст. Ва ин табиист.  Дар тули таърих инсоният ҳамеша дар орзуи зиндагии осоишта ва шоиста будааст ва ин орзу ҳамчун маяк ва шуълаи умед онҳоро ба муборизаҳо ва талошҳои бардавом водор сохтааст. Аммо ин роҳ ва ин мубориза ҳаргиз якранг ва осон набудааст. Воқеияти ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз аз дирӯз дар ин замина чандон тафовуте надорад.   Аз ҷумла, ҳодисаҳои ахири Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро хеле нигарон кардааст. Бояд гуфт, ки масъалаҳои марбут ба ҷангу сулҳ, ҳалли моҷароҳои сиёсӣ ва дар заминаи онҳо таҳияи равандҳои ташкили низом ва субот, ташаккул ва инкишофи ваҳдати миллӣ ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии васеъ ва ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Ба ақидаи муҳаққиқи афғон Шарофуддин Шарафёр, мушкилот дар Афғонистон монанди захми ибтидоие аст, ки дар оғоз мешуд бо амали ҷарроҳии дақиқ аз пайкараи ҷомеа бартараф сохта шавад, вале инак, мутаассифона, бар асари бетаваҷҷуҳии масъулин ба марази саратон табдил гардидааст, ки умед ба дармон ва беҳбудии он душвор ба назар мерасад. Зеро ин беморӣ на танҳо дар пайкараи ҷомеа ва сиёсати давлат амиқ реша гирифтааст, балки бо вусъати доманадор ба бахшҳои мухталифи дигар низ сироят кардааст.
Аслан ба сари қудрат омадани Толибон ин худ як шикасти бузург дар парвариш ва рушди арзишҳои аслии инсонист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давоми солҳои зиёд барои он мубориза бурдааст. Эътирофи Толибон рӯй гардондан аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва хок пошидан ба он дастовардҳо дар роҳи таҳкими бештари ҳуқуқи башар ва эъмори як ҷомеаи мардумсолор аст. Дар ин замина изҳороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурарзиш ва баҷост: “Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳамагуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд” . Пешвои миллат на фақат  садои худро барои истиқрори сулҳу субот, адолати иҷтимоӣ, дифоъ аз арзишҳои аслии инсонӣ баланд кард, балки ҷасорати сиёсӣ ва фаҳмиши дурусти қазияи Афғонистонро ба ҳайси як марди сиёсат иброз намуд, ки шоистаи таҳсин ва дастгирист: “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.... Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад. Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад”. 
Дар ҳамин замина сафари навбатии Пешвои миллат ба Аврупо, ки рӯзҳои 14-16 октябри соли равон сурат гирифт, сафари оддӣ набуд. Он дар фазои норавшани сиёсӣ ва мушкили марбут ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон, ғасби қудрати сиёсии ин кишвар аз тарафи Толибон сурат гирифт. Хушбахтона, мавқеи Президенти Фаронса дар ин бобат равшан ва ҳамсадо бо изҳороти расмии Тоҷикистон аст. Аммо дигар кишварҳои Аврупо чӣ? Оё Иттиҳоди Аврупо низ дар маҷмӯъ аз чунин мавқеъ ва бархурд пуштибонӣ хоҳад кард? Агар ҳа, дар кадом шакл ва агар не, чӣ бояд кард? Роҳи ҳалли ин қазия ва ин падидаи номатлуб кадом аст?
Сафари Пешвои миллат ба Аврупо ва дар сатҳи олӣ пазируфта шудани ӯ ҳам дар Брюссел ва ҳам дар Фаронса аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва изҳороти таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дуруст меҳисобад ва аз чунин мавқеъгириии шоиста ҷонибдорӣ мекунад.  Аз тарафи дигар, ин як паёми равшан ва мушаххас на фақат ба худи Толибон, балки ба тамоми инсонияти тараққипарвар аст, ки қазияи Афғонистон ва муносибат бо Толибон дар кадом шакл ва мазмун бояд арзёбӣ гардад. Натиҷаи мулоқоти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нишасти ахири Маскав перомуни мавзӯи Толибон низ аз чунин мавқеи сиёсӣ ва ҳалли мушкилот далолат мекунад. Изҳороти мазкур дар бобати низоми сиёсии Толибон мавқеъ ва нуфузу эътибори Пешвои миллатро на фақат ба ҳайси лидери шинохтаи миллӣ, балки ҳамчун ходими барҷастаи сиёсӣ ва лидери минтақа низ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Суханони Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дар ин бобат гувоҳи равшананд, чун Макрон мавқеи принсипиалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ ҳамчун сарвари оштинопазири давлати Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон махсус қайд кард: “Ман мехостам аз нақш ва талаботи шумо, ки барои ба эътидол овардани вазъи тағйирёфтаи минтақа хидмат мекунад, истиқбол кунам. Ва инчунин аз мавқеи кишваратон, ки нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ ягон созишро қабул надорад ва дар ҳифзи арзишҳои мо, бахусус ҳуқуқҳои занон мебошад».
Албатта, мавзӯи Афғонистон масъалаи ягона дар ин сафари Пешвои миллат ба Аврупо набуд. Ин сафар ҳамчунон баёнгари сиёсати хориҷии пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати идома ва тавсеаи сиёсати “дарҳои боз” ва гуногунсамт (многовекторная политика) низ мебошад. Рушду такомул ва таҳкими бештари муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо//Иттиҳоди Аврупо аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо на фақат ба таъмини сулҳу субот дар минтақа, балки ба масъалаҳои рушду такомули баъдии равандҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон, озодии сухан, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳравндӣ ҳамчун замонати рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардумон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Моҳияти чунин стратегия дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ на фақат бо шарикони анъанавии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати таъмини сулҳу суботи бардавом (Федератсияи Россия) ва рушду инкишофи иқтисод ва инфрасохторҳо (Ҷумҳурии Мардумии Чин) бомуваффақият давом хоҳад дод, балки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар самти таҳкими равандҳои созандаи демократӣ дар кишвар низ тақвият хоҳад бахшид.
Хулоса, изҳороти таърихии Президенти Тоҷикистон дар бобати низоми сиёсии Толибон ва мавқеи Чумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат на фақат боҷуръатона, балки гувоҳи равшани ҷасорати сиёсии Пешвои миллат ҳамчун идомаи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи ӯст, ки аз  истиқрори сулҳи тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ оғоз гардида, имрӯз шуҳрат ва эътибори ҷаҳонӣ касб намудааст ва Президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадор ва лидери шоиста дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Каримов Ш.Т.,
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико,
доктори илмҳои сиёсӣ

НАЗАД