Автор: ИИПСАЕ
Дар зарфи як ҳафтаи ахир дар шаҳри Кобул-пойтахти Афғонистон ҳадди аққал се ҳамлаи хунин ва маргбори террористӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ин амалҳои террористӣ (ҳамла ба меҳмонхонаи “Кобул-Интерконтинентал”, инфиҷори мошини ёрии таъҷилӣ дар назди бинои собиқи ВКД ва ҳамла ба Академияи ҳарбии Маршал Фаҳим) ҳадди аққал 180 нафар кушта ва 300 нафар маҷруҳ гаштаанд.
Масъулияти ҳамаи ин ҳамлаҳои террористиро гурўҳи ифротӣ ва террористии “Толибон” ба уҳда гирифтааст. Сухангӯи гурўҳи “Толибон” эълон намудааст, ки ҳадафи ҳамла ба меҳмонхонаи “Интеркоантинентал” аз байн бурдани сафири ИМА дар Афғонистон будааст. Аммо гуфта мешавад, ки сафири ИМА дар Кобул ҳамагӣ 15-20 дақиқа қабл аз ҳамлаи ин афрод меҳмонхонаро тарк кардааст. Дар натиҷаи ҳамлаи панҷ нафари мусаллаҳ ба меҳмонхона тибқи ахбори расмӣ 43 нафар, аз ҷумла 21 нафар шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд. Аммо бархе манобеъ дар ниҳодҳои масъули Кобул мегӯянд, ки теъдоди кушташудагон дар ин ҳамла ба 70 нафар мерасад. Дар шумори кушташудагон, 7 нафар шаҳрванди Украина низ буданд, ки дар ширкати ҳавопаймоии “Комайр” фаъолият мекарданд.
Ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини ёрии таъҷилии маводи мунфаҷира, дар наздики бинои Шӯрои олии сулҳ баъд аз амале, ки 30 майи соли 2017 рух дод, хунбортарин ҳодиса аз нигоҳи теъдоди қурбониён ва навҳаи иҷрои он мебошад. Дар ҳодисаи 30 майи соли 2017 террористон дар Кобул аз мошини ахлоткашӣ истифода намуда, онро мунфаҷир сохтанд, ки дар натиҷаи ҳудуди 200 нафар кушта ва 300 нафар захмӣ шуда буданд.
Ҳамлаи ахири террористӣ, ки шаби 29 январи соли 2018 рух дод, чор узви гуруҳи “Толибон” ба Академияи Маршал Фаҳим ҳамла кардаанд. Толибон масъулияти ҳамаи ин ҳамлаҳоро бар уҳда гирифтаанд.
Гурўҳи “Толибон” эълон намудааст, ки ҳамлаи ахири онҳо дар наздики Шӯрои Олии Сулҳ, ки 103 кушта ва 235 нафар маҷруҳ бар ҷой гузошт, посухи онҳо ба сиёсатҳои нави стратегии ба гуфтаи онҳо “ҳамлаварона”-и раиси ҷумҳури ИМА, Доналд Трамп мебошад. Дар тарҳи нави стратегии ахири ИМА таъкид шудааст, ки гурўҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумлаи “Толибон” тавассути зӯр ва қувва барои сулҳ маҷбур карда мешаванд. Аммо “Толибон” ин сиёсати ИМА-ро маҳкум кардаанд.
Ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Кобул мотами миллӣ эълон шуда буд. Парчамҳои Афғонистон дар ин рўз дар идораҳои давлатӣ ва дар сафоратхонаҳо дар хориҷ нимаафрохта шуданд. Дар шаҳри Душанбе ҳам ба ёди қурбониёни ин ҳамла дар назди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гул гузошта шуд.
Роҳбарони ҷаҳон ҳамлаҳои террористии Кобулро маҳкум намуда, омодагии худро барои кӯмак ба таҳкими суботи Афғонистон баён доштанд ва хостори муҷозоти омилони ин ҷиноятҳо шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷалолатмаоб, Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боиси андуҳи беандозаи мо гардид. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Президенти ИМА Доналд Трамп дар баёнияе дар мавриди ҳамлаҳои хунини ахир дар Афғонистон гуфтааст: «Ман ин бомбгузории нафратангез дар Кобулро, ки даҳҳо ғайринизомии бегуноҳро куштаву маҷрӯҳ кард, маҳкум мекунам. Ин ҳамлаи разилона азми мо ва шарикони афғони моро қавитар мекунад. Ҳоло бояд тамоми кишварҳо ба зидди Толибон ва сохторҳое, ки ба онҳо кӯмак мекунанд, қотеона амал кунанд. Зулми Толибон пирӯз намешавад».
Вокуниши азҳоби сиёсӣ ва шахсиятҳои Афғонистон ба инфиҷорҳо
Волии Балх ва раиси иҷроияи Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Устод Ато Муҳаммади Нур, ишора ба ҳамлаи афроди мусаллаҳ бар меҳмонхонаи Интерконтинентал ва Шӯрои олии сулҳ дар Кобул, ки бар асари ин ду рӯйдод ҳудуди дусад нафар кушта ва сесад нафар маҷруҳ шудаанд, мегӯяд, ки Ҳукумати ваҳдат миллӣ нисбат ба он ки дар Афғонистон мегузарад мижааш хам намехўрад ва фақат ин бо маҳкум кардани амалиёти террористӣ иктифо мекунаду бас.
Оқои Нур ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумат, ба вижа Шӯрои амният ва раиси Идораи амнияти миллӣ ҳамон пулеро, ки барои тавтиа алайҳи Ато Муҳаммади Нур, Муҳамад Исмоилхон (волии собиқи Ҳирот), генерал Абдуррозиқ (фармондеҳи пулиси Қандаҳор), Ҳумоюн Ҳумоюн (муовини расиси порлумон) ва дигарон сарф мекунанд, беҳтар аст, ки барои хунсосозии тавтиаи душманон ва террористон масраф кунад.
Ӯ меафзояд, агар ба ҷои раиси ҷумҳури Афғонистон мебуд, масъулини амниятиеро, ки ғафлат кардаанд ва бо айби онҳо амалҳои террористӣ рух додааст, “ҳалқовез мекард”.
Ато Муҳаммади Нур хитоб ба кишварҳое, ки дар ҷазияи Афғонистон зиддахланд ва хусусан амрикоиҳо гуфтаас:т "Шаркони байналмилалӣ оё медонед, ки дар Афғонистон чӣ мегузарад?! Мо ташаккур мекунем аз пуле, ки масраф кардаед ва хуне, ки додед. Аммо натиҷаи ин хундодани шумо чист, оё ҳамин аст? Шумо дасти болое доред, як бор бубинед, ки бар мардум чӣ мегузард".
Собиқ раиси Бонки марказии Афғонистон ва раиси Ҷабҳаи миллии навини ин кишвар Анварулҳақ Аҳадӣ дар робита ба ҳаводиси хунини ахир дар Кобул мегӯяд, ки масъулони ҳукуматӣ ба ҷойи хидмат ба мардум ва таъмин амният, масруфи масоили сиёсӣ ва ҳазфи рақибони сиёсияшон аз саҳна мебошанд.
Анварулҳақ Аҳадӣ вазъият кунуниро ҷиддан буҳронӣ ва боиси ташвиш эълон намуда, таъкид кардааст, ки вазъияти Афғонистон ба ҳадде ҷиддӣ шудааст, ки масъулони ҳукуматӣ ва ҳатто ҳамкорони байналмилалии Афғонистон тавоноии берун кашидани Афғонистон аз буҳрони кунуниро надоранд.
Аҳадӣ мегӯяд, ки авлавияти феълии масъулони Афғонистон ҳазфи рақибони сиёсияшон мебошад, на хидмат ба мардум. Ӯ таъкид мекунад, ки: "Муассисаҳои амниятӣ комилан ҷонибдор (яктараф) ва сиёсӣ шудаанд ва масъулини ҳукумат бо беадолатии комил дар таъйиноти давлатӣ ва эҷоди ташкилоти бидуни зарурат барои ҷалби ҳимояти сиёсии ашхоси соҳибнуфуз истифода мекунад, ин таҳаввулот дар идороти ҳукумати дар се соли ахир таъсири манфӣ бар тавонмандии ҳукумат, барои эҷоди амният дар кишвар ва эътимоди мардум бар ҳукумат кардааст".
Ӯ таъкид кардааст, ки буҳрон кунунӣ мавҷудияти давлатро ба хатар андохта ва аз ҳукумат хостааст, ки барои берун рафтан аз буҳрон кунунӣ ба зудӣ маҷлиси бузургеро бо бузургони сиёсии Афғонистон роҳандозӣ кунад, то ҳама бо ҳам ба як роҳи ҳалли тоза барои берун рафтан аз вазъият кунунӣ бирсанд.
Раис пешини Идораи умумии амният миллии Афғонистон, Амрулло Солеҳ дар робита ба ҳамлаҳои террористӣ гуфтааст, ки интизор барои ҳамлаи баъдӣ, роҳандозии ҳамлаи нав барои он ки мардум ҳамлаи қаблиро фаромӯш кунанд, ҷузъе аз стратегияи эълонношудаи давлати Афғонистон мебошад.
Солеҳ дар изҳороте навиштааст: "Бахше аз стартегияи эълонношудаи давлати Афғонистон аввал: камаҳамият ҷилва додани ҳамлаи террористӣ; дуввум: кам нишон додани рақами талафот ва хисорот; севум: ситоиш аз неруҳои амниятӣ; чаҳорум: маҳкум кардани террористон, интиқод аз тарроҳони ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон мебошад".
Раиси пешин амнияти миллӣ таъкид кардааст, ки то ин равиши давлати Афғонистон тағйир накунад, ба оянда итминон ва эътимод душвор аст.
Ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Афғонистон аз шаҳрвандон ин кишвар маъзаратхоҳӣ намуда, мавҷудияти камбудиҳо дар корҳояшонро пазируфтаанд.
Р. Давлат,
корманди Институти
омўзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупо