ҶАВОНОН – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАНИ ҶОМЕА

Автор: Давлатова Фарида

Расм

ҶАВОНОН – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАНИ ҶОМЕА

Дар ҷомеаи имрӯза дастовардҳои ҷавонон дар  соҳаҳои  гуногуни илму истеҳсолот хеле назаррас мебошад. Чунки ин табақаи ҷомеа дорои афкори созанда буда, истифодаи технологияи муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ метавонад таъмин намояд. Тибқи маълумоти Хазинаи нуфуси рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавонон ба шумор рафта, 70 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ба ин васила Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати махсус медиҳад.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо назардошти муҳиммияти  ин масъала ва таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва нигоҳ доштани мавқеи устувор дар ҷомеа, моҳи майи соли 1997 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва санаи 23-уми майро "Рӯзи ҷавонон"  эълон намуданд. Ҳамчунин бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин шуда, дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қонуни муҳимро "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" қабул намуд. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият дар таҳкими сиёсати давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ эътироф менамояд.

Маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ  бо имтиёзҳои беназир бархурдор гардида, нақши онҳо сол то сол дар ҷомеа тақвият ёфта, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва бунёдгузори давлату миллати оянда дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки: «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд  бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».

Дар ҳақиқат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва омӯзиши илмҳои муосир имрӯз масъалаи хеле муҳими ҷомеаи Тоҷикистон аст. Пешвои миллат хеле ба маврид қайд намуданд, ки насли имрӯзаро аз ҳар гуна хурофот, чӣ динӣ ва чӣ ғайридинӣ, асотирӣ ва ғайра озод намуда, тамоми нерӯи зеҳнӣ ва тавоноии фикрии онҳоро ба омӯзиши илму техника, технологияи муосир равона кардан лозим аст. Гирифтории онҳо ба хурофот монеаи ҷиддӣ дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии илмии ҷавонон мебошад.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик осон набуд. Ин натиҷаи мубориза ва фидокории шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо мебошад. Ҳамзамонони мо ин равандро дар тӯли се даҳсолаи охир мушоҳида кардаанд. Ҳар касе, ки мехоҳад аз таҷрибаи зиндагӣ баҳра барад ва донандаи замони худ бошад, метавонад шоҳиди ин воқеият бошад.

Мардуми тоҷик, ки яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, бо таърих, мерос ва адабиёти эътирофшудаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд. Дар тӯли таърихи ҳазорсола садҳо шахсиятҳои маъруфи халқи тоҷик дар рушду шукуфоии илму фарҳанг, маърифат ва маориф нақши назаррас гузошта, ба наслҳои баъдӣ ганҷинаи ғании илму донишро боқӣ гузоштанд. Ҷавонони муосири мо бояд ба ҳифзу нигоҳдошти ормонҳои таърихии мардуми тоҷик равона карда шаванд, то ба наслҳои оянда мероси пурарзиши арзанда гузоранд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, ҷавонон бояд ирода, дониш ва талошҳои зиёд дошта бошанд.

Дар шароити муосир, ки тамоми қувваҳои ифродӣ ва радикалӣ ба осебрасонии ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои ҷавонон равона карда шудаанд, барои нигоҳ доштани ин табақаи ҷомеа бояд тибқи дастури Пешвои миллат амал кард, то ҷавонон як лаҳза ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои миллат ва давлатро фаромӯш накунанд.

Азбаски дар ҳар фоҷиае, ки бо халқи тоҷик рух дод, маҳз забон, фарҳанг, тамаддун, маънавият, хосиятҳои миллӣ ва хислати ӯ, ба ибораи дигар, тафаккури тоҷик ӯро аз нобудшавӣ наҷот дод. Асоси муттаҳидшавии миллат орзуҳо ва орзуҳои миллӣ буд, на ғояҳои дигарон. Халқи тоҷик ирода ва ниятҳои қавии худро дар бунеди давлати миллӣ эълон ва ҳимоя кард. Бо мушкилоти зиеде, ки бо бозиҳои бузурги геополитикӣ иҳота шудааст, дар роҳи эҷод пеш меравад ва ин воқеият аст. Аммо, чун ҳамеша, наҷоти мардум ба маърифати миллат асос ефтааст. Илм, дониш омилҳои муҳимтарини худшиносӣ, худшиносӣ, рушд ва устувории сохтори миллии давлатии мо мебошанд.

Ҳамчунин ба мақсади тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз як қатор озмунҳо ба монанди «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғайра ба роҳ монда шудааст, ки ҳар сол ҷавонон бо масъулияти хештаншиносӣ дар он иштирок менамоянд.

Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо баланд моро зарур аст, ки даст ба даст дода, аз ҳарвақта бештар меҳнат кунем, кӯшиш намоем, ки донишҳои муосир дошта бошем ва бо интихоби дурусти касб баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи Ватани азизамон саъю талош намоем. Ин ҳама имкониятҳо барои мо ҷавонон фурсати муносибест, ки онро бояд бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ва пайравони асили Пешвои миллат сазовору шоиста пешвоз гирем.

Давлатова Фарида,

ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД