Аз COVID–19 чӣ сабақ бояд гирифт?

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Имрӯзҳо тамоми ақсои оламро вабои наслкӯш ва парешонкунандаи  асри мо зери номи COVID–19 фаро гирифтааст. Вуҷуди он ҳамаро ба хастагиву костагӣ овард, ки бояд донишмандону олимон омилҳову сабабҳои онро пайдо карда, роҳҳои пешгириро барои башарият тавсия диҳанд. Ҳамин буд, ки баъди пайдоиши он табибон барои кӯмаки аҳли башар ҷоннисориҳо карда, барои солимии онҳо шабу рӯз муборизаҳо бурданд ва дасти мадад расониданд, ки ин амал то имрӯз ҳам идома дорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин саволе ба миён меояд, ки аз COVID–19 чӣ метавон сабақ гирифт, то худро аз бӯҳронҳои оянда нигоҳ бидорем.
Чанд вақт пеш ин савол дар форуми гуфтугӯи Академияи Австрия бо даъвати коршиносони соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гирифта буд. Дар мубоҳиса бештар паҳлуҳои гуногуни хурӯҷи вабои аср ва мушкилоту буҳронҳои он баррасӣ гардида, роҳҳои читавр муомила бо он низ тавсия дода шуд. Олимони соҳа ба ин назар расиданд, ки моделҳои дидгоҳҳои математикӣ, тиббӣ, илмӣ ва амалӣ барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии он бояд хуб истифода шавад, то асароти он болои мардум ва ҷомеа ва паёмадҳои иқтисодии он шинохта шаванд.
Бояд дониста бошем, ки хурӯҷи он боиси авҷи муомилаҳои нави сиёсӣ хоҳад шуд, ки кишварҳои рӯ ба рӯшд бештар аз он таъсирпазир мегарданд. Коршиносони соҳаро зарӯр аст, то омилҳо ва сабабҳои онро ҷӯстуҷӯ карда, тавсияҳои хубро барои раҳои аз буҳронҳо ва авоқиби вахими он дода шавад.
Президенти Академияи Австрия Антон Зелингер чунин назар дорад, ки илм ба танҳоиаш наметавонад ҷавоби қаноатбахши оддиро фароҳам созад. Зеро ҳар қисмати дониши навин сабаби эҷоди ашёи номаълум мегардад ва ҳар ҷавоб саволи наверо ба вуҷуд меорад. Ӯ ба ин андеша аст, ки илм метавонад олим, фактҳо ва таҳлилҳо эҷод кунад, вале он наметавонад сиёсатмадоронро аз қабули қарорҳо дар ҳолати муайян  сабукӣ диҳад. Маҳз ҳамин чиз мубоҳиса ва муколимаи илм ва сиёсатро муҳим месозад.
Олимони соҳа қайд карданд, ки COVID–19 нишон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ олимон чӣ карда тавонистанд ва дар оянда чӣ нақшаҳо дошта бошанд. Он сабаби роҳҳои шинохти байни миллатҳо шуд, то тавонанд муштарак барои раҳоӣ аз он дастаҷамъона мубориза бибаранд ва ғолиб гарданд. Пайдо шудани вирус омили он шуд, ки масоили ҳуқуқӣ ва роҳҳои мубориза бо чунин вабои аср омӯхта ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар хулоса, олимон қайд карданд, ки барои идомаи мубориза бо чунин вабои аср, бояд аз маълумот ё додаҳои муқоисавӣ ва системаи иқтисодӣ устувор истифода кард, то мардум аз буҳрон эмин монанд ва ба таҳлука наафтанд. Ҳамаи он бори дигар олимонро водор кард, то барои солимии ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардуми сайёра моделҳо ва системҳои хуберо фароҳам созанд ва дониши худро барои ҷилавгирӣ аз буҳронҳои баъдӣ  сайқал дода, барои рушди ҷомеа талошҳо намоянд, то муҳити солимро барои инсонҳо фароҳам оваранд.
Бо чунин баррасиҳо метавон чунин хулосабарориҳо кард, ки хурӯҷи COVID–19 сабаб шуд, мо ки инсонҳо бедору ҳушёр бошем ва аз вазоифу корҳои худ ғофил набуда, барои инсоният софдилона, одилона, боҳирона ва бародарона хидмат намоем.
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД