Аз таърихи муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёт ва санъат (солҳои 60-80 асри ХХ)

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Аз оғози соли 2018 дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи нави некӣ, ҳамсоягӣ, меҳрубонӣ ва қадрдонӣ барқарор гардид. Дар ин раванд президентҳои ҳар ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев нақши муҳим бозиданд. Онҳо эҳсосоти бузурги қалбҳои ин ду халқи бародарро дарк намуда, ба кори хайр даст заданд, ки ҳамтои қаҳрамонӣ буд. Онҳо сарҳадҳои ду ҷумҳуриро монанди ду чашм, ду абрӯ ва як сар шинохтанд. Ҳоло постгоҳҳои гумрукии сарҳадии ин ду давлати ҳамсояро «Дарвозаҳои дӯстӣ» номидан мумкин аст.
Ман шоҳиди ин воқеаҳои таърихӣ будам ва онҳоро ҳеч гоҳ аз ёд намебарорам. Одамоне, ки вохӯриҳою суханрониҳои ин ду сарвари ҷумҳуриҳои ҳамсояро аз тариқи телевизион ва радио диданд ва шуниданд, бо ҳаяҷону хурсандии бепоён пазируфтаанд, дуоҳои нек хайрбод гуфтанд ва ашки шодӣ рехтанд. Ашки шодии ду халқи бузург, ашкҳои дӯстию рафоқати ду халқи бародар - тоҷику ӯзбек, аз як рӯй шорида ба як лаб омехта мешуданд. Президентҳои ду кишвар, ки симои барҷастаи халқҳояшон мебошанд ҳамдигарро «бародар» номиданд. Ин гуна муносибати содиқонаю самимонаи президентҳоро то ҳол таърих надидааст. Ин ҳодисаи ба вуқӯъ пайваста намоёнгари муҳаббати самимонаи ду халқ мебошад, ки аз давраҳои қадим дар як мавзеъ умр ба сар бурдаанд.
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронидани рӯзҳои адабиёт ва санъат байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба анъана даромада, то пошхӯрии давлати шӯравӣ идома кард. Аввалин бор рӯзҳои адабиёт ва санъати ин ду ҷумҳурӣ солҳои 60-уми асри ХХ ба роҳ монда шуд. То ин давра коллективҳои театрӣ, гурӯҳҳои консертӣ ва дигар муассисаҳои мадании ду ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарии мунтазам доштанд.
Анъанаи зикршуда баъди танаффуси кӯтоҳ, дар давраи истиқлолият бо рӯҳи тоза идома ёфт. Дар раванди мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо, интернатсионализм, мутақобилан ғанигардонидани маданияти ҳалқҳо илм, адабиёт ва санъат яке аз нақшҳои асосиро мебозад, метавон гуфт муҳимтарин рукни муносибатҳои дӯстии инсонҳо, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекҳо мебошад.
Дӯстии халқҳо – қувваи ба ҳадаф равонакунандаи ҷамъият буда, давлатро шикастнопазир месозад ва такягоҳи демократияи собитқадам мебошад.
Дӯстӣ – манбаи абарқудратӣ ва рӯҳфизои миллат мебошад. Дар ҳикмати халқӣ омадааст: қуввати паранда дар болаш, қуввати инсон дар дӯстӣ аст. Маҳз аз ин рӯ, вазифадорем, ки дӯстии муқаддасро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва мустаҳкам намоем.
 Даҳаҳои фарҳангии миёни ду ҷумҳурӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҳарду халқ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин бобат фақат ду мисоли рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мисол оварданиам: аз 21 то 31 маи 1968 даҳрӯзаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон гузаронида шуд. Ин иди ҷолибтарини ду ҷумҳурии бародар буд, ки дар театри Академикии опера ва балети ба номи А.Навоии шаҳри Тошканд кушода шуд. Аз ҷониби устодони санъати Тоҷикистон намоиши идонаи пуршукӯҳе анҷом дода шуд, ки дар он ҳамаи намояндагон ширкат намуданд: Ҷоизадори ордени Ленин, театри академикии давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, ансамбли рақсии давлатии «Лола», ансамбли эстрадии давлатии «Гулшан», оркестри асбобҳои халқии радио ва телевизион, ансамбли вокалӣ-хореографии рубобчизанон ва се гурӯҳи устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба ҳайати он артисти халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова, артистони хизматнишондода Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов ва дигарон шомил буданд. Консерт аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд ва аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон ба баҳои баланд сазовор шуд.
Дар ин чорабинӣ беш аз 500 нафар – намояндаҳои шинохтаи адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар он ҳайат дорандаи мукофоти Ленинӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон номзади илми таърих Меҳрубон Назаров, Раиси кинематографияи ҷумҳурии Тоҷикистон М. Мирзошоев ва дигарон буданд.[1]
Иштирокчиён ба се гурӯҳ тақсим карда шуданд: гурӯҳи якум таҳти раҳбарии котиби КМ ПК Ӯзбекистон Р.Н. Нишонов вилоятҳои Тошканд, Сирдарё ва Самарқандро дидан карданд. Гурӯҳи дуюм бо сарварии ҷонишини Шӯрои Вазирони Ӯзбекистон С.А. Азимов ба вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷон ва гурӯҳи сеюм бо раҳнамоии мудири шуъбаи фарҳанги КМ ПК Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро ва Хоразм сафар карданд.
 
Дар зимн суханрониҳо, вохӯриҳо ва суҳбатҳо бо вакилони халқи ӯзбек дар сатҳи олӣ ороста шуданд. Ходимони матбуот дасти остин барзада тамоми суханрониҳоро таъҷилан ба рӯзномаву телевизиони марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп мекарданд. Аксҳои иштирокчиёни шинохта – шоиру нависандагон, санъаткорони маҳбуб дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои марказӣ дарҷ мегардиданд.
Рӯзномаи «Ҳақиқати Тошканд» ҳаррӯза саҳифаи якумро ба ин маросим бахшида буд. Рӯзномаи «Правда Востока» таҳти забар сарлавҳаи «Тоҷик рақси Помир ва суруди Вахшро ба сарзамини ӯзбек мебахшад» кулли масъалаҳои эҷодӣ ва суханрониҳо ва баромадҳои консертии санъаткоронро пешкаши хонандагон менамуд. Дар давоми Иди даҳа. ба ғайр аз иттилооти мухталиф, очеркҳо, портретҳои эҷодӣ, дар саҳифаҳои рӯзномаҳои марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 20 мақола ба чоп расонида шуд,
Кормандони радио ва телевизиони тоҷик, вохӯриҳои эҷодии шавқовар ва намоишҳои санъаткоронро ба фитаҳо сабт намуда ба Душанбе интиқол медоданд. Асарҳои рассомони шинохтаи тоҷик ба намош гузошта шуд. Дар кинофестивал филмҳои киносанъаткорони тоҷик васеъ пешниҳод карда шуданд, вохӯрии кинорежиссёрони ду ҷумҳурӣ доир гардид.
Бастакорони Тоҷикистон Ш. Сайфиддинов, Ё. Сабзанов, А. Хамдамов бо хайати устодон ва донишҷӯёни консерваторияи давлатии Тошканд, толибилмони донишкадаи мусиқии ба номи Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ ва талабагони Мактаб-интернати мусиқии ба номи Успенский вохӯриҳо оростанд.
Ходимони барҷастаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон, дар комбинати нассоҷии Тошканд, дар заводҳои Ташселмаш ва Ташавтомаш вохӯриҳо гузарониданд.
Дар театри опера ва балети ба номи А. Навоӣ санъаткорони тоҷик операи Верди «Отелло»-и Шекспирро намоиш доданд, дар театри Самарқанд шашмақомхонхо ва ансамбли эстрадии «Гулшан» намоиши эҷодӣ густурданд. Артистони филармонияи давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Янгийӯл, шаҳри Қӯқанд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон баромадҳо карданд.
Фиристодагони Тоҷикистон, инчунин бо ҳаёт ва муваффақиятҳои меҳнатии халқи бародари ӯзбек низ ошноӣ пайдо карданд. Зиёда аз 1000 баромадҳои муассисаҳои театрӣ ва консертӣ, вохӯриҳои эҷодӣ, суҳбатҳои бевосита дар матбуот ва тавассути радио ва телевевизиони Ӯзбекистон ташкил карда шуданд.[2]
«Барои корҳои шоён ва таблиғоти дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик дар байни меҳнаткашон, ки барои таҳкими дӯстию бародарии халқҳои ӯзбек ва тоҷик сохторҳои фарҳангии зерини Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Ӯзбекистон мукофотонида шуданд: Вазорати фарҳанги РСС Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Иттифоқи кинематографистон ва Қумитаи кинематография дар назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон, Ҷамъияти театрӣ ва Ҷамъияти «Дониш»-и Тоҷикистон, дорандаи ордени Ленини Театри давлатии академикии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ, Ансамбли давлатии «Лола», ансабли «Гулшан», Ансамбли вокалӣ-хореографии рубобчизанон, Ансамбли шашмақомхонҳои Кумитаи радио ва телевизиони назди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.
Раиси ҷамъияти театрии Ӯзбекистон, артисти халқии СССР Олим Хӯҷаев таассуроти бузурги худро аз вохӯриҳо бо вакилони миллати тоҷик баён намуд. Дар шабнишинии тантанавии пӯшидашавии даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон котиби КМ ПК Тоҷикистон Ибодат Раҳимова суханронӣ намуда, ба КМ ПК Ӯзбекистон, халқи ӯзбек барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон арзи сипос кард. Дар охир консерти хайрихушӣ барпо гардид. Минбаъд, то охирҳои солҳои 80 уми қарни сипарӣ шуда воҳӯриҳои шабеҳи он аз ҷониби тоҷикон ва ӯзбекҳо мунтазам гузаронида мешуд.
13 сентябри соли 1981 дар ш. Душанбе конфронси матбуотии намояндагони Ӯзбекистон бо намояндагони ВАО бахшида ба кушодашавии даҳаи адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон доир гардид. Дар он раҳбарони вазоратҳо, иттифоқҳои эҷодии ҳарду ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Конфронсро мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи КМ ПК Тоҷикистон И.Қ. Қаландаров кушода эълон намуд. Ба саволҳои журналистон Вазири фарҳанги Ӯзбекистон З.Р. Раҳимбоева, Раиси Қумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба кинематография А.А. Абдуллаева, котиби кумитаи шаҳрии партиявии ш. Тошканд М.Ф. Солдатов посух доданд.
Вакилони халқи ӯзбек дар бораи корҳои азими оид ба тарбияи интернатсионалии ҷавонон, алоқа ва ғанигардонии мутақобилаи маданияти ду халқи бародар аз ҷониби ходимони адабиёт, фарҳанг ва санъат амалӣ карда истодаанд, сухан ронданд.
14 сентябр дар Душанбе тантанаи бошукӯҳ бахшида ба кушодашавии Даҳаи адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон барпо гардид. Дар баромадҳо доир ба умумиятҳои адабиёти бародар, ки решаҳои он ба қаъри асрҳо меравад, изҳори назар шуд. Котиби якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатӣ Мӯмин Қаноат дар суханронии худ гуфт: «Дар саргаҳи дӯстии бузурги халқҳои бародари мо Навоӣ ва Ҷомӣ меистоданд, васияти маънавии онҳо – дӯстона ва тифоқ зиндагӣ кардан, бахт, шодӣ ва ғамро боҳам чашидан, барои ояндаи нурафзо мубориза бурданро халқҳои мо пурра метавонистанд… Иди имрӯзаи фарҳанг дар солномаи дӯстии мо саҳифаи фурӯзони тозаро навишта мекунад».[3]
Дӯстии эҷодӣ халқҳои моро зич пайваст менамояд. Ин ҳамдӯстиро дар зиндагии ҳаррӯзаи мо мушоҳида кардан мумкин аст. 15 сентябр ҳайати вакилони дӯстон ба гурӯҳҳо тақсим шуда ба вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон ба сафар баромаданд.
Дар театри ба номи А. Пушкини ш. Ленинобод шабнишинии тантанавӣ доир гадид, ки дар он котиби КМ ПК Ӯзбекистон А.У. Салимов дар бораи дӯстии устувори халқҳои тоҷику ӯзбек сухан кард. Шеъру сурудҳое, ки устодони фарҳанги ӯзбек ба деҳқонони колхози ба номи Ленини ноҳияи Пролетар туҳфа карданд, ба тарҷума эҳтиёҷ надошт.
Дар қасри маданияти ш. Норак шаби эҷодии солистони театри Давлатии академикии опера ва балети ба номи А. Навоӣ Татьяна Жукова-лауреати фестивали Ҷаҳон дар Гавана ва Исмоил Ҷалилов – лауреати конкурси байналхалқӣ дар Рио де Жанейро (Бразилия) барпо гардид. Онҳо арияҳо аз операҳои классикӣ, романсҳои бастакорони рус ва хориҷӣ, асарҳои муаллифони ӯзбекро иҷро намуданд. Аҳли тамошобинони ш. Норак ҳунарпешаҳои боистеъдодро бо кафкӯбиҳои гарму ҷӯшон пазируфтанд.
Дар кинотеатрҳои Тоҷикистон асарҳои режиссерҳои ӯзбек, ки дар студияи «Тоҷикфилм» бо ҳамкории синамогарони тоҷик ба навор гирифта буданд, намоиш дода шуд. «Актёрони шинохтаи тоҷик Аслӣ Бурҳонов, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев дар бисёр филмҳои бадеии синамогарони ӯзбек иштирок менамоянд – иброз дошт дар суханронии худ киноактрисаи шинохтаи ӯзбек Т. Шокирова - бо нармии дил ба хотир меорам, ки дар майдонҳои ба наворгирии «Тоҷикфилм» рӯзҳо, моҳҳо вақт мегузарондам, зеро дар филмҳои «Вохӯрии кӯтоҳ дар ҷанги дуру дароз» ва «Ҷумъаи ҳафтум» нақшҳо доштам. Мо на фақат бо ҳамкорон, бо онҳое, ки барояшон заҳмат мекашем – бо тамошобинон, мухлисон вохӯрдем. Чунин вохӯриҳо барои ҳалли бисёр масъалаҳои эҷодӣ ба мо кӯмак мерасонад».[4]
Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон садои шиддатноки вожаҳои муқаддаси – дӯстӣ, бародарӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ замини осмонро фаро гирифт. Клубҳои коргарон, толорҳои донишҷӯён, бошишгоҳҳои деҳқонон дар он рӯзҳо ба залҳои консертӣ ва минбарҳои шоиру нависандагон мубаддал шуданд, ки дар он ҷо шеъру сурудҳои ба халқи тоҷик шинос ва дар хатсайри дӯстӣ тоза тавлидшуда садо медоданд.
Рӯзҳои иди мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Кӯлоб, Норак, Хоруғ, Роғун ва Турсунзода бо эҷодиёти рассомон ва устодони бонуфузи санъати аксбардории ҷумҳурии бародар ошноӣ пайдо карданд, ки онҳо дар фестивалҳо ва вернисажҳои байналхалқӣ намоиш дода мешуданд.
Беҳтарин биноҳои синамо ба ихтёри синамогарони ӯзбек пешкаш шуда буд, ки дар онҳо филмҳои бадеӣ ва мустанади истеҳсоли киночиёни ӯзбек намоиш дода мешуданд. Тамошобинони тоҷик баромадҳои суруду рақсҳои театри давлатии Академии опера ва балети ба номи Навоӣ, филармонияи давлатии ба номи Қорӣ Ёқубов, ансамбли «Садо», ансамбли хизматнишондодаи Давлатии рақси халқии «Баҳор» ба номи Мукарамма Турғунбоева ва дигар гурӯҳҳои бадеии Ӯзбекистонро ба дараҷаи олӣ баҳогузорӣ намуданд.
Вохӯриҳоӣ аҳли адабиёту санъат дар муассисаҳои эҷодӣ сермаҳсул буданд. Шоиру нависандагон, бастакорон, рассомон, синамогарон ва раҳбарони ташкилотҳои ду ҷумҳурии бародар масъалаҳои дидорбинии мунтазами вакилони фарҳанги ду халқро матраҳ мекарданд.
Иди фарҳанг, ки аз дарёи азиму сероби Сирдарё то қуллаҳои сафеди Боми ҷаҳон – Помир қадам зад, дар Душанбе ба поён расид. 20 сентябр дар Қасри фарҳанги иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон барпо гардид. Шабнишинии пуршукӯҳ бо консерти идона поён ёфт. Даҳаи фарҳанг барои боз ҳам наздикшавӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳанги ду миллат ва гул-гулшукуфии минбаъдаи он мусоидат намуд.
Барои иштироки фаъол ва бомуваффақият гузаронидани Рӯзҳои адабиёт ва санъати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон коллективҳои эҷодӣ ва ташкилоти Ӯзбекистон бо ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.
Солҳои охири истиқлолият муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт - илму фарҳанг, санъат, иқтисод ва тиҷорат, туризм рӯ ба рушд ниҳодаст.
Бале, мо ҳаққу ҳуқуқ надорем ба таърихи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамсоягӣ дар гузаштаи дур бе фарқ бошем ва фаромӯш созем. Дӯстӣ - калиди ҳама чиз аст, бо васоити он кулли муаммоҳои ҳалнопазири давлат, ҷамъият ва шахсиятҳоро ҳаллу фасл кардан имконпазир аст.
 
 
                  Адабиёт
:
 
  1. Правда Востока. 23 майи соли 1968.
  2. Коммунист Таджикистана 2 сентябри соли 1968
  3. Багуманова З. На пути культурного обогащения. Душанбе,1988.
  4. Бойгонии ҷории Вазорати фарҳанги ҶТ. Ҳисобот с.1981.
 
Қурбонов Ф.Х.,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Марказӣ
 
 
[1] Правда Востока. 23 майи соли 1968.
[2] Коммунист Таджикистана 2 сентябри соли 1968
[3] Багуманова З. Дружба и сотрудничества Таджикистана с братскими республиками СССР в условиях развитого социализма. Душанбе; -1981, с. 79.
[4] Бойгонии ҷории Вазорати фарҳанги ҶТ. Ҳисобот с. 1981.

НАЗАД