Автор: Кудратов Комрон
(дар ҳошияи Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» ш. Душанбе. 20-21.10.2023)
Эҷод ва нақши созмону ҷамъиятҳо ва ҷаласаву маросимҳо дар ҳампайвандӣ ва ҳамгироии мардумони сайёра ва ҷомеаҳои ҷаҳон хело муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамаи он барои эҳёву эҷоди пайвандҳои умумии башар таҳия ва барпо мегарданд, то мардумони сайёра зери соябони озодӣ, ободӣ, оромӣ, хираду дониш ва ҳамкориҳои судманду созанда зиндагии худро софдилона идома диҳанд.
Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолият дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 чун кишвари озоду соҳибихтиёр муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 20-21 октябр соли 2023 Институти Осиё ва Аврупои АМИТ дар якҷоягӣ бо Бунёди миллии «Роҳи абрешим-Роҳи муттаҳидӣ», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи Горчаков, бахшида ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар фазои Авруосиё дар самтҳои гуногун зери унвони «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро баргузор намуд.
Конфронсро муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон ифтитоҳ намуд. Ӯ қайд намуд, ки конференсияи имрӯза бешубҳа инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави “Сиёсати дарҳои боз” мебошад.
Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои даврони истиқлол ва сар задани кашмакашиҳои таҳмилӣ ва тахрибӣ, мардумони бохираду бофаросат, фарзандони бономусу боорият таҳти роҳбарии Президенти ғамхору ҷасури миллат тавонистанд Ватанро аз вартаи ҳалокату даҳшат раҳонида, онро дар партави Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ гулгуншукуфон намоянд.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ва хусусан қораи Осиё мавқеи хос дошта, дар бисёре аз барномаҳои ҷаҳонӣ ташаббускор буда, меҳмону мизбони саммиту ҷаласаҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз ҷумла, СММ, САҲА, МҲТБО, СҲШ ва ғайра буд ва боқӣ хоҳад монд.
Бояд қайд кард, ки дар конфронси «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» намояндагони зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносон иштирок карда, суханронӣ намуданд. Масоили мубраму печидаи ҷаҳон, ки алоқаманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ буданд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи он коршиноси ватанӣ н.и.т. Қудратзода К.А. зикр намуданд, ки саммити душанбегии Созмони Ҳамкории Шанхай ба самтгирии нави Созмон дигаргуниҳои сифатан навро ворид намуд. Пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қаблан гирифтани узвияти он аз ҷониби Ҳиндустону Покистон ва изҳори таваҷҷуҳи як гурӯҳ кишварҳои Ғарб ва Шарқ, самти нави ҳамкориҳо – ҳамкориҳо дар самти “Шимол- Ҷануб”-ро оғоз намуд. Акнун АвруОсиёи Шимолӣ (Русия) бо АвруОсиёи Ҷанубӣ (нимҷазираи Ҳинд) тавассути Осиёи Марказӣ равобити бисёрҷонибаи худро боз ҳам қавитар месозаду равобитро миёни кишварҳо ва минтақа тақвият мебахшад.
Дар кори конференсияи мазкур сафири Русия дар Тоҷикистон, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносону муҳаққиқон аз Институти Осиё ва Аврупо-и АМИТ, Донишгоҳои ЧИН ва Маркази Эроншиносии Ҳиндустон, Донишгоҳи Пешовари Покистон, намояндаи Бунёди Горчаков, раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат” фаъолона суханронӣ ва ибрози андеша намуданд.
Иштикорчиён қайд карданд, ки мақсаду мароми конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои ҳамсоя, ба ҳам дӯст дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту ҳамлу нақл ва бехатарӣ мебошад.
Қудратзода Комрон Абдунабӣ
н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ