Шавқи деринаи элитаи Қазоқистон ва шахсан президенти якуми ин кишвар Нурсултон Назарбоев ба ҳамгироии Авруосиё намуди нав касб мекунад. Ин дафъа дар раванди муттаҳидшавӣ нияти истифодаи мавзӯи ҳамбастагии халқҳои турк, ки барои онҳо даштҳои Осиёи Миёна хонаи аҷдодиашон буд, ба миён омадааст. Тақвияти унсури туркиро ба он низ нисбат додан мумкин аст, ки Анқара таҳти роҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон нуфузи худро дар ҷаҳон босуръат афзоиш медиҳад.
Маълум аст, ки Қазоқистон бо ғурури минтақавии худ мехост бо туркҳо дар ҳамбастагӣ бозӣ кунад. Чанде пеш ба ифтихори президенти аввал пойтахти ҷавон ба номи Нур-Султон, ки як замонҳо аз Алмаато кӯчонида шуда буд, номгузорӣ шудааст. Диди нави Назарбоев, ин диққати элитаи Қазоқистонро ба ҷануби кишвар баргардондан аст.
Дар он ҷо як раванди азнавсозї ва рушди шаҳри Туркистон, пойтахти қадимаи хонигарии Қазоқистон (пеш аз ба империяи Россия ҳамроҳ шудани қабилаҳои ҷузҳо буд) рафта истодааст. Президенти аввал идеяи таҷдиди шаҳрро дар соли 2018 пешниҳод кард. Мақомот мехоҳанд Туркистонро ба маркази маънавии тамоми туркҳои ҷаҳон табдил диҳанд. Дар ин ҷо мақбараҳои бостонии мусулмонон мавҷуданд. Пеш аз ҳама, қабри Аҳмад Ясавӣ, шоири тасаввуф, ки дар асри XII исломро дар Дашти бузург, ба истилоҳ Турон паҳн кардааст ва аз ҷониби халқҳои турк бо номи Хазрати Султон эҳтиром карда мешавад, қарор дорад. Дар асри XIV, ҳокими Осиёи Миёна Амир Темур барои ин шахси муқаддас маҷмааи ёдгорӣ сохт. Имрӯзҳо дар ин шаҳр Донишгоҳи Қазоқистону Туркия ба номи Аҳмад Ясавӣ фаъолият мекунад.
Акнун бошад дар Туркистон иншооти зиёди инфрасохторӣ пайдо хоҳанд шуд, ки ба рушди сайёҳӣ, ҳаҷ ва баргузории конгрессҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Масалан, Нурсултон Назарбоев ваъда додааст, ки дар Иди Наврӯз, яъне 21 марти соли 2021, дар ин ҷо Саммити кишварҳои туркзабонро баргузор намояд.
Дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ Назарбоев ба Туркистон ташриф овард. Вай бо рафти сохтмони инфрасохторҳои сайёҳӣ ва шаҳрӣ шинос шуд. Президенти аввал аз он чизе, ки дид, хушҳол шуд. Ба ӯ маҷмааи “Корвонсарой”-ро нишон доданд, инчунин, бо натиҷаҳои таҳқиқоти археологӣ дар қаламрави мамнӯъгоҳ-музейи “Ҳазрати Султон” шинос карданд.
Сиёсатмадорон дар Анкара ҳамкасбони қазоқи худро дастгирӣ мекунанд. Ба наздикӣ дар Туркистон фурудгоҳи нави байналмилалӣ кушода шуд. Ширкати туркии Turkish Airlines парвозҳои мустақимро аз Истанбул ба ин шаҳр оғоз мекунад. Ба ғайр аз он, Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон хабар дод, ки дар марҳилаи аввал парвозҳо аз бандарҳои ҳавоии Туркистон ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмаато кушода мешаванд. Дар оянда Туркистон ҳамчун маркази маънавии ҷаҳони турк бо дигар марказҳои минтақавии Қазоқистон пайваст хоҳад шуд.
“Ба назари ман аз нуқтаи назари муттаҳид кардани мусалмонони Тӯрон, ин марказ наметавонад пойтахти беназири он гардад”, - гуфт Алексей Малашенко, роҳбари лоиҳаҳои илмии Пажӯҳишгоҳи “Муколамаи Тамаддунҳо”, - чунин як кор аллакай дар Ӯзбекистон шурӯъ шудааст ва дар он ҷо Маркази тамаддуни исломӣ таъсис ёфта истодааст. Ин марказ ҳам мақсади ба даст овардани мақоми минтақавиро дорад. Ба ғайр аз ин, ғурури Қазоқистон метавонанд як навъ рашки ҳамсоягонро ба вуҷуд орад. “Бо вуҷуди ин, чунин марказ албатта пайдо хоҳад шуд, ки эътибори Қазоқистонро дар ҷаҳони ислом афзоиш медиҳад. Дар бораи он ки чӣ гуна ин марказ фаъолият хоҳад кард, ҳанӯз сухан гуфтан барвақт аст. Хеле хуб мебуд, ки илова бар вазифаҳои динӣ, яке аз самтҳои фаъолияти он омӯзиши тасаввуф на танҳо дар Туркистон бошад, - таъкид кардааст коршинос.
И. Саримсаков,
ходими калони илмии
Шуъбаи Осиёи Марказии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ