Баъзе сабабҳои суқути ҳукумати А. Ғанӣ ва пешгӯии вазъи ояндаи Афғонистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Таҷзия ва таҳлили рӯйдодҳои ахири Афғонистон бори дигар собит менамояд, ки тасхири босуръати ҳокимият дар Афғонистон ва суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ натиҷаи амалҳои аз лиҳози тактикӣ моҳиронаи дастаҳои мусаллаҳонаи ҳаракати “Толибон” набуда, балки иқдоми барномарезишудаи  абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.
Таҳлилгарон ва коршиносони пешбари низомӣ бо такя ба афзалияти миқдорӣ ва дараҷаи таҷҳизотии Артиши миллии Афғонистон дар пешгӯиҳои худ изҳори назар мекарданд, ки пас аз хуруҷи неруҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ, Ҳукумати Ашраф Ғанӣ қодир хоҳад буд то аз шаш моҳ то ду сол дар баробари толибон муқовиммат кунад.[1]
Ҳамин тариқ, бо итминони комил метавон гуфт, ки сарнавишти Афғонистонро Созишнома дар бораи барқарор кардани сулҳ дар Афғонистон, ки 29 феврали соли 2020 дар Доха аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Толибон ба имзо расида буд, пешакӣ муайян кардааст. Мавҷудияти аҳду паймони махфӣ байни америкоиҳо ва толибон дар доираи Созишномаи болозикрро номзади илмҳои таърих, коршиноси Шӯрои корҳои байналмилалӣ ва корманди илмии Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов Георгий Асатрян низ истисно намекунад. Мавсуф дар матлаби худ таҳти унвони “Созишнома ШМА бо толибон: эътирофи нокомии америкоиҳо дар Афғонистон” чунин қайд мекунад: "... маълум нест (ва дар гумон аст, ки ояндаи наздик маълум хоҳад шуд), ки ин Созишнома тавофуқи дигари махфиро низ дар бар мегирад ё не".[2]
Маҳз пас аз имзои ин санад, ки қисмати муҳими он расонаӣ нахоҳад шуд, фаъолияти неруҳои низомӣ, алалхусус қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоии хориҷӣ дар амалиётҳои махсус алайҳи ҷангиёни толибон ба таври назаррас коҳиш ёфт. Чунин ҳолат аз як тараф ба руҳафтодагии ҳайати шахсии Артиши миллии Афғонистон ва аз тарафи дигар ба пурзӯр гардидани мавқеи толибон дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар оварда расонид.
Қайд кардан зарур аст, ки қабл аз имзои ин санад, кишварҳои манфиатдори  хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳои минбаъдаи стратегӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварданд. Аз ҷумла, аз соли 2017 чархболҳо бе аломатҳои шартӣ ба таври мураттаб аз минтақаҳои мухталифи Афғонистону мавзеҳои сарҳадии Покистон ба вилоятҳои шимоли ҶИА ҷангиёни гурӯҳҳои радикалӣ – экстремистиро интиқол медоданд, ки онҳо дар самти мазкур барои фаъолияти минбаъдаи худ майдони мусоид омода мекарданд. Аз ҳамон давра дар самти шимоли Афғонистон интиқоли ҷангиёни ташкилоти  байналмилалии террористии "Вилояти Хуросон" низ ба қайд гирифта мешуд.
“Тибқи маълумоти манобеи афғон, бо истифода аз ин чархболҳо ба дастаҳои доишиҳо неруҳои иловагии инсонӣ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мунтақил дода мешуданд. Аз майдонҳои ҷанг террористони куша ва захмӣ бароварда мешуданд”.[3]
 Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки соли 2017 нуқтаи мабдаъ дар масъалаи носуботии вазъият дар вилоятҳои шимоли Афғонистон маҳсуб мегардад, зеро он бешубҳа ба фаъол гардидани ҷангиён дар самти мазкур ва суқути Ҳукумати ин кишвар таҳти роҳбарии Ашраф Ғанӣ оварда расонид. 
Дар марҳилаи кунунӣ ба рушди вазъияти низомӣ - сиёсии Афғонистон мавҷудияти омилҳои зерин таъсир мерасонад:
-гуногунии  мавқеъи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар масъалаи расман эътироф кардан ё накардани ҳаракати “Толибон”;
-афзоиши ихтилофи назар дар байни роҳбарияти толибон  дар масъалаи ташкили ҳукумат бо мушорикати тамоми халқияти Афғонистон;
- нигаронии ҷомеаи Афғонистон дар масъалаи таъмини озодии сухан, нақши занон ва мушкилоти дигар;
-тақвияти қавмияти паштун  назар ба ақаллиятҳои дигари миллӣ, ки барои ба миён омадани руҳияи зиддитолибӣ дар мисоли неруҳои муқовиммати Панҷшер замина фароҳам меоранд.
Бар асоси гуфтаҳои боло, метавон тахмин кард, ки вазъияти Афғонистон дар ояндаи наздик ба эътидол нахоҳад омад, зеро қабл аз хурӯҷи неруҳои хориҷӣ, дар хоки ин кишвар аз ҷониби кишварҳои манфитҷӯ, заминаҳои носуботкунандаи вазъият фароҳам оварда  шудааст. Тавре ки Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, таҳдид ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда низ  боқӣ хоҳад монд.


                 Адабиёт
  
[1]Ситуация в Афганистане заставила задуматься лидеров стран Центральной Азии. https://rus.azattyk.org/a/31324756.html
[2]Соглашение США с талибами: признание провала американцев в Афганистане?  https:// tass.ru/opinions/7876949
[3]Захарова заявила о фактах свотрудничества США с боевиками ИГ в Афганистане  https://iz.ru/1196814/2021-07-22/zakharova-zaiavila-o-faktakh-sotrudnichestva-ssha-s-boevikami-ig-v-afganistane.


Шозедов Х. Н.
Ходими илмии шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ
 

НАЗАД