Автор: Юсуфи Фарзона
Дар асрҳои XVI-XVII Чехия ва як қисми Маҷористон ба давлати Габсбургҳои Австрия дохил шуданд, ки дар он абсолютизм (калимаи франсавии absolutisme ва лотинии absolutus — бечунучаро, номаҳдуд мебошад) рушд кард. Хусусияти фарқкунандаи ин минтақа нақши бузурги робитаҳои сулолавӣ буд, ки ба муттаҳидшавии ду ё зиёда давлат дар як даст ё дар дасти хешовандони наздик асос ёфта буд. Чунин иттифоқҳои сулолавӣ (яъне муттаҳидшавии ду кишвар таҳти ҳокимияти як сулола) устувор набуд, зеро давлатҳои ба онҳо дохилшуда манфиатҳои гуногун доштанд. Бояд зикр кард, ки Империяи Усмонӣ ба таносуби қувваҳои минтақа таъсири калон гузошт ва Маҷористон ҳанӯз дар асри XIV зарбаҳои туркҳоро аз сар гузаронид. Аммо дар аввали асри XVI ҳокимияти подшоҳӣ дар Чехия ва Маҷористон, ки дар он вақт таҳти ҳокимияти як монарх буданд, аз ҷониби ашрофи қиёмкарда суст карда шуд, ки ҳатто дар шароити таҳдиди туркҳо намехостанд кӯшишҳои худро муттаҳид кунанд.
Соли 1526 Маҷористон шикаст хӯрда, ҷангҳои доимӣ Фердинанд Габсбургро маҷбур карданд, ки дар сиёсати дохилӣ низ бо қатъият амал кунад. Дар давраи ҳукмронии ӯ ҳокимияти подшоҳӣ тақвият ёфт, андозҳо афзуданд, таъсири мақомоти намояндагии табақавӣ коҳиш ёфт ва сиёсати Контрреформатсия (аз калимаи лотинӣ Contrareformatio –аз contra «бар зидди» ва Reformatio «Ислоҳот»мебошад) гузаронида шуд.
Дар айни замон, ҳам Чехия ва ҳам Маҷористон қонунҳо, имтиёзҳо ва низоми идоракунии худро нигоҳ доштанд. Илова бар ин, Маҷористон ба империяи Муқаддаси Рим дохил намешуд ва манфиатҳои монархҳои сулолаи Габсбургҳо ҳамчун ҳокимони ин кишварҳо аксар вақт ба манфиатҳои онҳо ҳамчун императорҳо мухолиф буданд. Давраи махсуси таърихи Чехия ва Маҷористон ҳукмронии шоҳ Рудолф II Габсбург буд, ки ҳимояи масеҳиятро аз туркҳо вазифаи асосии худ мешуморид ва дар ин кор ба баъзе муваффақиятҳо ноил шуд. Самти дигари муҳими фаъолияти ӯ сиёсати Контрреформатсия (ин ҳаракат дар Аврупо (миёнаи асрҳои 16-17) мебошад, ки бар зидди (Реформатсия яъне ислоҳот ) ислоҳот равона карда шудааст) буд. Аммо ислоҳот тавонист дар мулки ӯ решаҳои хеле амиқ гузорад ва амалҳои Рудолф II муваффақ нашуданд.
Дар охир метавон гуфт, ки Чехия ва Маҷористон ҳамчун қисмҳои собиқ Австро-Маҷористон рушди гуногуни сиесӣ доранд. Дар навбати аввал, сухан дар бораи давлатдорӣ меравад, ки Маҷористон онро доро буд. Ва баръакс, Чехия муддати тӯлонӣ аз давлатдорӣ маҳрум буд ва онро танҳо пас аз ҷанги Якуми ҷаҳонӣ ба даст овард. Агар ба фарҳанг назар кунем, дар фарҳанг низ фарқият вуҷуд дорад. Дар давраи Богемия (лот. Boiohaemum диёри ҷанговарон мебошад) фарҳанги чехӣ бо фарҳанги олмонӣ ва яҳудӣ зич пайваст буд, чунин алоқаи (синтези) фарҳангҳо ҳамаи фарҳангҳои алоҳидаро ба ҳам монанд мекард. Фарҳанги Маҷористон муддате ба фарҳангҳои Маҷористони Подшоҳӣ ва Маҷористони Шарқӣ тақсим карда шуда буд, сипас давраи истилои усмонӣ идома ёфт, аммо худи Маҷористон талафоти фарҳангӣ надошт.
Ҳамин тариқ, ҳар ду кишвар аз таҷрибаҳои якдигар дар бахши сиёсат ва фарҳанг дар партави дипломатияи мардумӣ истифода карда, муносибатҳои хешро рушд медиҳанд. Инҳо роҳҳои рушди сиёсии Чехия ва Маҷористон мебошанд.
Сарчашмаҳо:
1. История Венгрии. С древнейших времен. Автор: ( ред.) Исламов Т.М. https://imwerden.de/pdf/istoriya_vengrii_tom3_1972__ocr.pdf (таърихи муроҷиат: 15.09.2023)
2.https://history.wikireading.ru/23590 (таърихи муроҷиат: 20.09.2023)
3.https://resheba.me/gdz/istorija/7-klass/vedyushkin-burin/paragraph-10 (таърихи муроҷиат: 25.09.2023)
Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат,
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка