Автор: ИИПСАЕ
Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд. Муносибатҳои дипломатии байни Точикистону Покистон 6 июни соли 1992 барқарор гардида, соли 1993 дар Душанбе сафоратхонаи Покистон кушода шуд. Дар соли 1997 консулигарӣ ва намояндагии савдои Тоҷикистон дар Исламабод боз гардид. Соли 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон сафоратхонаи худро ифтитоҳ намуд вато имрӯз байни ин ду кишвар зиёда аз 100 ҳуҷҷати муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба имзо расидаанд. Инчунин, роҳбарони ин ду давлат якчанд сафарҳои кориро ба кишварҳои ҳамдигар анҷом дода, масъалаҳои дуҷонибаро дар сатҳи олӣ баррасӣ ва муҳокима намудаанд.
Дар муддати 25 соли ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Покистон бисёр санадҳои муҳим дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба имзо расиданд, ки минбаъд ба рушди муносибатҳои дуҷониба таъсири мусбат расонданд. Бояд қайд кард, ки ба ғайр аз ҳамкориҳои дуҷониба ин ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқӣ ба монанди Созмони ҳамкориҳои Шанхай, СММ иштироки фаъол доранд.
Яке аз лоиҳаҳои муҳимтарине, ки дар он Тоҷикистону Покистон саҳм доранд, ин CASA - 1000 мебошад, ки он сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқро (1200 км) бо бунёди се истгоҳи интиқоли барқ тариқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон дар бар мегирад. Ин аввалин лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад, ки муносибати ин ду қитъаро мустаҳкамтар мегардонад. Лоиҳаи CASA - 1000 барои рушду нумӯи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ муҳим арзёбӣ карда шудааст. Маълум аст, ки барои тараққӣ ва инкишоф додани иқтисодиёт нерӯи барқ хеле муҳим аст. Барқ муҳимтарин соҳаи рушд барои ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз В.И. Ленин барқро бо коммунизм (яъне беҳтарин сохтори давлатӣ) вобаста дониста буд: «Коммунизм ин Ҳокимияти Cоветӣ ва электрикунонии тамоми мамлакат аст». Агарчӣ ин суханон вобаста ба таърих мавқеи худро то андозае гум карда бошанд ҳам, онҳо маънии хеле чуқур дорад. Ягон сохти давлатдорӣ бе нерӯи барқ тараққӣ карда наметавонад.
Бархе аз муассисаю корхонаҳои Покистон аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд ва ин ба фаъолияти кории онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бо амалӣ шудани CASA - 1000 мушкили норасоии барқ дар Ҷумҳурии Покистон то андозае рафъ мегардад. Мувофиқи Созишномае, ки дар Вашингтон ба имзо расид, Тоҷикистону Қирғизистон мувазафанд, ки ба воситаи сарҳади Афғонистон Покистонро ҳар сол бо 700 мегаВатт нерӯи барқ таъмин намоянд.
Новобаста аз он, ки ин лоиҳа аз тарафи баъзе коршиносон зери шубҳа қарор гирифта буд, (пеш аз ҳама, аз ҷиҳати вазъи ноороми Афғонистон ва инчунин баъзе дигар омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ), ин лоиҳа дар амал татбиқ гардида истодааст. Барои ин лоиҳа якчанд маротиба тендер гузаронда шуд. Яке аз сабабҳои бомуваффақият амалӣ гардидани ин лоиҳа дар он аст, ки дар он ба ғайр аз чор кишвари иштироккунанда, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломӣ, Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди ҷаҳонӣ (USAID), Оҷонсии Австрия оид ба рушд (AusAID) ва дигар шарикони рушд иштирок мекунанд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур 1 млрд. 70 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст. Дар ифтитоҳи лоиҳа, ки 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, сарони чор давлат ширкат ва сухаронӣ намуданд.
17 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии ИсломииПокистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқот амалӣ гардонидани ин лоиҳа, ки яке аз асоситарин масъалаҳои ин гуфтушунид ба ҳисоб мерафт, боз як бори дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳо –иқтисод, маориф, илму техника, тандурустӣ, савдо низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, Тоҷикистону Покистон барои нигаҳдории сулҳу суббот ва оромӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, махсусан дар кишвари дӯсту ҳамсоя - Афғонистон, ки яке аз ширкаткунандаи лоиҳаи CASA - 1000 мебошад, саҳми худро мегузоранд.
Нигина Душанбиева,
корманди Институт