Автор: ИИПСАЕ
(дар партави робитаи дипломатии Тоҷикистону Хитой -4 январи 1992)
Равобити Покистону Чин расман дар соли 1950 барқарор шуда, Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки муносибатҳои расмии дипломатиро бо Ҷумҳурии Чин онвақта (Тайван) қатъ намуда, ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитойро (ҶХХ) ба расмият шинохт. Аз он вақт инҷониб, ҳарду кишвар ба нигоҳ доштани муносибатҳо аҳамияти хос дода, мунтазам боздидҳои сатҳи баланд дошта, созишномаҳои гуногунро ба имзо расонидаанд.
Ҳамин тавр, Чин ба Покистон кӯмакҳои иктисодӣ, низомӣ ва техникӣ расонида, ҳамдигарро иттифокчии наздики стратегӣ эътироф карданд, ки намунаи онро дар ташаббусҳои созандаи Покистону Чин дар рушди лоиҳаи Як камарбанд як роҳи Долони Иқтисодии Покистону Чин (СПЕК) метавон дид.
Санаи 22 майи соли 2021 70-умин солгарди равобити дипломатии миёни Покистону Чин аз соли 1951 оғоз шуд, чун ҷашни дипломативу дӯстивӣ қайд карда мешавад. Ба ҳамин муносибат Сарвазири Покистон Имрон Хон, фазилати ин дӯстӣ ва дурнамои рушди лоиҳаи коридори иқтисодии Чину Покистонро (CPEC) таърифу тавсиф карда, ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву иҷтимоиро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамин тавр, рӯзномаи чинии People's Daily[1] як матлаби хубе нашр кардааст, ки бо гузоришҳои шаҳрвандони миннатдории Покистон пур шудааст. Президент Ориф Алви низ ҳамкориву дӯстиро муҳим арзёбӣ карда, онро чун "амиқтар аз уқёнусҳо, баландтар аз кӯҳҳо ва ширинтар аз асал" тавсиф кардааст. Дар ин партав як қатор маркаҳои хотиравӣ низ нашр шуда, ки дар яке аз он тоҷи зевари шарикии ҳар ду кишвар — бандари Гвадар ва дастовардҳои он дар доираи CPEC ба даст овардашуда хеле мувофиқ бо паёми раисиҷумҳур Си Ҷинпин инъикос ёфтааст.
Дустии Покистону Чин модели омӯзанда буда, он дар партави лоиҳаҳои CPEC бештар таҳкиму рушд ёфтааст. Онро метавон аз тавриқи гузоришҳои расонаҳои хабарӣ пайдо кард, ки дар партави ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ дар бар мегиранд. Аз ин лиҳоз, ин равобити дуҷониба, бахусус аз нуқтаи назари Чин, бо назардошти таърихи пурталотуми сиёсати хориҷии он, муҳим шуморида мешавад.
Тибқи таҳлилу баррасиҳои коршиносони соҳа аз ҷумла муҳаққиқ ва коромӯз Шрути Ҷаргад аз Донишгоҳи Пекинги Чин равобит ва дӯстии Чину Покистон сабаби баҳсҳои зиёд аз ҷониби кишвари Ҳиндустон мегардад, ки он чун як мушкилоти шадиди стратегӣ баррасӣ мешавад.
Коршиноси соҳа дар мақолаи таҳлилии худ овардааст,ки дар робита ба омилҳои беруна, ин рақобати мутақобилаи Чин бо Ҳиндустон гуфта меавад. Ба гуфти коришносон ҷангу муноқишаҳои онҳо дар соли 1962, аз нигарониҳо низ ҳисобида мешавад, ки гоҳе минтақаро бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ мекунад.
Муҳаққиқону сиёсатшиносон ба ин боваранд, ки дар доираи сиёсати Пекин дар Осиёи Ҷанубӣ, дӯстии Чину Покистонро дар доираи васеи сиёсати ҷангҳои сард низ медонанд. Покистон яке аз аввалин давлатхои гайрисоциалистие мебошад, ки Чин-ро ба расмият шинохт ва то соли 1950 ба муноқишаҳои лафзии Хитой ба амрикоиён вокуниш нишон дод. Гарчанде ки Покистон як ҷузъи иттифоқи ғарбӣ буд, аммо тавонист муносибатҳои ҳамсоягиро нигоҳ дорад.
Ҳамин тариқ, дар солҳои 1960 ва 1970 Покистону Чин робитаҳои наздики худро таҳким бахшида, вусъат доданд. Дар ниҳоят, ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ нигарониҳоро ба натиҷаовариҳои мусбат табдид дода, дар минтақа чун кишварҳои муҳими стартегӣ нақш бозӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки ин омилҳои сатҳии беруна метавонанд заминаи равобитро миёни кишварҳо ба вуҷуд оваранд, аммо метавон ба омилҳои дохилӣ низ муроҷиат кард, то аз равобити дипломатии Покистону Чин, бахусус дар тартиботи кунунии ҷаҳонӣ тасаввуроти ҳамаҷониба пайдо кард. Мавриди зикр аст, ки сиёсати инқилобии солҳои ҳукмронии Маоизм ва хомӯшии давраи Дэн Сяопинро аз байн бурда, Чин ҳамчун як давлати бузург ва муҳим баромад кард. Аз ин рӯ, равобити Чин ва Покистонро наметавон танҳо як вазифаи стратегияи мувозинати он тавсиф кард, балки онро чун модели дӯстӣ ва ҳамсоягии Чину Покистон дар чаҳорчӯби "Чор ҳалқаи амният"-и консепсияи Эндрю Натан[2] пазируфта, эътироф кард.
Заминаи дигари равобити Покистону Чин мавқеияти ҷуғрофии кишвар, сарҳад ва тамомияти арзии онҳо мебошад, ки тавассути сарҳадҳои байналмилалӣ, ба мисли Тибет бо Ҳиндустон, Ҳонконг бо Ғарб, Синзиян бо Осиёи Марказӣ ва Туркия пайванд мегирад. Дар миёни Покистону Чин ихтилофу муноқиша набуда, ҳар ду кишвар масоили сарҳадии худро дар соли 1964 ҳаллу фасл карданд. Ҳамин тавр, Покистон дар марзҳои ғарбии Чин ҳамчун давлати буферӣ[3] амал карда, аз густариши исломи радикалӣ дар Синзиян назорат мекунад. Чин дар солҳои 1990-ум тавонист Покистонро водор созад, ки бозореро, ки гумон меравад, бархе аз уйғурҳо фаъолият мекунанд, бибандад ва ҳамчунин донишҷӯёни уйғурро аз мадрасаҳо ихроҷ кунад.
Заминаи дуввум равобити Чин бо кишварҳои ҳамсоя доштани марзи хушкӣ ё баҳрӣ миёни онҳо мебошад. Чин ҳамсояҳои беназир, хурду бузург ва ноустувору норасоиҳои азими фарҳангӣ ва манфиатҳои миллии гуногун дорад. Муҳаққиқон ва коршиносони сиёсӣ рақибони эҳтимолии Чинро кишварҳои Ҷопон, Ҳиндустон ва Русия медонанд. Дигар кишварҳо, ба мисли Кореяи Шимолӣ ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хурд, заиф ва ноустувор ҳастанд.
Бо чунин назарсанҷиҳо Покистон бо мувозинат бо рақиби аслии Чин дар Осиёи Ҷанубӣ худро як ҷонибдори пайваста ва муттаҳиди худ собит карду ҳамсоягиро ҳифз намуд. Ҳамин тавр, аз солҳои 1960-ум инҷониб аз таҷрибаҳои Чин дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷӣ буд ва аз ҷониби Чин ҳамчун намунаи дурахшоне номида мешавад, зеро он дар боқимондаи Осиёи Ҷанубӣ пои иқтисодӣ ва низомии худро васеъ мекунад.
Покистон аз солҳои 1960-ум инҷониб чун як ҳамсояи хуби Чин дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷӣ пазируфта шуда, чун намунаи дурахшоне аст, ки заминаҳои иқтисодӣ ва низомии худро таҳкиму тавсеа мебахшад.
Яке аз дигар заминаҳои равобити Покистону Чин сиёсати минтақавии бисёрдавлатии Чин ба монанди Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Шарқӣ мебошад. Ҳамин тариқ, Чин метавонад сиёсатеро бо назардошти ҷуғрофии худ бо Покистон аз муборизаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери унвони "ҷанги зидди терроризм" хуб истифода намояд. Дар баробари ин, дарки манфии ҳузури Амрико дар Покистон низ ба таҳкими ҷалби Чин мусоидат хоҳад кард.
Заминаи ниҳоии равобит ва дӯстии Покистону Чинро дар манфиатҳои амниятии кишвар аз минтақаҳои Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ташкил медиҳад. Дар ин ҷо Чин дунболи манобеъи энергӣ, коло ва сармоягузорӣ ва пуштибонии дипломатӣ дар масоили гуногун буда, аз онҳо истифода менамояд.
Дар ин замина Покистон дар наздикшавии Чин бо ИМА ва ворид шудани он ба созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ нақш дошта, ба рушди робитаҳои Пекин бо давлатҳои Шарқи Наздик низ ҳамкорӣ намудааст.
Гузашта аз ин, сарфи назар аз нотавонмандии Чин дар бунёди иттифоқҳои низомӣ дар баробари ИМА тавонист аз ҳамкориҳои Покистон дар паймони низомӣ барои муқобила бо QUAD[4] ва ҳамкорӣ дар Афғонистон низ истифода намояд.
Хулоса, талоши Чин барои равобити хуб бо Покистон аз доираи баҳси ҳудудӣ бо дигар ҳамсояҳояш хеле фаротар буда, заминаҳои рушди саноат, сармоягузорӣ, тиҷорат ва иқтисодиро дар минтақа ва ҷаҳон хубтару беҳтар фароҳам меоварад. Гарчанде ки мухолифатҳои маҳаллӣ ба лоиҳаҳои чинӣ дар доираи “Як камарбанд як роҳ” низ вуҷуд дошта, аммо он дар байни элитаи сиёсӣ ва пешвоёни низомии кишвар мақоми хос дорад. Ҳамин тариқ, ворид шудани Покистону Ҳиндустон ба Созмони ҳамкории Шанхай ва МҲТБО заминаҳои хуберо барои эҷоди ҳамгироии эгергетикиву саноатии кишварҳои минтақа фароҳам оварда, нигарониҳову муноқишаҳоро миёни онҳо метавонад коҳиш диҳад.
Раҳмонов Мирсаид
ходими калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳо:
[1] http://en.people.cn/
[2] Andrew J. Nathan is Class of 1919 Professor of Political Science at Columbia University. His teaching and research interests include Chinese politics and foreign policy, the comparative study of political participation and political culture, and human rights.
[3] Кишвари хурди нейтуралӣ, ки дар миёни ду кишвари бузургии минтақавӣ ҷойгир шуда, нақши миёнҷиро ифо мекунад.
[4] The Quadrilateral Security Dialogue (QSD, also known as the Quad or QUAD) is a strategic security dialogue between the United States, India, Japan and Australia that is maintained by talks between member countries.