COVID-19: Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак намуд

Автор: ИИПСАЕ

Расм

19 июл аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак расонида шуд.
Кумаки мазкур бо ибтикори подшоҳи Арабистони Саудӣ Шоҳ Салмон ибн Абдулазиз Оли Сауд дар арафаи Иди саиди Қурбон ба кишварҳои мусалмонии дӯсту бародари минтақа ва ҷаҳон ирсол гаштааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маросими таҳвили маводи тиббӣ дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибн Абдурраҳмон Аррашидон ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар маросими мазкур ҷонибҳо аз самараи пурбори ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдомҳои наҷибро маҳсули хиради сиёсӣ ва инсонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ, ходими «Ҳарамайни Шарифайн» Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд номиданд.
Ёдовар мешавем, ки  кумакҳои тиббӣ аз либосҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, доруворӣ, маҳлулҳои безараркунӣ ва ғайра иборатанд.

НАЗАД