Сафари расмии ахиран анҷомдодаи Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва ҳайати давлатии кишвари ба мо дӯсту бародар, вохӯриҳои мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии тарафҳо, тавофуқномаҳои минбаъдаи барои халқҳоямон манфиатдор ба имзорасида ва ғайра, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои ҳасанаи байниҳамдигариро дар доираи шарикии стратегӣ дар дурнамо пойдору барқарор нигоҳ хоҳанд дошт.
Ба ин масъала дар вохӯрии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов махсусан қайд карда шуд.
Бояд зикр кард, ки тамоми ин дастоварду муваффақиятҳои дар равобити дутарафа дар се соли охир ноилгардида, аз муносибатҳои дӯстона ва самимонаи роҳбарони ҳарду кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ки ба бародарӣ табдил ёфтааст, сарчашма мегиранд.
Тавре маълум аст, тайи ин ташрифи ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишварамон як қатор чорабиниҳои таърихӣ сурат гирифтанд, ки муҳимтаринаш ҷаласаи навбатии ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Натиҷаи кори Комиссияи мазкур, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн мусоидат хоҳад намуд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусбат ва самаранок арзёбӣ гардид.
Барои мо - намояндагони аҳли илму адаб Конфронси муштараки илмию амалии 15 сентябри соли 2020 доиргардида, аҳамияти хоса дорад. Чорабинии номбурда барои минбаъд таҳким ва таъмиқ бахшидани робитаҳои тарафайн дар соҳаи илму маориф асоси хубе буда метавонад.
Натиҷаи назарраси вохӯриҳои ахири тарафҳо ин ба тавофуқ расидан дар соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат, ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ дар марказҳои кишварҳоямон, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои ҳамдигарӣ, пурратар истифода бурдани иқтидори сармоягузориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон, аз ҷумла гидроэнергетика, роҳсозӣ ва самтҳои дигари ҳамкориҳо, маҳсуб мешаванд.
Намунаи равшани таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии тоҷику ӯзбек - ифтитоҳ ва ба истифода дода шудани корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» мебошад, ки бо иштироки ҳиссавии байни ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» - и Тоҷикистон ва «Артел Авесто Электроникс» - и Ӯзбекистон дар ҳаҷми 50/50 - фоизӣ ташкил гардидааст ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода потенсиал ё иқтидорҳои иқтисодии кишварҳоямон ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
Коршиносон ва иқтисоддонони кишвар бар ин ақидаанд, ки оғози кори корхонаи мазкур ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Дар рафти бизнес - форуми дуҷониба бахшида ба сармоягузориҳо бошад, тарафҳо 15 қарордодро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА ба имзо расониданд. Дар оянда қарор аст ҳаҷми муомилаи тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба як миллиард доллари ИМА расонида шавад.
Бинобар ин, ҳамгироии минбаъдаи кишварҳоямон бар пояи дӯстӣ ва бародарии абадии халқҳои тоҷику ӯзбек вобастагии зич дорад. Умед аст, ки он ногусастанӣ боқӣ мемонад.
Сангинов Н. Н.,
мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ