Дар  бораи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар марҳилаи ҳозира

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Пеш аз ҳама бояд  қайд намуд, ки  робитаҳои  дипломатӣ  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Туркманистон аз 17 январи  соли 1993  оғоз  ёфтаанд. Имсол ба барқарор гардидани  чунин робитаҳо  28 сол пурра  шуд.
Асоси  чунин робитаҳоро Протокол «Дар бораи барқарор  кардани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Туркманистон» ташкил медиҳад. Дар доираи санади мазкур дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон  намояндагиҳои  дипломатии кишварҳо, фаъолият дорад. Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳемра Токалаков мебошад.  Вазифаи  Сафири фавқулодда  ва мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон бошад, Шарифзода Фаррух Хомиддин ба ӯҳда  дорад.  
Дар  давоми 28  соли робитаҳои  дипломатӣ,   ҳарду кишвар  кӯшиш  карданд, ки  нисбат ба  ҳамдигар  сиёсати дӯстӣ, ҳусни  ҳамҷиворӣ   ва ҳамдигарфаҳмиро  пиёда  намуда, онро  дар оянда  низ ба  манфиати  халқҳоямон  тақвият  бахшанд.
Илова ба ин,  дар таҳким ва тақвияти робитаҳои  дутарафа, муносибатҳои  ҳасанаи шахсии  роҳбарони  кишварҳоямон  Пешвои  миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Курбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки  имрӯз  ҷанбаи  бародарона  гирифтаанд, мусоидат менамояд.  
Асоси  меъёрӣ – ҳуқуқии робитаҳои  дуҷонибаро дар марҳилаи  кунунӣ  пеш  аз  100  санади меърӣ- ҳуқуқи  ташкил  медиҳанд. Муҳимтарини он бешубҳа  «Созишнома  дар  бораи  шарикии  стратегӣ  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Туркманистон»  ба  ҳисоб  меравад, ки  он  соли 2017  зимни  сафари расмии  Қ. Бердимуҳаммадов  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  имзо  расидааст. 
Робитаҳои  дуҷониба  бо  Ҷумҳурии  Туркманистон  дар  тамоми  самтҳои  зиндагӣ, яъне  сиёсӣ, иқтисодӣ,  фарҳанг, илм,  маориф ва соҳаҳои дигари  гуманитарӣ, чун  пештара  барои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  самти  афзалиятнок  боқӣ  мемонад. Зеро, халқҳои  тоҷик  ва  туркман  дорои  мероси  бойи таърихӣ,  фарҳангиву  адабӣ  мебошанд,  ки  шӯҳрати  ҷаҳонӣ  пайдо  кардаанд.
Барои мо - кормандони соҳаи  илм  робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои  академикии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Туркманистон аҳамияти хоса дорад.  Санади  меъёрӣ ҳуқуқии  танзимкунандаи  робитаҳо  дуҷонибаи  муассисаҳои  академикии кишварҳоямонро санадҳои зерин ташкил медиҳанд:
-Аҳднома  дар  бораи  ҳамкории Академияи  илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон  аз 22 -24 августи  соли 2012;
-Созишнома  байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Туркманистон  дар  бораи  ҳамкории  илмӣ – техникӣ  аз 4 октябри соли 2007.
Дар чорчӯбаи санадҳои мазкур  байни доираҳои  илмӣ, илмӣ – тадқиқотии  кишварҳоямон  гузаронидани чорабиниҳои  муштараки  илмӣ – амалӣ ба  роҳ  монда шудааст,  ки  аз  манфиатҳои  миллии  тарафайн бармеоянд.
Масалан,  соли  2016   дар Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон якҷоя бо Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, конфронси  илмӣ – амалии  байналмилалӣ  дар мавзӯи «25  соли  Туркманистони  соҳибистиқлол  ва   бетараф: таърих,  пешрафт ва дурнамои  рушд»  доир  гардид. Мутақобилан ҳуди  ҳамон  соли  2016  дар  пойтахти  Туркманистон  намоишгоҳ  ва  конфронс  дар мавзӯи  «Китоб – роҳкушоӣ  ҳамкорӣ  ва рушд»  бо  иштироки  намояндагони аҳли  адаби тоҷик  баргузор шуд.
 Ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Туркманистонро  дар соҳаи маориф, фарҳанг ва санъат санадҳои  байниҳукуматӣ ва  байнисоҳави  зерин  ба  танзим  медароранд:
-Созишнома  байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Туркманистон  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  маориф   аз  4 октябри соли 2007;
-Барномаи  ҳамкорихо  байни  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Туркманистон  дар соҳаи фарҳанг ва  санъат барои  солҳои  2015 – 2016  аз 5-6  майи  соли 2014  ва  ғайра.
Мавриди тазаккур аст, ки  дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хусусан ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қумсангир (Дӯстӣ),  Қабодиён, Шаҳритус, Рудакӣ  шаҳрвандони  тоҷики туркмантабор  зиндагӣ  доранд  ва  дар онҳо  якчанд  мактабҳои  ба  забони  туркманӣ  дарсдиҳанда  вуҷуд  доранд. Хатмкунандагони  онҳо  дар макотиби олии  ҳарду  кишвар  ҳаққи   таҳсилро доранд. Ҳукумати  Туркманистон  барои  туркмантаборони  худ   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  якчанд  мактабҳои таҳсилоти  миёна   сохта,  онҳоро  бо  китобҳои  дарсӣ  ба  забони  туркманӣ  таъмин  кардааст. Дар донишгоҳҳои  кишварамон  теъдоди  зиёди   донишҷӯёни  туркман  дар  асоси  қарордодҳои  байниҳукуматӣ  таҳсил  мекунанд.
Вале,  солҳои  охир  бо сабаби пандемияи коронавирус  робитаҳои  дуҷониба  байни кишварҳоямон  ба  мушкилот  дучор шуданд. Новобаста  ба ин, тарафҳо барои дубора  барқарор  кардани  робитаҳои ҳасана ҷидду  ҷаҳди  зиёд  ба  ҳарҷ  дода  истодаанд. Чунончи, дар гуфтугӯи ахири телефонӣ байни вазирони корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Туркманистон  Сироҷиддин  Муҳриддин  ва Рашид  Мередов, ин масъала  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифт.  Дар рафти он  роҷеъ  ба  таҳкими  ҳамкориҳои  дуҷониба  таваҷҷӯҳ  зоҳир гардид. 
28 - 29 июли соли 2021 бошад, ҷаласаи 10 комиссияи  байниҳукуматии  Тоҷикистону Туркманистон дар ш. Душанбе  баргузор  гардид. Ҷониби Тоҷикистонро  Вазири энергетика ва захираҳои обӣ Ҷума Далер Шофакир ва Туркманистонро Вазири  молия ва иқтисоди  Туркманистон Муҳаммадгелдӣ  Сердаров  роҳбарӣ  карданд. Аз натиҷаи он протоколи дахлдор  ба  имзо расонида  шуд.
Тарафҳо  қайд  карданд, ки  робитаҳои  дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Туркманистон  дар  сатҳи ниҳоят  баланд  сурат  мегиранд. Барои  вусъат  бахшидан  ин  муносибатҳо дар  шароити кунунӣ,  якчанд  санадҳои  дутарафа  барои  имзои  роҳбарони  давлатҳо  таҳия  карда  шуд.
Дар рафти  ҷаласа  масъалаи рушди  минбаъдаи ҳамкориҳои  фарҳангӣ – гуманитарӣ мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Ҷонибҳо  оид  ба  гузаронидани муштараки  форумҳо, конфронсу  ярмаркаҳои  гуногун  ба  тавофуқ  расиданд.
Дар хулоса,  ҳаминро  бояд  зикр   кард, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Туркманистон  дар баъзе  лоиҳаҳои  азими байналмилалӣ  ба  монанди ТАТ (Туркманистон – Афғонистон- Тоҷикистон), ки  таъсиси долони нақлиётии  транзитии роҳи  оҳанро  дар  назар дорад,  ширкат  доранд. Пурра татбиқ  гардидани  лоиҳа  ҳам ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳам Туркманистон  фоидаҳои  зиёди  иқтисодӣ  меорад. Аз ин рӯ, таҳкими  робитаҳои судманд барои  ҳарду  кишвар зарур  мебошад.  
Бо  боварии  комил метавон гуфт, ки  сафари  расмии  дар накша будаи Пешвои  миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Туркманистон,   дар таҳкими  минбаъдаи робитаҳои  дутарафаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф ва  соҳаҳои дигари гуманитарӣ, саҳифаи  нав  мекушояд.
 
Сангинов Н.Н., мудири шуъбаи
Осиёи Марказии ИОМДОА
 АМИТ, н. и. с.
 
 

НАЗАД