Автор: Рахмонов Мирсаид
(Ба муносибати бузургдошти Рӯзи Иқбол)
Обрӯи гул зи рангу бӯйи ӯст,
Беадаб берангу бӯ, беобрӯст.
Навҷавонеро чу бинам беадаб,
Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.
(Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)
Рӯзи Иқбол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1985 то ба имрӯз ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ба хотири бузургдошти шоир ва файласуфи маъруфи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ санаи 09.11.2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.
Сафири навинтихобшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе Муҳаммад Саид Сарвар, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонон Шералӣ, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон Кароматулло Олимов, намояндагони Сафорати Покистон, муҳаққиқон аз АМИТ, донишҷӯёни покистонӣ ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ иштирок намуданд.
Маҳфил бо суханони ифтитоҳии ректори ДМТ оғоз гардид. Сипас сафири Покистон аз ташаббускорони маҳфил изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар доираи илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошта, осори ӯ бо бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар идомаи маҳфил академик Кароматулло Олимов, профессори кафедраи филологияи Ҳинду Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Идибек Зиёев дар бораи осори шоир, ҷанбаҳои гуногуни шеър ва фалсафаи эҷодиёти Аллома Иқбол суханронӣ намуданд.
Дар мафҳил таъкид гардид, ки Муҳаммад Иқбол на танҳо забону адабиёти форсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта, онро ривоҷу равнақ додааст, балки ӯ забону адабиёти форсу тоҷикро ба мунтаҳои камол расонидааст.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин адибони форсу тоҷик ва мутафаккири нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд мебошад, ки бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол намудааст. Ба маълумоти Фақир Сайид Ваҳидуддин, ки аз соли 1916 то охири умр бо шоир шиносоӣ дошт, таърихи таваллуди Муҳаммад Иқбол 3-юми зилқаъдаи соли 1294-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 9-уми ноябри соли 1877-и милодӣ буда, зодгоҳаш шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби Покистони имрӯза мебошад. Ниёгони шоир аз бараҳманҳои Кашмир будаанд ва тақрибан се қарн қабл аз ин, бо сабабҳои номаълум тарки меҳан карда, ба Сиёлкути Панҷоб омада, ин ҷо иқомат ихтиёр карда, дини исломро қабул мекунанд. [1]
Мирзо Адиб дар мулоқоту мукотибаҳояш доир ба ҳама гуна мавзуъҳои адабӣ ва мубрами иҷтимоиро бо адибону дӯстонаш изҳори ақида менамуд. Дар ин зимн, мулоқоти нодири ӯ ва андешаҳояш доир ба шеъру шоирӣ дар мулоқот бо шоир ва файласуфи шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ низ дар ин китоб оварда шудааст. Вай ин лаҳзаҳоро чун ёддошти таърихӣ дар ҳаёти худ дониста, бо як забони хело хубу возеҳ хотираҳояшро баён намудааст.
Замоне ки ман дар синфи шашум ё ҳафтум таҳсил мекардам, аллома Иқбол бо номи «доктор сэр Муҳаммад Иқбол” машҳур ва маъруф буд. Он замон мо барои баргузории анҷумане дар коллеҷи исломии шаҳри Лоҳур пул ҷамъоварӣ мекардем. Директори мактаб аз ман ҷиддан хоҳиш кард, ки то ман дар ин анҷуман ҳозир шавам ва таъкид карда гуфт, ки шояд туро ба минбар даъват карда таъоруф намоем.
Анҷуман оғоз шуд ва се рӯз идома пайдо кард. Банда иштирок кардам, аммо на номи маро зикр карданд ва на ба минбар даъват намуданд.
Дар яке аз рӯзҳои анҷуман ман ба тамошои намоиши фурӯши китоб, ки дар беруни маҷлисгоҳ ташкил шуда буд, ба сайру гашт баромадам ва ногаҳон чашмам ба китоби «Бонги Даро» -и аллома Иқбол мултафит шуд. Онро ба даст гирифта, варақгардонӣ карда, хостам ба хона рафта, пул дастрас карда, харидорӣ, кунам.
Аммо ёд надорам, ки арзиши китоб чанд рупия буд, вале он замонҳо як рупия арзиши баланд дошт. Ба хона баргашта, ба модарам чунин гуфтам: “Модарҷон! Ман бояд “Бонги даро” харидорӣ кунам»
Модар пурсид, ки ин чӣ ҳаст. Гуфтам: Китоб.» Бо як ғусса гуфт: “Сумкаат пур аз китоб аст-ку, боз инро мехоҳӣ”. Ба ҳар ҳол модарамро қонеъ карда гуфтам, ки дар имтиҳонот ба ман кӯмак мерасонад ва роҳбари синф барои харидан низ тавсия доданд. Ҳамсинфонам низ харидорӣ карданд, агар дастрас накунам дар имтиҳон ноком мегардам.
Ин далоил модарамро қонеъ гардонид ва ногузир бароям пул дод ва рафта китоби “Бонги даро”-ро харидорӣ кардам. Дар ёд дорам, ки рӯзи дуюм ба дарс рафта, бо чанд дӯстам, ки барояшон дар бораи китоб нақл карда будам, ба хотири дидани он шавқмандона ба хонаи мо ташриф овардем.
Он замон назмҳои кӯдаконаи аллома ба мисли “наё шаввола”, “Парранде ки фарёд”, “таронаи ҳиндӣ”, “ҳиндустонӣ”, “ҷагну” ва “шиква ва ҷавоби шиква” хело машҳур будаанд.
Ман шунида будам, ки аллома Иқбол дар шаҳри Лоҳур зиндагонӣ мекунанд ва дар дил орзу доштам рӯзе ба дидорашон мушарраф хоҳам гашт.
Идораи маҷаллаи « Шабоби урду» дар кӯчаи “Шиш маҳалл”-и Лоҳур қарор дошт ва муҳаррии он Хон Аҳмад Ҳусайнхон буд. Гоҳе назму ҳикояҳои камина дар ин рисола чоп мешуданд. Бо ин восита бо Насир Ҳусайнхон, ки писараммаи Хон Аҳмад Ҳусайнхон буд, шинос ва дӯст гаштем.
Фикри мулоқот бо аллома дар зеҳнам такроран мисли оина намоён мегашт-» ман бо аллома дидору мулоқот мекунам» .
Баъди мутолиаи китоби “Бонги даро” хаёл мекардам, ки аллома як инсони оддӣ набуда, шояд касе дигар бошад. Ба ҳар ҳол шахсияти ӯро ман болотар аз ҳама чиз мепиндорам. Медонистам, ки дар кӯчаи “Меклуд руд” зиндагонӣ мекард, вале унвони хонаашон дақиқ бароям маълум набуд. Мо бо Насир Ҳусайнхон тасмим гирифтем, ки меравем ва аз одамон пурсида, манзилашонро пайдо мекунем.
Рӯзи якшанбе буд, ки ҳама дар рухсатӣ буданд. Мо ба сафар баромадем ва фавран ба ёдам расид, ки ин самт ба сӯи кӯчаи “Меклуд руд” равона асту сафарамонро ба он самт идома додем. Ҳолот ва вазъияти Насир Ҳусайнхон ба ман маълум набуд, аммо дили ман ба ларза даромада, диқ-диқ мекард. Аз чанд нафар пурсида, хонаро ёфтем ва тапиши дил боз ҳам зиёдтар мешуд. Аммо дар фикри ворид шудан будем, ки шахсе аз ҳавлиашон берун омад ва каме таваққуф карда, пурсид: “Барои дидани ҷаноби доктор омадаед”? Ва илова карда гуфт: “Аз колеҷи боғбонпура ташриф овардед” (дертар маълум шуд, ки ин шахс Алӣ Бахш, ёрдамчии Аллома будааст, он замон донишомӯзону талабагони колеҷи боғбонпура барои машварату муколама ба назди аллома меомаданд).
“Не”, гуфта ҷавоб додам ман. Вай ба назди Аллома даромада, чанд дақиқа баъд омада, гуфт: “Марҳамат дароед, ҷаноби доктор дар дохил нишастаанд. Мо ворид шуда, дидем, ки шахсе дорои мӯйлаб, дар тан зерпироҳан, дар дасташ чандто китоб, дар болои нимкат нишаста аст. Ва ин шахс Аллома Иқбол буданд, ки ман аввалин бор дар зиндагиам ба дидорашон мушарраф гаштам. Он кас китобро як тараф гузошта, ҷавоби саломро дода, моро ишора карданд, то ба курсие ки назди нимкат буда, бишинем. Дертар ном ва синф ва маҳалли зистамонро пурсиданд. Вақте ки фаҳмид, ки Насир Ҳусайнхон писараммаи Хон Аҳмад Ҳусайнхон аст, аз аҳволи вай низ пурсуҷӯ шуд.
Мо ҳар ду дар ҳайрат будем аз аллома чиро бипурсем. Ва дар ниҳоят аз ӯ савол кардем, ки оё Ҳаким Музаффар Ҳусайн Азҳар Деҳлавӣ мактуби моро ба Шумо ирсол кард ва Шумо онро хондед» .
«Ҳеҷ мактуб ба ман нарасидааст» -ҷавоб дод аллома.
Ман воқеаро барояшон муфассал баён кардам ва табассум карда чунин гуфт: “Ҷаноби сэр Сайидхон медонистанд, як нафар хоҳиш дорад, ки номаш машҳур гардад. Ӯро ба наздашон садо карда, гуфтанд, ки бар зидди ман дар ахбороту маҷаллаҳо мақолаҳо дарҷ намо ва номаш бо ин васила машҳур гашт”. Баъзе аз одамон ташнаи шуҳратёбӣ мебошанд ва бечораи “Гӯшанишини Вазирободӣ” низ ин амалро анҷом медиҳад» -баён кард аллома.
Мо тақрибан 5 дақиқа ҳамроҳашон суҳбат доштем, ки Алӣ Бахш даромада ба гӯши аллома чизе гуфт ва аллома сар ҷунбонда, ишора карданд.
«Меравем» -гуфт дӯстам ва мо бо аллома салом карда, худо ҳофизӣ кардем. Дар беруни ҳавлӣ як мошини дарозшакл меистод, ки аз дарунаш як нафаре баромада, ба назди аллома ворид шуд.
Ин мулоқоти аввалин ва охирин нависандаи покистонӣ Мирзо Адиб (1914-1999) бо аллома Иқбол буд. Мулоқот хело кӯтоҳ, аммо пурфайзу пурармон ва чун як сармояи гаронбаҳо ба ҳисоб мерафт. Нависанда ҳамеша аз худ савол мекард, ки аллома дар шаҳри Лоҳур буду ӯ низ дар ин шаҳр зиндагӣ мекард, аммо натавонист чаро ба таври доимӣ бо аллома Иқбол мулоқот намояд... Аммо ин дидори нодиру пурармон ҳанӯз дар зеҳни нависанда чун нақш дар санг бо чунин ёддоштҳо “як кати оддӣ, дар тан зерпироҳан, дар даст китоби қадима ва шояд девони кадом шоири форсу тоҷик”, ки то ҳанӯз боқӣ мондааст, нишаста мутолиа мекард.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки мардумони сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон пайванду ҳамкориҳои муштарак дошта, ҳар ду кишвар метавонанд бо чунин фарзонагони адабу сухан равобити гуногунҷанбаро тақвият бахшида, чун дипломатияи мардумӣ нақши калидӣ дониста, минтақаро озоду ободу ором нигоҳ доранд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
[1]Саидолимов К.С. МУҲАММАД ИҚБОЛ ВА ШИНОХТИ «ХУДӢ». Труды Академии. Выпуск 9. Отв. ред. Ф.Д.Дустов. Душанбе. 2006. Академия МВД Республики Таджикистан. -248 с. саҳ.239