Муносибатҳои дипломатӣ 13 декабри соли 1994 барқарор шуданд. Аз ин санаи таърихӣ гомҳои устувор гузошта шуда, моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд. Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад. Равобити ҳамкорӣ ва густариши табодули афкор бо кишвари арабии Қатар аз масъалаҳои муфиди ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад, ки дар заминаи иқтисодиёт, илм ва фарҳанг мебошад.
Дипломатияи мардумӣ ё неруи нарми фарҳангӣ дар баробари дипломатияи расмӣ имрӯз ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳими илми дипломатияи муосир дар донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои кишварҳои гуногун омӯзонида шуда, дар созмон додани муносибатҳои ҳасанаи дохилию хориҷии кишварҳо истифода мешавад. Дар кишварҳои шарқӣ ин падида суннатҳо ва таҷрибаҳои зиёдеро дорад, ки барои аз байн бурдани низоъҳои инфиродию ҷамъиятӣ ва дар барқарорсозии муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни миллатҳо ва кишварҳо дар тӯли таърих мусоидат кардааст.
Осори ниёгони мову шумо, ки аз устураҳои мардумӣ, осори мактуби матнҳои динӣ, ҳикмату фалсафа ва илм сарчашма мегирад, таъомули дӯстию рафоқат, ҳусни тафоҳум, ташаббусҳои инфиродию ҷамъӣ барои аз байн бурдани хусумату душманӣ ва душмантарошию бадномсозии тарафайн замина фароҳам меоварад, то инсоният ҳуввиятҳои аҳриманӣ ва шайтониро маҳор кунад.
Фикр мекунам, аввалин дипломатҳои мардумони Шарқ қаҳрамонҳои асотирӣ, пайғамбарон, шоирон ва донишмандон буданд, ки башариятро ба осӯдагию ҳамзистӣ ва некию накукорӣ ҳидоят кардаанд.
Агар ба таърихи фарҳанги гузаштагон таваҷҷуҳ кунем, ҳанӯз Зардушти некройю накугуфтор ва накурафтор шиори мардумии худро барои садоқати инсонҳо андешаи нек, гуфтори нек ва рафтори нек гуфта буд, ки инсониятро аз қувваҳои аҳриманӣ ба дур нигоҳ дорад, то онҳо ба ҳам оянд ва зиндагии арзанда дошта бошанд.
Бояд таъкид намоем, ки Пайғамбари Ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ низ ба инсонҳо тавсия карда буд, ки аз бухлу кина, ҳасад ва душманӣ синаҳои худро соф намоянд ва дар асоси муносибатҳои солими инсонӣ ҷомеаро дар тавозуни адолати иҷтимоӣ нигоҳ доранд.
Шоирону адибони гузаштаву имрӯзаи мо низ дар осори хеш робитаҳои ҳасанаи инсониро тараннум карда, бевосита бо амали хеш барои аз байн бурдани низоъҳои қабилавию ҷамъиятӣ ва идеологӣ хидматҳои арзандае нишон додаанд, мисли Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳоқонӣ, Мирзо Турсунзода, Аба Аъло ал-Мааррӣ, Ал-Мутанаббӣ ва дигарон.
Шоири шаҳири мо, Мирзо Турсунзода, воқеан ҳам дипломати мардумӣ буд, ки барои барқарории муносибатҳои дӯстонаи Иттиҳоди Шӯравӣ бо кишварҳои Шарқ сафарҳои зиёд намуда, саҳми арзандае аз худ дар ин замина бар ҷой гузоштааст. Ӯ дар ин порчаи шеърии худ мегӯяд:
Одамон аз дустӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Дар заминаи андешаҳои ҷаҳоншиносию маърифатшиносӣ ва ҷомеашиносию равоншиносӣ ҳакимону донишмандон барои пешрафти башарият масъалаҳоеро мавриди омӯзиши хеш қарор додаанд, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии башариятро фаро мегирад ва фикр мекунам, чунин роҳи ҳалли ин масъалаҳо рӯз ба рӯз арзиши бештаре ба худ касб карда истодааст.
Раванди босуръати ҷаҳонишавии имрӯза маҳз аз масъалагузориҳо ва роҳҳалҳои таҷрибаҳои гузаштагони мо сарчашма мегирад. Ҳамин истифодаи дуруст аз мероси маънавии гузаштагон аст, ки барои дарк ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти имрӯзи башарият мусоидат мекунад. Раванди ҷаҳонишавӣ бо истифода аз таҷоруби неки гузаштагон муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасии бештар ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардории беҳтар аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари муваффақиятҳо, низоъҳо ва бархӯрдҳои низомию идеологиро ба вуҷуд овардааст, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти инсониятро печидатар карда, хусумату душманӣ ва душмантарошии байни давлат – миллатҳоро афзоиш дода истодааст. Дар баробари ин, мушкилоти моддию маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мегардад. Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона мебошад, ки кишвари мо пайваста ва ҳадафмандона талош мекунад, то бо назардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик даст ёбад. Стратегияи кишвари мо иборат аст аз муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки ҷангҳо бошиддат авҷ гирифта, боиси хароб гардидани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ шуда истодаанд, яке аз роҳҳои хомӯш кардани ин низоъҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, дипломатияи мардумӣ ё фарҳангӣ ва истифодаи фаъол аз неруи нарм мебошад. Ин амали неку шоиста дар доираи ба инобат гирифтани умумияти давлату миллатҳо бидуни хушунату зӯроварӣ роҳи расидан ба суботи сиёсӣ ва ваҳдати комилро наздик менамояд. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ фарҳангро ҳамчун рукни чаҳоруми сиёсати хориҷии давлат ба кор бурда, аксари муноқиша ва низоъҳоро дар се даҳсолаи ахир тавассути дипломатияи фарҳангӣ ва мардумӣ баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон фарҳангро омили муҳимми ҳувиятсоз муаррифӣ карда, онро ҷиҳати барпо кардани ваҳдату ягонагӣ дар дохили кишвар ва устувор кардани мақому ҷойгоҳи давлат унсури калидӣ медонанд.
Неруи нарм ҳамзамон ҷузъи дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Дипломатияи фарҳангӣ метавонад тамоми унсурҳои дар боло зикршударо дар муносибатҳои байналмилалӣ истифода намояд.
Яке аз роҳҳои ба даст овардани қалбу андеша ва раъю мароми қишрҳои мухталифи ҷомеа, дипломатияи фарҳагиву мардумист, ки одатан арзишҳои отифию ахлоқӣ ва адабию фарҳангӣ мавзӯи асосии ин навъи муносибот қарор мегирад. Дар ин навъи муколама, ки фарҳанг ва ахлоқ нуктаи марказист, имконоти фаровоне барои истифода аз қишрҳои мухталифи аҳолӣ дар пешбурди ҳадафҳои давлат фароҳам менамояд.
Фикр мекунам, ки мушкилоти мавҷуда мо донишмандонро бори дигар водор месозад, то рисолати ташаббускорӣ, созандагӣ ва гуфтгӯи фарҳангиро беш аз пештара тақвият дода, бо ташкили чунин ҳамоишҳои байналмиллалӣ ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳуми байни миллатҳоро ҷустуҷӯ намуда, роҳҳалҳои муносибу мувофиқро пешниҳод намоем.
Воқеан, ин ҳамоиши имрӯза, яке аз платформаҳои хубест, ки аз тарафи давлати Қатар ва Шабакаи байналмилалии дипломатияи мардумӣ ташкил шудааст, то муассисаҳои илмию фарҳангӣ ба ҳам омада, барои пешбурди ин рисолати таърихии хеш қадамҳои ҷиддии хешро гузоранд.
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ маҳз барои пешбурди ин рисолати таърихии хеш аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар заминаи Институти Шарқшиносӣ таъсис дода шудааст, то мо олимону донишмандон дар ҳалли мушкилоти мардум аз роҳи созандагию офаринандагӣ, бархурдҳою низоъҳои динию мазҳабӣ ва низомӣ роҳҳалҳои муносибу судмандро дар заминаи арзишҳои созандаи умумибашарӣ пешниҳод намоем.
Институт аз шуъбаҳои Шарқи Миёна ва Наздик, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупою Америка иборат буда, чунин масъалаҳоро дар доираи лоиҳаҳои зерин баррасӣ ва таҳқиқ мекунад. Мавзӯи асосии Институт чунин лоиҳаҳоро дар бар мегирад:
- Таърихи ҳамкории муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: дастовардҳо ва дурнамои он;
- Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ: мушкилот ва дурнамо;
- Тамоюлҳои рушди вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва масоили амниятӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна;
- Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он;
- Масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.
Натиҷаҳои аввалияи ин таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ки баъди аз байн рафтани ҷаҳони дуқутба ва фароҳам омадани ҷаҳони бисёрқутба, кишварҳои ҷаҳон дар асоси манфиатҳои миллии хеш муносибатҳои хориҷии худро ба роҳ монда, сиёсати мутавозунро амалӣ менамоянд. Аммо барои ба амал баровардани ин ҳадафи муштараки байни кишварҳо, масъалаҳои зиёде назди мо мавҷуд ҳастанд, ки бе ҳузури коршиносону донишмандон имкони роҳи ҳали дурусти онҳо душвор аст.
Ҷиҳати рушду такомул бахшидани ҳамкориҳои судманди дипламатияи мардумӣ ба назари мо чунин иқдомҳо зарурат доранд:
- Ҳамкорӣ дар масъалаи тарҷума ва нашри мақолаву китобҳои илмию адабии олимон ва адибони тоҷик ва қатарӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ.
- Ҳамкории олимони тоҷик ва қатарӣ барои омӯхтани таърих, вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир.
- Тарҷума ва пахши филмҳои баландмазмуни қатарӣ ва тоҷикӣ дар телевизиони Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ташкили гӯшаи илмию фарҳангии Қатар дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва гӯшаи илмию фарҳангии тоҷикӣ дар донишгоҳҳои Давлати Қатар.
- Мубодила ва намоиши китобҳои тозанашри тоҷикӣ ва қатарӣ дар китобхонаҳои ҳар ду кишвар, дар ҳамин радиф боз кардани давраҳои омӯзиши забони арабӣ барои мутахассисони тоҷик ва забони тоҷикӣ барои мутахассисони қатарӣ. Мо дар ин замина ҳамкориҳои зиёд ба кишварҳои аврупоӣ, масусан бо Донишгоҳҳои Ҳумболд ва Оксфордро дорем.
- Давраҳои таҷрибаомӯзии мутахассисони Институт бо Донишгоҳҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии Давлати Қатар барои ҷамъоварии маводҳои илмӣ ва таҷрибаҳои коршиносони қатарӣ дар пайдо кардани роҳҳалҳои муносибу мувофиқ дар ҳалли низоъҳои минтақавию байналмилалӣ.
- Даъвати олимони қатарӣ барои ошноӣ бо дастнависҳои осори арабзабони Осиёи Марказӣ дар марказҳои илмию адабӣ ва китобхонаҳои Тоҷикистон ва ташкили ҳамоишҳои илмию адабии муштарак дар пажӯҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қатар.
- Гузаронидани конференсияҳои илмию тадқиқотии муштарак дар соҳаи сиёсати хориҷии кишварҳои Ховари Миёна ва Наздик. Анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ дар масъалаҳои доғи рӯзи мамлакатҳои Ховари Миёна ва Наздик.
Бо дарназардошти сатҳи баланди робитаҳо ва азму иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар, мутмаинем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди беш аз пеши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ хоҳем буд.
Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ карда, бовар дорем, ки ҳамкориҳои ин ду кишвар дурнамои умедбахш дорад, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илмию фарҳангию сайёҳӣ ва густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ
Директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ