ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ!

Автор: Шамсиддин Каримов

Расм

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ!

(дар ҳошияи cуханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

Чун ҳамеша, мулоқоти навбатии Пешвои миллат ва суханронии он кас зимни мулоқоти мазкур заминаҳои амиқи сиёсию иҷтимоӣ дошта, ҷавобу мавқеъгирии равшану мушаххаси Президенти кишвар ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии замони муосир ва Ҳукумати Тоҷикистон ба он чолишҳо ва мушкилиҳои рӯзафзуни хатарзо ва нигаронкунанда мебошад, ки таҷрибаву дониш ва андешаҳои саривақтиву хирадмандонаи Пешвои миллат арзиш ва аҳамияти онро бамаротиб зиёд намудааст. Ба қавли худи ҷаноби Президент, ин як ибрози назар ва андешаронӣ “...доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо” мебошад.

Гузашта аз он, муҳтавои суханронии навбатии Пешвои миллат дар ин мулоқот ҳамчунон аз ҷасорати сиёсӣ, дараҷаи баланди маърифати сиёсӣ ва эҳсоси масъулияти Президенти кишвар ба хотири дифоъ аз марзу буми Тоҷикистон, тамомияти арзии кишвар, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдат ва ягонагии мардумони кишвар, таъмини ҷойгоҳи муносиб ва шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври раднопазир шаҳодат медиҳад, ки худ намунаи хуби раванди давлатдории миллии мо баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар оғози сухан бо муҳаббат ва ифтихори бепоён дастовардҳои бузург ва анъанаҳои неки таърихии ниёгонамонро зикр намуда, хотирнишон карданд, ки “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд”.

Масъалаҳои мавриди назар, ки дар мулоқоти мазкур зимни суханронии Пешвои миллат матраҳ шуданд, ҳар кадом муҳим ва тақдирсозанд. Дар ҳамин замина, аз назари Президенти кишвар, сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад ва нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ, ба қавли Пешвои миллат, ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд.

Пешвои миллат роҳҳалҳои мушкилоти мавҷуда ва самтҳои асосии фаъолияти давлату миллатро барои шукуфоии бештари кишвар муайян сохтанд, ки илму маърифат, роҳнамоии дуруст ва тарбияи солими ҷавонон дар ин замина ҷойгоҳ ва мақоми махсусро касб намудааст. Воқеан ҳам, калиди бисёре аз мушкилиҳо ва нобасомониҳои ҳаёти имрӯзи мо ба дараҷаи дониш, ҷаҳонбинии диниву дунявӣ ва маърифати шаҳрвандонамон вобастагӣ дорад. Соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани Пешвои миллат низ ба ҳамин мавзӯъ иртиботи ногусастанӣ дорад. Таърихи пурифтихори ниёгонамон низ аз он шаҳодат медиҳад, ки касбу дониш ҳамеша чароғи равшан ва раҳнамои рушду такомул ва саодати миллатамон будааст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки фақат шаҳрвандон ва махсусан ҷавонони донишманд ва мусаллаҳ бо донишҳои пешқадам ва технологияҳои муосир метавонанд дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолиятро ҳифз кунанд, онҳоро такомул бахшанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро шуҳрати бештари ҷаҳонӣ эҳдо намоянд.   

Каримов Ш.Т.,

д.и.с., сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада

 

НАЗАД