Пайдост, ки дӯстиву робитаҳои адабию фарҳангии мардуми аҷам бо кишварҳои араб решаҳои амиқи таърихӣ дошта, сарчашмаи онҳо то ба давраҳои тоисломӣ мерасад. Баъди зуҳуру интишори дини ислом ин робитаҳо густариш ёфтанд ва дар асрҳои вусто пайвандҳои адабии тоҷику форс ва араб вусъати бесобиқа пайдо намуданд.
Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои ҷолибу муассире рӯи кор омаданд, ки аз ҷумлаи онҳо рӯй овардан ба таърихи гузаштаи мардуми тоҷик ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши мероси ғаноманди гузаштагонамон маҳсуб мешавад, зеро таҳқиқу бозгӯи осори маҳфузмондаи даврони қадим яке аз унсурҳои истиқлолияти комил ва худшиносии миллӣ буда, таъйин намудани нақши фарзандони фарзонаи миллати мо дар рушду нумуи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ дар замони муосир бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Якчанд ҷанбаҳои асосии равобити адабии Арабу Аҷам ва мероси илмию адабии фарҳехтагони гузаштаи мо аз ҷониби арабшиносони забардасти тоҷик ба монанди Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Н. Зоҳидӣ, У. Ғаффорова, У. Юсуфов ва дигарон таҳқиқ шудааст. Донишмандони мазкур бештар давраи асримиёнагии муносибатҳои адабии тоҷику арабро дар меҳвари пажӯҳишот қарор додаанд.
Яке аз арабшиносони мумтози тоҷик, ки дар ин росто пажӯҳиши густурда намудааст, Марҳабо Раҷабова мебошад. Ӯ тайи чандин солҳост, ки дар ҷодаи арабшиносӣ таҳқиқоти назаррас мебарад. Масалан, соли 2011 монографияи ӯ таҳти унвони “Адабиёти шуубии форсу тоҷики асрҳои VIII-X” [1] ба табъ расид, ки китоби мазкур масоили мубрами адабиёти шуубияи форсу тоҷики садаҳои VIII-X, аз ҷумла, омилҳои зуҳур ва тарвиҷи ҳаракати шуубия ва заминаҳои пайдоиши адабиёти навини форсу тоҷик, пайдоиши оҳангҳои меҳанпарастӣ ва зиддихилофатӣ дар адабиёти форсу тоҷики асри X, таҷдид ва бозофаринии адабии осори тоисломиро фаро гирифтааст. Муаллиф афкору ақоиди бузургтарин намояндагони шуубияро дар меҳвари пажӯҳишоти худ қарор дода, хидматҳои парчамбардорони шуубияро дар густариши фарҳанги аҷамӣ тарсим намудааст.
Муаллиф дар асари мазкур густариш ёфтани афкори ватанхоҳӣ, таҳкими ифтихори миллӣ ва садоқат ба меҳани аҷдодиро дар миёни мардуми форсу тоҷик дар дарозои садаҳои VIII-X бо санадҳои мувассақ собит намуда, ба натиҷае мерасад, ки “наҳзати шуубия чун инъикоси раванди бедории миллӣ ва худҷӯиҳои маънавиву ахлоқии мардуми Эронзамин дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои VIII-X нақши боризи худро гузоштааст. Баррасии амиқтар ва васеътари ин масъала метавонад ба шинохти беҳтари авомил ва заминаҳои пайдоиши адабиёти форсу тоҷики аҳди Сомониён, рушди афкори меҳанпарастиву аҷамгароӣ дар ин адабиёт ва равобити адабии Арабу Аҷам дар қарнҳои нахусти ислом мусоидат намуда, як қисми таркибии адабиёти халқҳои эронӣ будани осори арабизабони шоирон ва нависандагони шуубимазҳаби асрҳои VIII-IX-ро ба субут мерасонад” [1, 175].
Китоби дигари М. Раҷабова ба унвони “Тазкираи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ ва аҳаммияти адабии он” [2] соли 2021 дар Душанбе мунташир гардид, ки дар он роҷеъ ба таърихи ташаккулу таҳаввули адабиёти арабизабони форсу тоҷик, зиндагинома ва таълифоти Имодуддини Исфаҳонӣ ва сохтору муҳтавои “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср” иттилои комил омадааст. Дар китоб тазкираи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ ҳамчун сарчашмаи асосии омӯзиши назми арабизабони нимаи дуюми асри XI ва асри XII мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар бобҳо ва бахшҳои марбути китоб кӯшише ҷиҳати пажӯҳиши тазкираи мазкур ва дар заминаи он таҳқиқи зиндагиномаю эҷодиёти намояндагони назми арабизабони нимаи дуюми садаи XI ва асри XII дар ҳавзаҳои адабии қаламрави Эронзамин, ба монанди Туғроии Исфаҳонӣ, Абубакри Арҷонӣ, Абумузаффари Абевардӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абулмаолии Варконӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Абулҳасани Байҳақӣ, Ҳамидуддини Балхӣ, Адиб Ҳусайн ибни Иброҳими Натанзӣ, Имодуддини Исфаҳонӣ, Рашидуддини Ватвот, намояндагони Оли Хуҷанд ва дигарон сурат гирифтааст, то ҷойи холие дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва арабии асрҳои мазкур пур гардад.
Қобили тазаккур аст, ки соли 2022 ин муҳаққиқи соҳибфазилат диссертатсияи доктории хешро зери унвони “Таҳаввули назми арабизабони форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва асри XII (дар заминаи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти араб ва форсӣ) бомуваффақият дифоъ намуд.
Арзишу аҳаммияти рисолаи доктории М. Раҷабова дар нигоштаҳои зерини арабшиноси тоҷик Умриддин Юсуфӣ ба таври шоиста таҷассум гардидааст: “Аз мазиятҳои дигари рисолаи Раҷабова Марҳабо ин аст, ки забон ва шакли навиштори он комилан илмӣ буда, мутобиқи меъёрҳои забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Он аз маъдуд рисолаҳоест, ки ғалатҳои фаннӣ ё имлоӣ қариб дида намешавад. Таҳқиқи мавзӯи мазкур дар адабиётшиносии тоҷик бори аввал сурат гирифта, арзиши баланди назарӣ ва амалӣ дошта, дар заминаи маъхазҳои муътабару муътамади илмӣ ва назариявӣ таълиф шудааст” [4].
Марҳабо Раҷабова муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмиву методӣ буда, собиқаи илмиву педагогии ӯ дар донишгоҳ зиёда аз 22 солро ташкил медиҳад. Дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ 10 июли соли 2006 аз ҷониби шӯрои диссертатсионии К. 737.002.02 назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дода шуда, тавассути КОА Федератсияи Русия 23 марти соли 2007 тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон, 31 декабри соли 2013 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия №1036 / нк-3 унвони илмии дотсенти кафедраи филологияи арабро соҳиб гардидааст [5]. Дараҷаи илмии доктори илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (адабиёти араб ва форсӣ) 30 июни соли 2022 аз ҷониби шӯрои диссертатсионии 6D.КOА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дода шуда, тавассути КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2022 № 311/д. тасдиқ гардидааст.
Соли 2020 ба вазифаи мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таъйин гардида, алҳол дар ин вазифа адои хидмат менамояд. Ӯ аз фанҳои “Забони арабӣ”, “Таърихи адабиёти араб”, “Курси махсус”, “Мадхали сарчашмашиносӣ” дарс гуфта, ҳамчунин роҳбарии илмии унвонҷӯёнро низ ба зимма дорад.
Ин чанд хутут кофӣ нест, ки хидматҳои устод Раҷабова Марҳаборо гуфта бошем, зеро ин донишманди пуркор дар ҷодаи тарвиҷи равобити адабии тоҷику араб заҳматҳои зиёде кашида, ҳамчунин, шогирдони зиёдеро низ тарбия намудааст. Муаллимаи азиз барои ҳамагон намунаи ибрат буда, имрӯз ҳамаи шогирдон бо устод Раҷабова Марҳабо фахр доранд. Мо ба муаллима саодату сарбаландӣ, шодбахтиву пирӯзӣ ва ба корҳои илмиву эҷодиашон комёбиҳои назаррас таманно дорем!
Адабиёт:
- Раҷабова Марҳабо Тӯхтасуновна. Адабиёти шуубии форсу тоҷики асрҳои VIII-X. – Хуҷанд: “Меъроҷ”, – 204 с.
- Раҷабова Марҳабо Тӯхтасуновна. Тазкираи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ ва аҳаммияти адабии он. – Душанбе: “Нӯшбод”, 2021. – 200 с.
- Раҷабова Марҳабо Тӯхтасуновна. “Таҳаввули назми арабизабони форсу тоҷик дар нимаи дуюми асри XI ва асри XII (дар заминаи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср”-и Имодуддини Исфаҳонӣ)”. – Дисс.докторӣ. Душанбе, 2022.–375 с.
- Юсуфӣ Умриддин. Тақриз ба китоби Раҷабова М.Т.: “Тазкираи “Харидат-ул-қаср ва ҷаридат-ул-аср” – и Имодуддини Исфаҳонӣ ва аҳаммияти адабии он”. – tnu.tj.
- tnu.tj.
Каримова Шоҳона,
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик