Дуои неки шодравон Мирзо Юсуфи Фозилзода ва олимону ходимони ватан барои Президенти кишвар

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ фарзандони фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кардаанд, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат раҳо дод ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд.
Яке аз чунин фарзонагон роҳбари давлат ва Президенти кишвар мебошад, ки ба қавли Муҳаммад Иқбол:
     
       Худо он миллатеро сарварӣ дод,
       Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
       Ба он миллат сару коре надорад,
       Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Чун роҳбари дилсӯзу хирадманд ба миллати худ хидмат карду мекунаду хоҳад кард.
Барои мо ифтихор аст, ки ин фарзанди фарзонаи миллат бори дигар бо кӯмаки мардуми шарифи кишвар ва дуои модарону падарони меҳрубон бори дигар чун сарвари давлат интихоб ва пешниҳод гардид. Боварӣ дорем, ки талошу муборизаҳо барои ҳифзу нигаҳдории ватан зери роҳбарии ин шахси ботаҷриба бори дигар мақому симои кишварамонро, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон чун кишвари соҳибфарҳангу мутамаддин шинохта шудааст, болотар хаҳад бурд.
Ташаббуси созандаи роҳбари давлати Тоҷикистон дар даврони 29 соли Истиқлолият хеле зиёд буд, ки яке аз он арҷгузорӣ ба орифону фозилону донишмандони кишвар мебошад. Аз бузургдоштӣ Рӯдакӣ оғоз шуда, то таҷлили Имом Абуҳанифаи Нуъмонро метавон мисол овард, ки аз шафқату меҳру сафои ин роҳбари дилсӯз шаҳодат медиҳад.
Ба ин муносибат дар ростои маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олим, ориф, шоир ва муаллифи китоби “Меҳроби меҳр” Мирзо Юсуфи Фозилзода ба сарвари кишвар ба унвони туҳфа чун дуо неки орифону бузургон ба муносибати пирӯзашон дар интихобот ва шомил шудан дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон такдим менамоям, то дар партави он қадамҳои устувори ояндаи худро гӯзошта, созандагиву ободкорӣ ва ҳифзи озодиву оромиро барои Ватану миллат идома диҳанд,
 
      Эмомалӣ, ки пайи ҷашни мавлиди Нуъмон,
      Талош кард хирадманду поквиҷдон аст.
      Барои ваҳдати миллат талош месозад,
      Гирифта дарс зи таърихи Оли Сомонаст.
      Зи раҳнамуди ниёгон барои худсозӣ,
      Кушода мадрасаву мактабу дабистонаст.
      Худо ҳидояту тавфиқро кунад ёраш,
      Ки саъи ӯ пайи таъмири Тоҷикистон аст.
      Зи файзи Нуъмон дар ин диёри мо,
      Ҳумои бахт ба лутфи Худо парафшонаст.
      Аз ин паём хар озода шодмон гардид,
      Чи ҳинди ё чи араб ё чи турку афғонаст.
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 
 

НАЗАД