Автор: Ниёзи Ёрмахмад Бобо
Фарҳанги наврӯзӣ асолати идеологияи миллист
Агар мо таърихи Наврӯзро мутолиа кунем ва бархӯрди онро бо тамоми идеологияҳои муҳоҷим ва бегона баррасӣ кунем, ба ин натиҷа хоҳем расид, ки Наврӯз ҳамчун фарҳанг нигоҳдорандаи асолати миллии мо тоҷикону форсизабонон аст.
Ин асолатро забон, урфу одату ҷашнҳо, шинохти табиат ва инсон, зебописандиву ахлоқи наку ва камолоти инсон, андӯхтани дониш ва касби таҷрибаҳо дар заминаи воқеияти табиию иҷтимоӣ, пайвастани илм ба ҷомеаи истеҳсоливу иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ, онро мо фарҳанги наврӯзӣ номгузорӣ мекунем. Маҷмӯаи ин вижагиҳо ҳамчун иммунитети миллии мо, то ба имрӯз ба тамоми идеологияю фарҳангҳои муҳоҷим муқобилият ва муқовимат карда, ҳувияти миллии моро нигоҳдорӣ мекунад. Чи хеле ки медонем, фарҳанг маҷмӯаи таҷрибаҳои фикрии як ҷомеа аст, ки дар тайи зиндагии иҷтимоӣ дар сохту созмони ҷомеа ташаккул ёфтааст ва дар айни ҳол ба он сохту созмон шакл медиҳад ва ба ин ҷиҳат марзҳои иҷтимоии он ҷомеаро бо ҷомеаи дигар маълум мекунад ва ҳамзамон, дар зимни бархӯрдҳои дохилӣ ва берунӣ таҷриба ҳосил карда, як наслро ба насли дигар дар асоси ин таҷрибаҳо ба ҳам пайваст мекунад.
Ягона унсуре, ки фарҳанги миллӣ ё фарҳанги наврӯзиро нигоҳ дошт, ин забони тоҷикӣ- форсӣ мебошад. Акбар Турсон, яке аз муҳаққиқони фарҳангшиноси ватанӣ миллати моро, бо иқтибос аз файласуфи олмонӣ Фихте, ки миллатҳои замони худро ба “миллати забон” ва “миллати нажод” тақсим карда буд, миллати забон дониста “посбони маънавии халқу кишвар буду монд” гуфтааст.
Дар ҳамин замина Бозор Собир мегӯяд, ки:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Яъне, яке аз унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, ки онро забон ташкил медиҳад ва унсури асосӣ ба ҳисоб меравад, то ба ҳол дар тӯли мавҷудияти худ бо вуҷуди ҳуҷуми идеологияҳои бегона, мисли юнониву арабӣ, муғуливу туркӣ фарҳанги миллии моро ваҳдат бахшида, ба марҳилаи гуфтугӯи фарҳангии байни нажодҳо расонидааст.
Бо вайрон кардани тахти Ҷамшеди асосгузори Наврӯз ва сӯзонидани Авасто аз тарафи юнониёну арабон, фарҳанги наврӯзӣ дар зери ин хокистари пайкари хеш ҳамчун ахгаре ба сифати забон самандарвор шуъла афканда, оташафканандагони худро бо ҳарорати рӯшангарона тағйир дода, ба рӯшноию бедорӣ расонид, то он тинати торики ҷоҳилонаи худро бо андешаҳои нурбахши фарҳанги наврӯзӣ офтобӣ созанд.
Ҳар идеологияҳои муҳоҷим, ки ба сарзамини мо омаданд, дар бархӯрд бо фарҳангҳои бумии мо ҷеҳра дигар карда, саранҷом маҷбур шуданд, ки ҷашнгирии Наврӯзро бо иваз кардани баъзе унсурҳои он қабул кунанд. Ба мисли идеологияи исломӣ, ки табдил додани хони “ҳафт шин” ба хони “ҳафт син” будааст. Гузашта аз ин, номи муассиси ҷашнро ҳам иваз карда, “Сулаймон паёмбарро ҷойгузани Ҷамшедшоҳ кардаанд!”.
Дар даврони ибтидоии Шӯравӣ низ ҳамчун иди кӯҳанпарастӣ ва динию мазҳабӣ иҷозати ҷашнгирии Наврӯз набуд, аммо баъдан имконият пеш омад, ки бо асоснок кардани он аз тарафи олимони тоҷик ҳамчун иди берун аз ҳар гуна кӯҳапарастиву динмадорӣ боз ҷашн гирифта шуд.
Наврӯз аз замоне оғоз мегардад, ки инсон худро мешиносад ва ба кашфи асрори табиат ва моҳияти инсонии худ огоҳ мешавад. Агар ки оғози Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат диҳем, ба қавли Фирдавсии бузург, Ҷамшед аввалин шахсе аст, ки оташ, ресандагиву бофандагӣ, кишоварзӣ ва тамоми ҳунарҳои дуредгариву меъмориро асос гузошт ва ормони абадзиндагии инсонро кашф ва шоистагии абадияти зиндагии инсонро матраҳ карда, арҷ гузошт, ки дар ҷаҳони муосир низ аз роҳи нусхабардории ҷисмӣ (клонирование) ин иқдоми ӯ амалӣ шуда истодааст.
Вижагии дигари Наврӯз ин буда, ки бо тамоми фарҳангҳои куҳану нави ҷаҳон ҳамеша дар муколамаву гуфтугӯст ва ҳеҷ яке аз онҳое, ки ба озодиву шарофати инсон зиддият надоранд, ба тафриту ифрот нарафта, эътидоли инсониро тарвиҷ медиҳад, дар созишу мадорост.
Дар баробари тафаккуроти ифротӣ, фарҳанги наврӯзӣ тафаккури эътидолро ироа мекунад, зеро ин бевосита ба муҳити баҳори наврӯзӣ ё ба таъбири фалсафӣ, ба табиат пайвастагӣ дорад. Наврӯз дар фасле рост меояд, ки шабу рӯз баробар буда, нурҳои офтобӣ нерубахши тамоми мавҷудоти оламанд ё дар устураҳо ҳамчун зодрӯзи офтоб омадааст, ки мазмуни рамзӣ дошта, тавлидгари донишҳо ва кашфиётҳои тоза ба тоза мебошад, то ба зиндагии башарӣ равнақи нав диҳад. Дар баробари нерубахшии нури офтоб, табиати карахт ва дигар мавҷудоти зинда, боз ҳушёр гашта, ба шукуфтанҳову рустанҳо шурӯъ мекунанд, ки ин ба табиати замин вобаста аст. Дар табиати инсон низ ин нуфузи нурҳои офтобӣ муассир гашта, эҳсоси зебоиписандиву зебоишиносӣ, андешапарвариро бедор сохта, ба ҳар як инсони зиндагисоз худсозиву худсозмондиҳии ҷамъиро тақвият мебахшад, то бар хатарҳои зиндагисӯз ва нобудкунанда пирӯз гардад ва ҳувияти инсонсолории худро посдорӣ кунад.
Агар аз ибтидо ин идеологияҳои муҳоҷим ва мардумхор, ки дар партави шиорҳои бародарӣ (мисли шиори ҳамаи мусулмонҳо на кофарон ба ҳам баробаранд ва баробариву сулҳдӯстӣ дар консепсияи идеологии коммунистӣ) ба фарҳангҳои бумӣ арҷ мегузоштанд, шояд то ба ин дараҷа тамоми фарҳангҳои бумии дигар ақвому миллатро аз байн намебурданд ва дар ҳамгироиву ҳамбастагӣ фарҳанги башариро дар гуногуннавъию гуногунандешӣ эҳтиром қоил мешуданд ва башарият гомҳои пештаре мебардошт, то аз ин ваҳшониятҳо наҷот ёбад.
Наврӯз дар фарҳанги худ фарҳанги кишоварзиро тарвиҷ кард ва ибтидотарин фарҳанги ҷаҳониро дар баробари дигар фарҳангҳо офарид.
Бунёдгузори Наврӯз, ки Каюмарс ва муассиси Наврӯз Ҷамшед аст, ҳамчун ҷашни ҳамагонӣ дар моҳияти хеш бародариву баробариро асос гузошта, барои бурузи истеъдодҳо ва ба намоиш гузоштани дастоварди инсон ҷашн орост, то ҳамагон аз истеъдоди офарандагии худ дар хидмати якдигар бошем. Ин хидматгузориву садоқати байниҳамдигарӣ, ки асоси ҳар гуна ҷомеаҳои мардумсолор аст, то ба имрӯз арзиши худро аз даст надода, балки ҷаҳонӣ ва ба як суннати инсонӣ бадал мешавад.
Вижагии дигари фарҳанги наврӯзӣ дар он ифода меёбад, ки адолати иҷтимоиро асоси ҳар сиёсати кишвар медонад. Дар суннати сиёсатгузории фарҳангии наврӯзӣ ҳар шоҳе ба назди мардум ташриф меоварад ва мустақиман бо мардумаш дар гуфтугӯ ва муҳокимаҳои мушкилоти онҳо баҳсҳо меорояд.
Суннати дигари фарҳанги наврӯз ҳадяҳову бахшиши кӯтоҳиву гуноҳони ҳамдигар, чи дар байни афроди ҷомеаи худ ва чи дар байни муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад. Бо иҷрои чунин суннатҳо, мубориза бурдан ба ҳамагуна амалҳои бадангез ва бадкорӣ, дар ниҳоят, пирузии некӣ бар бадӣ имконпазир мегардад.
Вижагии дигари фарҳанги наврӯзӣ ин покиза нигоҳ доштани хонаву дар ва муҳити зист мебошад, ки яке аз мушкилоти муҳити ҷаҳони муосир мебошад. Маънии суннати мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як инсон аз худ шурӯъ карда, муҳити иҷтимоию табиии худро покиза нигоҳ медорад ва истифодаи манобеъи табииро мақсаднок ба роҳ мемонад.
Наврӯз дар баробари иқтисоди фаросаноатие, ки вижагии тағйирпазирӣ ва сареъуссайрро дорад ва ҳамеша моҳияти зоиши табиат ва тафаккури эҷодиро қабул дорад, дар раванди имрӯзи ҷаҳонишавии фарҳангҳои инсонсолор сомонбахши зиндагии мост.
Бо боло рафтани мушкилоти экологие, ки аз ҳисоби иқтисоди саноатӣ дар ҷаҳони муосир ривоҷ ёфтааст, инсон аз табиат сӯистифода карда, рӯз то рӯз мушкилоти нави муҳитизистӣ, касалиҳои физеологию биологиро ба вуҷуд оварда истодааст, аз ин рӯ, зарурате пеш омадааст, ки меъёри аслии фарҳанги наврӯзиро, ки эътидол аст, риоя кунем. Эътидол ва нарафтан ба ҳар тафриту ифрот дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ маҳаки қонунмандӣ, чи дар табиат ва чи дар ҷамъият мебошад, то аз ин роҳ қонунҳоро ба вуҷуд оварем ва риоят кунем ва бо тағйири арзишҳо онҳоро таҷдиди назар карда, меъёрҳои навро роҳандозӣ кунем.
Хулоса фарҳанги наврӯзӣ ба сифати мафкураи миллӣ ва фаромиллӣ, барои шинохти гузаштаву имрӯзи ояндаи ҳувияти мо ва ҷаҳониён мусоидат хоҳад кард.
Ниёзӣ Ёрмаҳмад,
Доктори илмҳои фалсафа