Фазлиҳақ Хайрободӣ-олим, ориф, шоир ва адиби форсу тоҷики диёри Ҳинд

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,
  Ин ду маънӣ эътибори миллат аст. (Иқбол)
  Илму ихтироот, олимону орифон, роҳбарону корбарон, истеъдоду инкишофот ва макону мақомҳо аз васоиту васоиле мебошанд, ки қаробату шарофатро байни аҳли башар ҳифз менамоянд. Инҳо чун сармояи башарӣ тармимгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ нақши хос мебозанд. Дарку хирад ва қадрдонии онҳо таваҷҷуҳи хос мехоҳад, то натиҷаи дилхоҳ ва чашмрас барои рушди илмии ҷомеа ба даст ояд. Ин ҳамаро метавон чун нерӯи нарму созанда ва санади асосии дипломатияи мардумӣ хонд, зеро тавассути он қарордоди доимӣ барқарор мегардаду равобити илмии башарӣ боқӣ мемонад.
  Тоҷикистон ҳамасола 15-уми апрелро ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мекунад. Ҳамаи он аз барои қадрдонӣ ва эҳтироми олимон ва адибону донишмандон аст, ки мақому мартабаи тоҷик ва Тоҷикистонро бо илму маърифат ва кашфиёту фасоҳат дар дохилу хориҷи ватан баланд бардошта, арҷгузорӣ кардаанд.
  Ҳамин тавр, бояд ифтихор кард, ки дар даврони 30 соли Истиқлолият олимону ходимони Академияи миллии илмҳо ва Институтҳои зертобии он ва донишгоҳу донишкадаҳо ҳазорҳо пажӯҳишҳои илмӣ ва китобу рисола ва маҷмӯаҳо ба табъ расондаанд, ки дар маҷаллаҳо ва нашрияҳои бонуфузи кишвар ва хориҷи он аз ҷумла, Русия, Амрико, Аврупо, Эрон, Ҳиндустону Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ ба нашр расидаанд, ки шаҳодати эътирофи натиҷаи тадқиқоти олимони тоҷикро дар мақоми миллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад. Имрӯз равобит ва ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумла, Институти Осиё ва Аврупои он бо марказҳои илмии бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла мамолики Аврупову Осиё ва Амрикову Африко хуб роҳандозӣ ёфта, вусъат пайдо кардааст.
  Дар ин зимн, ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва қадршиносӣ аз олимон хостем назари кӯтоҳе ба рӯзгор ва осори яке аз донишманд адаби форсу тоҷикии диёри Ҳинд дошта бошем. Тибқи дарёфтҳо донишманд ва орифи бузург Аллома Фазлиҳақ Хайрободӣ санаи 7-уми апрели соли 1797 дар маҳаллаи Хайрободи ноҳияи Ситапури Утар Прадеши Ҳиндустон таваллуд шудааст. Дар асри XIX ҳамроҳи падараш ба Деҳлӣ муҳоҷират карда, дар ҳаминҷо таълиму тарбият гирифта, ба камол мерасад. Ӯ олим, шоир, фақеҳ, мутафаккир ва муаллифи чандин китобҳо аз ҷумла “Ассавра-ал-ҳиндия” (Инқилоби Ҳинд) мебошад.
  Падари Аллома Фазлиҳақ Хайрободӣ Мавлоно Фазл Имом аз донишмандону мушовирони ҳукмрони Муғул дар масоили динӣ буд. Тибқи санадҳо ӯ хело соҳибзаковату бо истеъдод буд, ки дар муддати чаҳор моҳ китоби муқаддаси Қуръонро ҳифз кардааст. Илова аз ин, ӯ донишманди хубӣ забонҳои урду, форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ маҳсуб меёбад, ки беш аз 400 абёт бо забони арабӣ шеър эҷод кардааст. Дар 13 солагӣ барномаҳои хуби таълимиро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ таҳия карда, ба тадрису таълим машғул мешавад.
  Дар ин зимн, ӯ олиму фақеҳи барҷаста низ буд, ки дар соли 1828 ӯро ба ҳайси муфтӣ таъйин карданд. Бо чунин шоистагиву донишмандиаш ба унвони “Аллома” сазовор мегардад.
  Ҳамин донишмандиву заковат ва забондонии вай буд, ки бо дархости шоир, нависандаи форсу тоҷик ва урдуи диёри Ҳинд Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб (1797-1869) девони нахустини ӯро таҳриру таҳия менамояд, ки хело беназир мебошад. Ӯ на фақат дӯст ва муштоқи Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб буд, балки аз касоне маҳсуб мешуд, ки ӯро дар ҳолатҳои фақру тангдастӣ кӯмаки молӣ низ расонидааст.
  Дар сини 19 солагиаш чун вакил дар ширкати “Шарқи Ҳинд”-и Деҳлӣ беш аз 15 сол (то вафоти падараш дар соли 1831) адои вазифа менамояд.
  Ӯ дар муборизаҳои озодихоҳии Ҳиндустон аз мустамликаи Англия саҳм гузошта, бо охирон ҳокими сулолаи муғулҳо Баҳодуршоҳ хело хуб равобит ва дар умури идораи кишвар машваратҳо мекард. Ӯ замоне ки падараш мушовир буд, доимо ба қасри “Лол қила” меомад.
  Тибқи овардаи Мирзо Ғолиб вай дар сини 35 солагӣ дар соли 1832 баъд аз барканориаш аз Шарқи Ҳинд, рӯзе бо даъвати Навоб Файз Муҳаммад Хон сардори минтақаи “Ҷаҷар”, Зафар Баҳодуршоҳ ҷомаашро ба китфони ӯ гузошта, бо чашми пурашкаш мегӯяд, ки “Ман наметавонам шуморо тарк кунам”. Бо чунин самимият дӯстии онҳо идома меёбад. Аллома зиёда аз 25 сол берун аз Деҳлӣ дар минтақаҳои Ҷаҷар, Саҳаранпур, Тонк, Рампур, Оду ва Алоур кору фаъолият менамояд.
  Дар соли 1847 Навоб Воҷид Алишоҳ ӯро намоянда ё сафири худ дар шаҳри Калкутта ва мушовири ҳуқуқӣ дар Лакнау таъйин менамояд. Дар ин симат ӯ то соли 1856 боқӣ мемонад. Дар замоне ки англисҳо дар соли 1856 Воҷид Алишоҳро сарнагун карданд, ӯ аз ҷониби Роҷа Баннай Сингҳ, ки аз дӯстдорони илму адаб буд, даъват гардида, мавриди ҳимоят қарор мегирад.
  Аллома Фазлиҳақ Хайрободӣ дар натиҷаи кашмакашиҳои солҳои 1857 мавриди таҳдид қарор гирифта, 22 моҳ зиндонӣ мешавад. Ҳамаи ҳодисаҳои он давра ба риштаи қалам кашида, онҳоро дар шакли қасида баён менамояд, ки аз аввалин китоби таърихи ҳодисаҳои 1857 пазируфта шудааст.
  Хулоса, донишманд, шоир, ориф ва адиби форсу тоҷики диёри Ҳинд санаи 19-уми августи соли 1861 дунёи фониро тарк намуда, мероси адабии худро чун армуғон баҳри озодӣ, ободӣ ва оромии ҷомеаи башар дар партави фурӯғи илму маърифат боқӣ мегузорад.
 
Раҳмонов Мирсаид
Ходими калони илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

НАЗАД