Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар амал

Автор: Дороншоева Некбахт

Расм

Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 14-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе —мизбони ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал барпо мегардад. Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани ин саммитҳо омодагии ҷиддӣ дидааст.

Чорабиниҳои сатҳи баланд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳамоишҳои ҷашнӣ мебошанд ва дар доираи таҷлили ҷашни 30 солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешаванд.

Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, имсол аз таъсиси он 30 сол сипарӣ мегардад.

Дар шароити нави муносибатҳои минтақавӣ марҳила ба марҳила заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии низоми идораи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа бунёд гардид. Аз ҷумла, 26 – уми марти соли 1993 дар сатҳи роҳбарони давлатҳои минтақа Созишнома «Оид ба амалиёти муштарак ба ҳалли проблемаи минтақаи баҳри Арал, барқарорсозии муҳити зист ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал» имзо шуд, ки дар заминаи он Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсис гардид. Ба ин васила, таъсисдиҳандагони Бунёди байналмилалии наҷоти Арал кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, 28 феврали соли 1997 сохтори ниҳоии ташкилии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал аз ҷониби сарони давлатҳои минтақа қабул шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсисёбии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун кишвари ташаббускор дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин созмон мебошад. Аз ибтидо мақсад аз таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал пеш аз ҳама бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал буд, ки тадриҷан пастшавии сатҳи онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ менамоянд.

Дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал миёни кишварҳои минтақа якчанд эъломияҳо ба имзо расидаст, ки ба манфиати тарафҳо буда, ба ҳалли мушкилоти обӣ дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат менамояд: Аз ҷумла :

  • Эъломияи Нуқус миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал. Эъломияи Нуқус 20 сентябри соли 1995 дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
  • Эъломияи Алма-ато, 28 сентябри соли 1997 кишварҳои минтақа Эъломияи болозикрро дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонидаанд.
  • Эъломияи Ашқобод, 9 апрели соли 1999 дар пойтахти Ҷумҳурии Туркманистон миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидааст. Қобили зикр аст, ки ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Ашқобод, созишнома дар бораи “Мақоми фонди байналмилалии наҷоти Арал” миёни давлатҳои аъзо ба имзо расид.
  • Эъломияи Душанбе, 6 октябри соли 2002 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба роҳбарии Фонди Баҳри Аралро ба уҳда дошт. Солҳои 2002-2008 ва давраи дуюм солҳои 2020-2023 буда, Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли равон дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабинӣ оид ба имзо расонидани Эъломияи Душанбе пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти Қарори Ассамблеяи Генералии СММ № 55/196, соли 2003-ро соли байналмилалии обӣ тоза эълон намуда, изҳор доштанд, ки он сол ба даҳсолагии ташкил ёфтани Фонди байналмилалии наҷоти Арал низ рост меомад.

Фаъолияти ин созмон, махсусан дар солҳои 2002-2008 дар рафти раисии Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳила Бунёди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро ҳамчун як сохтори ҳамоҳангсози байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома дода, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказию созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ кӯшишу иқдомҳои зиёд ба харҷ дод. Дар ин марҳила бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ФБНА ва қарори Раёсати он аз 28-уми августи соли 2003 Маркази минтақавии гидрологӣ ташкил шуд, ки фаъолияти он ҷиҳати беҳтар намудани сохти мониторинги захираҳои обии панҷ давлати Осиёи Марказӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.

Кумитаи иҷроияи ФБНА дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худ соли 2004 бо Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ва Комиссияи СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, Институти байналмилалии идораи захираҳои об, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭ) созишномаҳо ба имзо расонида, соли 2008 аъзои Шӯрои ҷаҳонии об гардид.

Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи амалии ин ташаббусҳои муҳим, дар марҳилаҳои гуногун чорабиниҳои байналмилалии зерин доир гардиданд:

  •  Конфронси байналмилалӣ оид ба оби тоза (ш.Душанбе, 29 август – 1 сентябри с.2003);
  • Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ оид ба дарёҳои фаромарзӣ (ш.Душанбе, 30 май – 1 июни с.2005);
  • Конфронси байналмилалӣ оид ба бартараф намудани фоҷеаҳои марбут ба об (27-28 июни с.2008);
  • Конфронси байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи «Об барои ҳаёт 2005-2015» (ш. Душанбе 8-10 июни соли 2010).

Аз ҷумла, маҳз бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои дахлдори он, як қатор ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” Даҳсолаи нави байналмилалии амал” Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро пешниҳод намудаанд. Ташабуссҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳали проблемаи ҳавзаи баҳри Арал низ замина мегузорад.

Умуман, дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал санадҳои зиёди дорои аҳамияти муҳим ба имзо расонида шуд. Масалан, Эъломияи Душанбеии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ чунин бандҳои муҳимро дар бар мегирад:

  • Солимгардонии минбаъдаи иҷтимоию экологӣ ҷиҳати беҳдошти аҳолии минтақаи ҳавзаи баҳри Арал;
  • Баланд бардоштани нақши Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ҷалби донорҳо барои татбиқи лоиҳаю барномаҳо;
  • Фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва татбиқи амалии барномаҳои ба нақша гирифташуда;
  • Таъсиси Комиссияи махсуси СММ ва ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор барои ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал мақому манзалати хосае дошта, ҳамеша омодааст, ки дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ бо ҳама кишварҳои минтақа ва дунё дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонию минтақавӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обӣ ё худ “дипломатияи об” бешубҳа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар сарчашма гирифтааст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти обу экологӣ дар сатҳи глобалӣ муаррифӣ намудааст. Яке аз ин мушкилотҳо ин наҷоти баҳри Арал аст, ки кишвари мо саҳми арзандаи худро баҳри рафъи ин мушкилоти аср гузошта истодааст.

    • Дар баробари ин як қатор мушкилоти наҷоти баҳри Арал мавҷуд мебошад, ки барои бартараф намудани он ҷалб намудани кишвари ҳамсояи Афғонистон низ аз манфиат холӣ нест, азбаски дар шимоли ин кишвар кофтани канали Қӯштеппа бо дарозии зиёда аз дусад метр ва паҳнои калон бо суръат давом дорад, ки ҷиҳати объёрии 550 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст.
    • Инчунин, шумораи зиёда аз 50 обанбори хурду калон аз ҳисоби обҳои Сирдарё танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дорад ва ҳаҷми обанбори системаи Арнасой-Ҳайдаркӯли ин кишвар зиёда аз 38 млрд. метри мукааб обро ташкил медиҳад. Қаъри ин обанборҳо аксаран аз регу гил иборат буда, миқдори зиёди об беҳуда исроф мешавад.
    • Хушк шудани баҳри Арал ба вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақа таъсири назаррас гузоштааст. Онро метавон “офати экологии баҳри Арал” гуфт, ки ба шароит ва сифати зиндагии беш аз 50 млн. нафар сокинони минтақа таъсири манфӣ расонидааст. Хушкшавии баҳр боиси коҳиш ёфтани даромад, афзоиши муҳоҷират, сатҳи пасти давомнокии умр, паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, суръат ёфтани фавти кӯдакон, афзоиши бемориҳои бактериявӣ ва вирусӣ гардидааст.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

н.и.сиёсӣ- мудири шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ 

НАЗАД