Густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон равобити устувор ва қадимаву дўстона доранд. Ду кишварро алоқаҳои мустаҳками сиёсиву фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳам мепайвандад. Пайвандии ду кишвар таърихи дуру дароз дошта, дар асоси урфу одат, анъанаҳо ва муқаддасоти муштарак асос ёфтааст. Дарёфти истиқлолият боиси барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид.[1]
Байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷумҳури Исломии Покистон шурӯъ аз соли 1994 як қатор созишномаҳо, протоколҳо ва тафовутномаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд. Санади ҳамкории байни Вазоратҳои корҳои  хориҷӣ, созишнома оид ба ҳифзи инвеститсияҳо, созишнома оиди аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон додани қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА, санад оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳур ва ғайраҳо аз зумраи онҳо мебошанд.
Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулон инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.[2]
 Тоҷикистон миёни Осиёи Миёна ягона кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад, ки ҳарду кишвар дорои тамаддуну фарҳанги муштарак буда, тайи солҳои зиёд равобити дипломатии хуб доранд.
Моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, майи соли 2004, декабри соли 2005, июли 2009, марти 2011, ноябри 2015, марти 2017, июни 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафарҳои расмӣ доштанд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи навро бозкушоӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломи Покистон на танҳо дар соҳаи сиёсиву дипломатӣ балки дар соҳаи иқтисодӣ низ ҳамкорӣ менамояд. Эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавонад сабаб шавад, то ин масири тиҷоратӣ дар байни дигар минтақаҳо тақвият ёфта, густариш ёбад. Бояд қайд кард, ки Покистон бо шароиту имконоте, ки дорад, роҳҳои кутоҳтарин ва осонтаринро барои густариши тиҷорат ва иқтисод ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон фароҳам сохтааст ва дар ин самт то ҳол талошҳояшро идома дода истодааст. Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон равобити тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад. Барои ин иқдоми нек бояд ҳар ду кишвар аз стратегияҳои ҳамкории минтақавӣ кор бигиранд, то якҷоя битавонанд, монеаҳоро паси сар намуда, дигар кишварҳои марбутаро низ барои ҳамкории минтақавӣ даъват кунанд, то аз сарватҳои табиии минтақа истифода баранд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ қайд менамоянд: доштани равобити байналмилалӣ бо тамоми кишварҳо зарур мебошад ва аз ин рӯ  робиаташро бо Покистон муҳим арзёбӣ кардааст.[3]
Тоҷикистону Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Ҳар ду кишвар дорои манобеи фарох ва хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз картошкакорӣ, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тубсозӣ ва ғайра мебошанд.
Кишвари Покистон дар даҳлез ё остонаи Осиёи Миёна, Чин ва Осиёи Ҷанубӣ қарор дошта, метавонад чун мадори геополитикӣ дар Осиё нақши калидӣ офарад ва пайваста талош дорад, то дар радифи 25 калонтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон шомил гардад. Нуктаи дигар ва хело муҳим ин ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва барқу об мебошад, ки Тоҷикистон дар ин соҳа аз иқтидортаринҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад, чуноне, ки дар боло ишора кардем. Аз ин сабаб ворид намудани барқи арзони Тоҷикистон ва аз тариқи Тоҷикистон барқи Қирғизистон ба Покистон бо истифода аз лоиҳаҳои бузурги барқӣ ба монанди «CASA-1000» ва "TAPI” барои таъмини нерӯи барқ хело муҳим арзёбӣ мешаванд.[4]
Покистон яке аз ташаббускори ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун буда, дар қисмати муҳимми корҳои он омодаи ҳамкорӣ мебошад. Кишварҳои зиёди минтақа ба мисли Афғонистон, Хитой, Қирғизистон, Узбекистон ба нерӯи арзони барқ ниёзманд буда, хоҳони рушди энергетикӣ дар минтақа мебошанд. Бо ин восита Ҷумҳурии Исломии Покистон метавонад нерӯи зарурии барқи арзонро аз Тоҷикистон дастрас намуда, истифода намояд.
 
Маълумот оид ба гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон: Мутобиқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-сетябри соли 2020 мубодилаи мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 16,2 млн долари ИМА-ро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунаи кишвар 0,5 фоизро ташкил додааст. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 6,6 млн дол. ИМА ва воридот 9,6 млн дол. ИМА рост меояд. [5]
Бояд ёдовар шуд, ки равобити Тоҷикистону Покистон бо марҳалаҳои гунонуг оғоз шудааст, ки аввалини он шиносои адабӣ ва забонии ин ду сарзамини соҳибфарҳанг дар замони собиқ Шуравӣ бо мавҷуд будани шуъбаҳои урду ва ҳиндии марказҳои илмӣ буд, ки бисёре аз мутахассисони кишвар хадамоти илмиро барои рушди фарҳанг то ба имрӯз ба иҷро расонданд. Пайвандгари адабии Тоҷикистону Покистон омӯзиш ва ҳифзи забони урду мебошад, ки он барои мо мардуми Тоҷикистон чун духтари зебои форси-тоҷикӣ хело аҳамият дошта, таърихи ѓании 350 солаи ин забони ошиқона саршор аз адабиёт, фарҳанг, шеъру ѓазал ва осори исломист, ки мо онро мавриди омӯзиши илмӣ қарор диҳем, зеро он бо шеваҳои забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамвасл ва ҳамнасл буда, дорои манобеъи маҳфузшудаи ғанӣ мебошад.
Мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистон ба монанди Аллома Муҳаммад Иқбол (тав. 9-ноябри 1877 ваф. 21 апрели 1938), Ҳофиз Ҷалондари (офарандаи суруди милии Покистон), Мирзо Асадулло Ғолиб (1797-1869), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Надим Қосимӣ (тав. 20-ноябр 1916 ваф. 10 июли 2006) шавоҳиди ин мархалаи таърих мебошад, ки зиёиёни тоҷик онҳоро чун сарчашмаи илмию адабӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Эълони бародаршаҳрии байни Душанбе ва Лоҳур аз солҳои пеш аз даврони истиқлол низ дастовардҳои фарҳангии ин ду сарзамин мебошад, ки то ҳол боқӣ мондааст.
Ҷиҳати рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаи илм ва фарҳанг  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ  намудани масъалаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта, якчанд санадҳоро дар соҳаи зикршуда ба имзо расидаанд ки асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар ин самт  танзим менамояд.
Мусаллам аст, ки ҳама гуна муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар дар замони Шуравӣ дар доираи равобити Иттиҳоди Шуравӣ бо ин давлатҳо сурат мегирифт ва бештари он алоқаҳо ҷанбаи илмӣ-фархангӣ дошт. Дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи илмӣ-фархангии Покистон ва Тоҷикистон таи солҳои 50-90 дар китоби Қ. Расулиён “Покистон" маълумоти муфассал гирд оварда шудааст[6].
Бояд зикр намуд, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи барномаҳои мухталиф шаҳрвандони зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунд. Дар навбати худ имрўзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи зиёди шаҳвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон дар риштаҳои гуногун ба омўзиш фаро гирифта шуданд.
Дар самти сиёсӣ, идеологӣ ва дар миқёси ҷаҳонӣ дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигар Тоҷикистону Покистон ҳамеша мавқеъҳои якдигарро дастгирӣ менамоянд, ки ин аз ҳамоҳангии хуб ва наздик будани мавқеъҳои сиёсӣ ва байналмилалии ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори шарикии босубот бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом, пеш аз ҳама Покистон ва хоҳони ҳамкориҳои воқеӣ бо онҳо дар ҳама самтҳои зикргардида мебошад. Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар соли 2012 чунин зикр намуда буданд: “Сиёсати хориҷии созанда ва ба ҳамкории густурдаву васеъ равонгардидаи мо дар маҷмўъ бояд вазифаи анъанавии худ-мусоидати ҳамаҷониба ба рушди устувори кишвар, таъмини амнияту оромии мамлакат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми онро ба тариқи беҳтарин иҷро намуда, фардои ободи Тоҷикистонро таъмин намояд”.[7]
Ҷумҳурии Исломии Покистон аз зумраи он кишварҳоест, ки дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ҳамчун кишвари кафил баромад карда, дар раванди дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
Санаи 2 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии  Исломии Покистон сафари расмиву кори  намуданд.Зимни вохурӣ дар доираи сафари расмӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид, ки заминаи ҳуқуқии шартномавии тарафайн ба 69 адад расиданд. Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
— Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафгари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
— Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Дар зарфи 30 сол охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Покистон дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, натиҷаи самарабахш ба бор овард, дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба имрузҳо гардиши молу маҳсулот, содироту воридот миёни ду кишвар беш аз пеш зиёд гардидаанд, ки  амалишавии онҳо ба таъмини сулҳу амният дар минтақа ва баланд гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба рушду тақвияти илму маориф ва фарҳангии халқҳои ду сарзамин мусоидат менамояд.
                                                      
Дилафруз Достиева, магистранти курси 1-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ                                                  
 
 
[1] Турсунов Т.Х. “Равобити дипломатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумхурии исломии Покистон -Паёми Донишгоҳи миллӣ” 2019.-№6.-С.50-54.
2.Назаров Т., Саторзода А. “Дипломатияи муосири тољик” Душанбе.,2006.
 
3. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон // Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  Д- 26.12.2019.
 
[4]Лилит Геваргиён Муносибатњои энергетикии Тољикистону Покистон. Покистон. 2019. С.13
[5] Турсунов Турсунмурод   Худоймуродович «Торгово экономические взаимоотношения Таджикистана и Пакистана»  Вестник :Таджикиский национальный университет. с.104-111
 
 
 

 

 
6 Расулиён Ќ. «Покистон»”Инъикоси вањдати ориёињои ќадим дар осори таърихии навин« Д,  2005, С.57.
[7] Раљабов Њ. Назаре ба Покистон / Њ. Раљабов // Љумњурият//. -2014. -19 июн. - №116 (22 421).
 

НАЗАД