ХОНИ НАВРӮЗ - АНЪАНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Автор: Юсуфи Фарзона

Расм

ХОНИ НАВРӮЗ - АНЪАНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Ҷашни фархундапайи Наврӯз барои мардумони ориённажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҳамчун як иде, ки онро бесаброна интизор мешаванд, ҷо гирифтааст. Дар ҳақиқат, Наврӯз пеш аз ҳама ин рамзи бедории табиат, шукуфоӣ буда, ифодагари Олами зебоӣ мебошад. 

Яке аз рангҳои хос ба Наврӯз ин ранги сафед мебошад. Чун ранги аслии хони наврӯзӣ сафед аст ва ҳоло низ дар маросимҳо барои оростани дасторхон аз порчаҳои сафед истифода мекунанд. Дар фарҳангномаҳо хон бо номҳои дасторхон, суфра низ ёд шудааст. Мардуми тоҷик калимаи «хон»-ро дар гӯфторҳои гуногун - дасторхон, дастурхон, дастархон ва суфра талафуз мекунанд. Аз замонҳои қадим то ҳол ороиши хон, ё дасторхони наврӯзӣ яке аз ойинҳои суннатии тоҷикон мебошад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дар ашъори шоирони классик вожаи «хон»-ро ҳамчун дасторхон бисёр истифода мебаранд.

Ороиши хони наврӯзӣ дар ҳар давру замон ба завқу салиқаи мардуми ҳамон кишвар ва ё минтақа вобаста аст. Дар аксари манотиқи Тоҷикистон дар гузашта барои пухтупаз ва ороиши дасторхони наврӯзӣ Ширбиринҷ - таоми суннатии наврӯзӣ омода мекарданд. Дастархони наврӯзии тоҷикон вобаста ба ҳар минтақа хеле зебо ва рангоранг мебошад.

Наврӯзро мардум рӯзи нав, Соли нав меноманд ва то арафаи  рӯзи Наврӯз занон бо нияти нек гандум месабзониданд ва аз шираи он Суманак баъзан Сумалак тайёр менамуданд. Чунин шеърҳоро зам-зама мекунанд:.

Суманак рамзи баҳор аст,

Ҷашни ҳар шабзиндадор аст.

Дилхушӣ соле ба кор аст,

Соли дигар боз биё!

Суманак дар дег мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Минбаъд, суманак, сумалак ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии соли нави миллӣ ва Наврӯзӣ байналмилалӣ истифода мешавад.

Муҳақиқон бар он ақидаанд, ки суманак, сумалак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарват,сарсабзӣ, ҳосилхезии диёрамон ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯзро ифода менамояд.

Наврӯз ин худ як ҷашни пуршукуҳест, ки соли 2016 бо пешниҳоди 12 кишвари ҷаҳон ба феҳристи намояндагии ЮНЕСКО шомил шуд. 21 марти соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид Қатънома қабул намуда, Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудани Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ гувоҳӣ бар он медиҳад, ки сокинони сайёра ин ҷашни воқеан фарҳангию башардӯстонаро ҳамчун рамзи зебоӣ ва бедории табиат гиромӣ доранд.

Бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар тамоми ҷумҳурӣ Наврӯзи байналмилалии фархундапай ва оламафрӯзро пешвоз мегиранд. Боиси хушнудист, ки имрӯз ин ҷашни бостонии анъанавии халқи тоҷик аз ҷониби бисёриҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ ва бо гармии махсус ҷашн гирифта мешавад.

Мардум мегӯянд, ки баҳори хуб маънои соли хушро дорад. Бигзор файзу баракати фасли баҳор ба зиндагии ҳар як сокини сайёраамон рангу бори тоза бахшад ва дастархони ҳар як хонадон пур аз файзу баракат гардад.

Фарорасии шабу рӯзи Наврӯз, яъне рӯзи нав, соли нав ба тамоми мардуми тоҷик ва мардуми ҳавзаи Наврӯз муборак бошад!

Юсуфӣ Фарзона,

ходими хурди илмии

шуъбаи Аврупо

НАЗАД