ИНЪИКОСИ САМТИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро ба пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, заминаҳои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишварро муайян сохта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро баррасӣ намуд.
  Муҳтарам Пешвои миллат бо назардошти вазъи кунунии сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, тафсири таъсири манфии бархурдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ки барои инсоният марҳалаи ниҳоят ҳассос ва мураккаб маънидод мегардад, бо таҳлилу тафсири маълумоти муфассалу дақиқу саҳеҳ суханронӣ намуданд.
  Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат вобаста ба самтҳои сиёсати хориҷӣ, дар шароити шаклгирии равандҳои мураккабу печидаи геополитикӣ, афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон изҳори андеша намуданд. Пас, дар чунин марҳалаи ҳассос равиши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад, ки зимни суханрониашон таъкид доштанд - Пешвои миллат.
  Ба ибораи дигар, кишвари мо дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа мебахшад. Аз ин хотир, шарҳи нуктае, муҳим аст, ки интихоби сиёсати «дарҳои кушода» ба ҷумҳурии мо чӣ имконият ва афзалият дорад? Якум, чунин сиёсат омили рушди давлат буда метавонад. Дуюм, Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» - ро, пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад.
  Аслан, барои Тоҷикистон роҳандозии ин навъ сиёсати хориҷӣ мантиқӣ ва манфиатовар аст. Зеро, таҳкиму вусъати робитаҳои мутақобилан судманд ва рушду густариши маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод, ки самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад, дар меҳвари чунин сиёсат қарор дорад. Ба ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст, ки ин ба ҳамаи мо ва ҷаҳони имрӯз равшану возеҳ аст.
  Нуктаи дигари муҳим, ки дар Паём зикр ёфт, ин тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Яъне, аз суханони муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба ин масъала метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки тақвияту густариш бахшидани равобити неку дӯстона, ҳусни тафоҳуми ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории судманди гуногунҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Ба дигар маъно, суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин самт бозгӯи он аст, ки таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон муҳим аст. Зеро, ба ибораи Пешвои миллат “Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анънана дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст”. Албатта, дуруст аст, чунки Тоҷикистон бо ҳамсояҳои наздикаш дар Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дорад. Илова бар ин мавқеи ҷуғрофӣ, заҳираҳои табиӣ ва дигар омилҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи муносибатҳо дар минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи кишварҳо бошад.
  Ба назари мо, яке аз масъалаҳои муҳими дигар ин аст, ки имрӯз кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини мақоми худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ талош доранд. Аз ин хотир, дар чунин вазъият ва ҳолати ҳассос кишварҳои минтақаро зарур аст, ки ҳамкориҳои муштараки минтақавиро ба роҳ монанд. Яъне, ба ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳанд, ки Осиёи Марказӣ ҳамчун як иттиҳодияи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ буда метавонад. Аз ҷониби дигар, дар байни масъалаҳои асосии сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити мутақобилан судовар дар ҳамаи соҳаҳо мавқеи муҳим доранд. Зеро, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муштарак тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварҳои минтақа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, ки ин ҳадаф дар чунин вазъи печидаи сиёсати ҷаҳони муосир ба маврид аст.
  Хулосагирии дигаре аз баёни Пешвои миллат вобаста ба сиёсати хориҷӣ чунин буда метавонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.
  Акнун, масъалаи дигар ин аст, ки равиши минбаъдаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи кунунии муносибатҳои баналмилалӣ чӣ гуна сурат мегирад? Ин нукта дар Паём бисёр ба таври дурбинона ва мантиқона дарҷ гардид. Яъне, “Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод. Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад”. Албатта, ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  Ба ибораи дигар, сиёсати хоричии Точикистон дар шароити муосир хусусияти прагматикиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ карда шаванд. Бинобар ин, ҷиҳати таҳким ва вусъати муносибатҳои мутақобила бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Тоҷикистон, ҳамон роҳи устуворе, ки дорад, идома медиҳад. Дигар ин ки, пешбурди сиёсати сулҳхоҳона, дӯстӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоишта дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.
  Чуноне аз гуфтори Пешвои миллат равшан мегардад, “Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.” Воқеан, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб намудаанд.
  Боиси ифтихор аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим буда, дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим, созанда ва таърихӣ маънидод мегардад.
  Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилаӣ нақш ва мақоми хоса дошта, дар шароити мураккаби вазъи байналмилаӣ дар ҳалли масоили глобалӣ кишвари ташаббускор аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ ва ҳамсоягии некро пеш мебарад, ки ин нукта дар Паём возеҳан дарҷ гардид.
  Нуктаи дигари муҳиме, ки муҳтарам Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, ин ҳифзи истиқлолу суботи кишвар мебошад. Яъне, кафолати пойдории амнияту суботи давлат дар чӣ асос меёбад? Рушди минбаъдаи кишвар чӣ гуна буда метавонад? аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтанд. Вобаста ба ин масоили муҳим Пешвои миллат баён доштанд, ки “Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем”. Яъне, мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд» ба ҳамдигар тавъаманд. Пас, гуфта метавонем, ки яке аз омилҳои асосии рушди устувор ватандӯсту меҳанпараст будан аст, ки он аз ҳамон худшиносиву ҳувияти баланди миллӣ маншаъ мегирад. Таъкиди Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи истиқлолу озодии кишвар дар он аст, ки маҳз ана ҳамин истиқлол кафили сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ буда метавонад. Маҳз бо шарофати истиқлоли сиёсӣ ҷомеаи ҷаҳон моро ҳамчун кишвари ягона, соҳибихтиёр эътироф намуд. Пас, заминаи ҳама рушду тараққиёти Тоҷикистони азизамон дарёфти истиқлол аст, ки ба ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу посдории ин неъмати бузург рисолати ҳар як фарди ҷомеаи тоҷик буда, аз тарафи дигар, воқеан, қарзи шаҳрвандиву виҷдониву имонии мост.

АРДАМЕҲР АШУРОВ
н.и.т., ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка
 

НАЗАД