ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ МӮДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “FASHIONSHOW OTTOSTADT MACHT MODE-2023” ДАР ОСТОНАИ НАВРӮЗ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  11 марти соли 2023 дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дар иртибот ба „Солҳои рушди саноат“ эълон гардидани солҳои 2022-2026 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон намунаи либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз маҷмӯаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар намоишгоҳи мӯди шаҳри Магдербург “Fashionshow Ottostadt macht Mode” ба маърази тамошо гузошта шуд.
  Дар чорабинии фарҳангӣ шаҳрдори Магдебург хонум Симоне Боррис, намояндагони ҳукумати музофоти федеролии Саксония-Анҳалт (Sachsen-Anhalt), вакилони парлумон, сиёсатмадорон, доираҳои иқтисодӣ, хабарнигорон ва теъдоди зиёди ҳаводорони мӯд иштирок доштанд.
  Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов иштироки Тоҷикистонро дар намоишгоҳи мӯди Магдебург ҳамчун омили рушди дипломатияи фарҳангӣ, муаррифии фарҳангу санъати волои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаҳои ресандагиву бофандагӣ ва мӯд дар кишвар арзёбӣ намуд.
  Имомудин Сатторов ба ҳозирин дар бораи таърихи атлас, адрас ва чакани тоҷикӣ иттилоъ дода, таъкид дошт, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ “Чакан” соли 2018 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO) шомил карда шудааст.
  Маврид ба зикр аст, ки муассиси Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (Tajikistan Fashion Week) Тоҳир Зоҳирзод дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни олмонӣ маҷмӯаи либосҳои миллиро ба саҳна гузошт ва барнома ба истиқболи гарми тамошобинон мувоҷеҳ гардид.
  Ҳамин тариқ, Тоҷикистон тавассути либосҳои миллии хеш тавонист ба ҷомеаи Аврупо фарҳанги миллии худро ҳаматарафа муаррифӣ намояд. Ин ҳам як такони бузурге дар самти мӯд мебошад. Аз тарафи аврупоиён ин намоиш хеле бо завқи баланд пазируфта шуд.
 
Воҳидова Санавбарбону,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка
 

НАЗАД