Истиқбол аз 30 солагии Тоҷикистону 75 солагии Покистон

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ иборат аз кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Молдиф, Непал, Шри Ланка, Ҳиндустон ва Покистон буда, дар қисмати ҷануби Осиё ҷойгир аст. Ҳамаи кишварҳои аъзо муддати тӯлонӣ дар зери ҳукмронии Бритониё буда, дертар бо талошу муборизаҳо озодӣ ба даст оварданд. Ҳамин тавр, онҳо ба бунёду созандагӣ ва ҷидду ҷаҳд миллату қавми худро тарбият карда, ватанашонро эъмор карда, то ба имрӯз расониданд.
  Дар ҳақиқат истиқлолияту озодӣ неъмати бебаҳоянд, ки ҳар миллат барои дарёфти он бо равишу роҳҳои гуногун муборизаву талош меварзад. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозаду тамаддуну соҳибмаърифатиро барояшон чун сармояи арзишманд боқӣ мегузорад.
  Ҳар сол нимаи дуюми моҳи август дар сарзамини Ҳиндустону Покистон ҷашни озодӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону ҳамфарҳанг 75 солагии худро ҷашн мегиранд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон низ ҳамасола санаи 9-уми сентябр Истиқлолияти худро таҷлил мекунад, ки соли равон 31 солагии он бошукуҳ ҷашн гирифта шуд.
  Ҳамин тариқ, Тоҷикистон баъд аз дарёфти истиқлолият робитаашро бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Покистон оғоз кард, ки то имрӯз идома дорад.
  Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар санаи 14-уми августи соли 1947 кишвари Покистон Истиқлолияти худро ҷашн мегирад, ки дар натиҷаи муборизаҳои давомдор аз зери султаи Бритониё ба даст омад.
  Бояд қайд кард, ки аз англисҳо ба Покистон иқтисодиёти заифу ноустувор мерос монд, зеро баъди тақсимсозии онҳо минтақаро ба ду кишвари мустақил ҷудо карда, аксари корхонаву фабрикаҳоро дар қисмати Ҳиндустон боқӣ монданд. Илова бар ин, онҳо тавонистанд бо роҳандозии ҷангҳои мазҳабӣ миёни мардумони инҷо вазъиятро мушкилтар созанд.
  Дар чунин вазъ Покистон аввалин роҳбари кишвар Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948) ва Лиёқат Алихон (1895-1951)-ро чун нахустин сарвазир интихоб карда, дертар санаи 23-уми марти 1956 аввалин маротиба Сарқонуни худро қабул намуд ва чун мамлакати мустақили мусалмонӣ расман эътироф гардид.
  Аз соли 1972 то 1977 мамлакат бо сарпарастии Зулфиқор Алӣ Бҳутто (1928-1979) тавонист ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодии назарасеро ба амал оварад. Дар ин даврон ӯ ҳамаи корхонаҳои калони саноатӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ, киштиронӣ ва тиҷоратии бандариро миллӣ кард. Ҳамин тариқ, то соли 1976 дар кишвар қариб 400 ҳазор гектар ба 67 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ тақсим карда шуд, ки имрӯз беш аз 50% неруи кории кишвар дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият мекунанд.
  Вале соли 1979 кишвар ба кудатои низомӣ дучор шуд ва идораи умури кишвар ба зиммаи генерал Зиёул Ҳақ (1924-1988) гузашт, ки дар ин замон вазъи геополитикии ҷаҳон низ тағйир ёфта буд. Ҳамин вақтҳо буд, ки қувваҳои собиқ Шӯравӣ вориди Афғонистон шуда, мудохила ва вазъи сиёсии кишварҳои минтақаро иваз карданд.
  Соли 1988 баъди садамаи ҳавоӣ ва кушта шудани генерал Зиёул Ҳақ ҳукумати ин кишвар ба зиммаи духтари Зулфиқор Алӣ- Беназир Бҳутто (1953-2007) чун аввалин зан дар идораи давлат супорида шуд. Вале дертар мунозиа ва кашмакашҳои минтақаи Кашмир сабаб шуд, ки зимоми кишварро генерал Парвиз Мушарраф то як муддате ба зиммаи худ гирад.
  Ҳамин тавр соли 2002 интихоботи парлумонии баргузор шуд ва Зафарулло Хон Ҷамолӣ чун сарвазир интихоб гардид. 15-уми ноябри соли 2007 муҳлати порлумони кишвар ба охир расид ва ҳамон замон тавассути гурӯҳҳои номаълум Беназир Бҳутто ба қатл расонида шуд. Дертар 15-уми феврали соли 2008 интихоботи навбатӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа, Юсуф Ризо Гелонӣ сарвазир ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба ҳайси президенти кишвар интихоб шуданд.
  Бо мурури замон соли 2013 дар интихобот Навоз Шариф сарвазири ин кишвар интихоб шуд, вале соли 2017 ба фасоди молӣ маҳкум шуда, ба маҳкамаи судӣ кашида шуд. Соли 2018 интихоботи навбатӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа ҳизби "Таҳрики инсоф" таҳти сарпарастии Имрон Хон, қаҳрамонони бозии крикет, баррандаи он шуда, ҳукуматро ташкил дод.
  Дертар моҳи апрели соли 2022 Имрон Хон бо дарёфти раъйи адами эътимод аз ҷониби Парлумони кишвар ба истеъфо рафт ва ба ҷояш собиқ Раиси Вилояти Панҷоб Шаҳбоз Шариф сарвазир интихоб гардид.
  Пойтахти кишвар шаҳри Исломобод буда, миёни доманакӯҳҳо ва боғи машҳури рекорди гиннесӣ Шакарпариён, ки аз ҷониби раҳбарон ва вазирони ҷаҳон бо дарахтҳои ёдгорӣ зебо ва музайян гардонида шудааст, ҷойгир аст.
  Аҳолии Покистон беш аз 200 миллиён буда, дар раддабандии кишварҳои олам ҷойи шашумро мегирад.
  Мавриди зикр аст, ки Покистон дорои чор суба ё вилоят Панҷоб (Лоҳур) Синд (Карочӣ) Балуҷистон (Кувейта) ва Сарҳад (Пешовар) номгӯзорӣ шуда, аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур зери роҳбарии шоҳони муғул буд ва дар даврони подшоҳии Акбар аз соли 1584 то соли 1598 он чун маркази шоҳони он ба ҳисоб мерафт. Дар давраи охирин шоҳи муғул Аврангзеб (1658-1707) бисёре аз ёдгориҳои ин шаҳр монанди Масҷиди подшоҳӣ ва Дарвозаи Оламгирӣ сохта шудаанд.
  Дар боғи "Иқбол"-и шаҳр манораи баланди боҳашамате аст, ки ба эхтироми таъсисёбии давлати Покистон сохта шудааст, ки баландии он зиёда аз 60 метр буда, қисми поёни манора ба шакли панҷситора ва моҳ аз санги мармар сохта шудааст. Он чун ёдгориҳои миллии Покистон ба ҳисоб рафта, 23 марти соли 1940 "Ҳизби Лигаи мусалмонони Ҳинд" зери сарпарасти Муҳамад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948) дар онҷо созишнома бо номи «Қарордоди Лоҳур» ба имзо расид, ки ҳар сол ҳамчун санаи таърихӣ ҷашн гирифта мешавад.
  Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Лоҳур аз соли 1973 инҷониб бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр буда, дубора соли 1994 санади аҳди бародаршаҳрӣ ба имзо расид ва намояндагиҳову форумҳои дӯстии дар байни онҳо фаъолият мекунад.
  Шаҳри Карочӣ яке аз шаҳрҳои калонтарини ин кишвар буда, ҳамчун маркази тиҷоратӣ ва санъатии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин шаҳр дар наздики уқёнуси Ҳинд вокеъ буда, бо бандар ва корхонаҳои хурду калон дар ҷаҳон шинохта мешавад.
  Шаҳрҳои Кувейта ва Пешовари Покистон аз марокизи тиҷоратӣ ва саноатӣ, санъати маҳорати ҳунарҳои дастӣ аз қабили бофандагӣ, ресандагӣ, нону кулчапазӣ ва ҷилдсозиву нашри китобҳо хело пешрафта буда, шуҳратӣ ҷаҳонӣ доранд.
Кишвари Покистон яке аз авваллинҳо буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон дар ибтидои ҳамон солҳо сафораташро дар Душанбе боз кард. Тибқи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз моҳи июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуда, соли равон 30 солагии онро ҷашн гирифтанд.
  Ҳар ду кишвар дорои сафирони худ мебошанд. Аввалин маротиба дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид. Дар ин зимн, соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод кушода шуд.
  Ҳамин тавр рӯзи 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 50 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расониданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор дар моҳи марти соли 1994, дертар соли 1996, 2002, 2004, 2005, 2009,  2011, 2015, 2017 ва 2021 аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаҳои тозаро асос гузошт.
  Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун ва китоби нависандаи покистонӣ Профессор Муҳаммад Ахтар (1934-1915) дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон ин ҷоро ватани доимии худ қарор додаанд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш, меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
  Покистон кишвари кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш руппияи покистонӣ мебошад. Содироти асосии он нафт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошанд. Воридоти он бошад маҳсулоти мошинсозӣ ва саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ мебошанд.
  Бояд қайд кард, ки Покистон бо шароиту имконоте ки дорад, роҳҳои кӯтоҳтарин ва осонтаринро барои густариши тиҷорат ва иқтисод ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон фароҳам овардааст ва дар ин самт то ҳол талошҳояшро идома дода истодааст. Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон равобити тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад. Барои ин иқдоми нек бояд ҳар ду кишвар аз стратегияҳои ҳамкории минтақавӣ кор бигиранд то якҷоя битавонанд, монеаҳоро паси сар намуда, дигар кишварҳои марбутаро низ барои ҳамкориҳои минтақавӣ даъват кунанд, то аз сарватҳои табиии минтақа истифода баранд.
  Президенти Тоҷикистон дар суханрониҳои худ доштани равобити ҳасанаро бо тамоми кишварҳо зарур шуморида, сиёсати дарҳои бозро аз авлавияти кори худ қарор дода, робиаташро бо Покистон дар минтақа муҳим арзёбӣ кардааст.
  Тоҷикистон яке аз муҳимтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки дорои захоири табиӣ ва марокизи бузурги тавлиди барқ мебошад. Дар масофаи 28500 км дар ин кишвар 948 дарё мегузарад, ки аз боигариҳои кишвар маҳсуб мешаванд. Кишвар дорои 8,000 пиряхҳоест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонад ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат расонад. Тоҷикистон 4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, яке аз савумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад.
  Лиҳозо тавлиди лоиҳаҳои барқии он аз самтҳои муҳими энергетикии кишвар буда, ба манфиати ҳамаи минтақа, аз ҷумла Покистон хоҳад буд.
  Самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, бунёд ва амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ташаббусгар ва ҳамоҳангсози асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳо лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст, ки иборат аз сохтани 1,222 км линаи интиқолӣ ва истгоҳҳо,эҷоди кӯмакҳои техникӣ ва молӣ тавассути комиссияҳои муштарак ва рушд ва кӯмак намудани мардуми ҷойгирифтаи масири лоиҳа амалӣ мегардад. Бо амалисозии он кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин восита ба андозаи кофӣ аз буҳрони масорифи энергетикӣ раҳоӣ меёбад.
  Илова аз он Тоҷикистону Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи фарох ва хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз картошкакорӣ, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тӯбсозӣ ва ғайра мебошанд. Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди маводи ғизоӣ, пашм, коғаз ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд. Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи савумро ишғол мекунад.
  То ба имрӯз бо барқарории муносибатҳои дипломатӣ зиёда аз 50 ширкатҳои хусусии покистонӣ ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Тибқи омор дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода ба 500 миллион доллар расонанд.
  Кишвари Покистон дар масири геостратегӣ қарор дошта, метавонад чун мадори геополитикӣ дар Осиё нақши калидӣ бозад ва пайваста талош дорад, то худро дар радифи 25 калонтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон шомил созад.
  Дар ДМТ забони урду барои донишҷуён таълим дода шуда, ҳамзамон маркази омӯзишии Покистон низ фаъолият дорад, ки ба манфиати равобитии таълимиву фарҳангии ҳар ду кишвар кӯмак мерасонад.
  Дар ин зимн, барои таҳкими бештар ва табодули илмию адабӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Авру Осиёи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаеро ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъсис дод, ки ин ҳам аз аҳамият доштани ҳамкории стратегии минтақа шаҳодат медиҳад.
  Илова аз он Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон барои таҳкими адабию фарҳангӣ, сиёсату сайёҳат чун дипломатияи мардумӣ фаъолият дорад.
  Дар ин асно, мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақа ва хусусан Покистон бо Муҳаммад Иқбол (1877-1938), Ҳафиз Ҷоландҳарӣ (1900-1982), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) Ҳасан Донӣ ва Надим Қосимӣ (1916-2006) мебошанд, ки зиёиёни тоҷик онҳоро чун равшангарони роҳи илму адаб дониста, аз эҷодиёти онҳо мудом истифода мекунанд.
  Дар хулоса, равобити дипломатии Тоҷикистону Покистонро метавонем бо нукоти муҳими стратегӣ хулосабандӣ намоем:
  • эҷод ва таҳкими равобити ҳамлу нақл ва тиҷорату бозаргонӣ миёни ҳар ду кишвар;
  • тавсеа ва таҳкими рушди иқтисодиёту саноату саёҳат;
  • таҳким ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди нафту газ ва маъданҳои табиӣ;
  • таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти гуногун;
  • омода намудани мутахассисони соҳавӣ бо курсҳои такмили ихтисоси муштарак;
  • истифода аз таҷрибаҳо ва курсҳои омӯзишии акадамеяи дипломатии Покистон;
  • ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва табодули илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ бо марказҳои таҳқиқотии Покистон;
  • ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз терроризм, ифротгароӣ ва бесаводии ҷомеа;
  • ҳамкорӣ барои эҷоди сулҳу субот дар минтақа алалхусус Афғонистони ҳамсоя;
  • тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавиву ҷаҳонӣ;
  • эҷоди хатсайрҳои ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе, Лоҳуру Карочӣ;
 Хуласи калом, мардумони ҳар ду кишвар аз гузаштаи қадим бо доштани пайвандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, адабӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва амалисозии чунин тавсияҳову қарордодҳо дар чорчӯбаи созишномаҳои имзошуда, метавонанд дар рушду нумуъ ва тавсеаи ҳамкориҳо чун ташаббускор ва созандагони энергияву саноатсозӣ нақши муҳиму асосиро бозида, минтақа ва ҷаҳонро дар зери пояҳои озодӣ, ободӣ ва оромӣ нигоҳ доранд.

Раҳмонов Мирсаид,
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД