Истиқбол аз Истиқрор

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Ҷаҳони  муосир ба монанди маҷрои дарёест, ки дорои мавҷҳои пурталотуб аст. Ҳар мавҷи он ба суи манзиле равон аст, ки дар худ шаклу сурати хос дорад ва аз зебоиву карашмаҳои ин дунёи рангоранг шаҳодат медиҳад. Дар чунин муҳити саршору сарзабз ганҷе нуҳуфтааст, ки бисёре аз мардумони сайёра аз он маҳрум ё ҳанӯз қадри онро нашинохтаанд. Номи ин ганҷ сулҳ аст, ки мисли баҳор табиатро зебову хуррам месозад ва инсониятро ба суи манзили орому пурфайз мебарад.

  Воқеан сулҳ ва истиқрор мафҳумҳои оливу бузург, ифодакунандаи оромиву озодӣ, ваҳдату истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии давлату миллатанд. Оре сулҳ ганҷи бебаҳо ва таҷассумгари  шодкомиву хушҳолӣ ва  ватандӯстӣ аст, ки миллатро ба суи шинохти ҳувияти миллӣ роҳнамоӣ мекунад. Чӣ зебо шоир фармудааст:

 Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,

Равнақи шодиву барор оварад.

Сулҳ диҳад шаршараи ҷуи об,

 Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

   Бояд қайд кард, ки ин неъмати бебаҳо яъне сулҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати миллӣ худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Барои ба даст овардани ин ганҷи бебаҳо, мардуми бо нангу номуси мо дар солҳои мушкилтарин  аз ақли солим коргирифта, ватану ҷони худро дар роҳи дарёфти сулҳу истиқрор ва озодии меҳан ҷонгусори ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳувияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён исбот карда, намунаи ибрат барои дигар мамолики дунё гардиданд.

 Ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои   шабонарӯзии   чунин   мардони   баномусу нанги миллат буд, ки  имрӯз мо дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Ва ифтихор аз он бояд кард, ки кишвари дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил ҳаст. Ва бо ин иқдоми нек ва хайр Тоҷикистон равобити ҳасанаи худро бо ҳамаи   кишварҳои дунё роҳандозӣ кардааст.

  Инҷо ба маврид аст, ки каме калимаи истиқрорро ташреҳ намоем,то хонанда огоҳӣ пайдо кунад ва қадру манзалати сулҳро  бишносад.

  Истиқрор   калима ё  вожаҳои  арабиасос буда маъноҳои гуногунро ифода мекунад. Ин вожаро аксари донишмандон ва шарқшиносон истифода карда, мақолаҳо эҷод намудаанд. Инҷо мо низ мехоҳем оиди арзишу муҳим будани ин истилоҳ барои хонандагон маълумот бидиҳем, зеро ин   калима пайёмрасони сулҳу якпорчагии сокинони кишвар ва тамоми аҳли сайёра  мебошад.

  Дар аввал калимаи истиқрорро варақ мезанем то аз маънӣ ва  шарҳи  он огоҳ шавем. Дар забони арабӣ аксар калимаҳо ё  вожаҳо ки  бо  се ҳарф яъне ҳарфҳои и-с-т  шурӯъ мешаванд,  маънои  талаб кардани чизе ё касеро  ифода медиҳанд, чи тавре ки дар аввали вожаҳо мазкур дида мешавад.

  Бояд зикр шавад, ки забони арабӣ аз чанд вазну бобҳои феълӣ иборат буда, яке аз он вазнҳо вазни истифъол мебошад. Ин вазнро арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе истифода мекунанд.

  Вожаи истиқрор  ҳамвазни калимаи истифъол буда, тибқи қоидаҳои Сарф ва Наҳви арабӣ (грамматикаи арабӣ) аз решаи калимаи  истақарра ястақирру истиқроран яъне қарор гирифтан ё талаби қарорӣ додан ифода мешавад ва  маънои  дар ҷое ё маконе талаби  қарор гирифтан ё қарорӣ оварданро низ ифода мекунад. Шинохт ва фаҳми калимаи истиқрор василаест дар  шинохти ҳувияти миллӣ.

  Ин калима ҳамасола дар санаи 27-уми июн дар сархати  рӯзномаҳо, нашрияҳо ва ҳатто забони мардуми Тоҷикистон  такрор ба такрор шуда, ба чоп мерасад. Мардуми мо ҳар сол рӯзи 27- июнро  ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил  менамоянд. Ин рӯз барои шаҳрвандони  Тоҷикистон  рӯзи  қарордоди сулҳ ё истиқрори сулҳ номида мешавад, зеро баъди чандин солҳои дарбадарӣ ва оворагӣ, талотуби миллию ватани дар ин сарзамини пурфайзу пурбарори Осиёи Миёна сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ  истиқрор  пайдо кард ва мардуми ин сарзамин роҳи нави зиндагиашонро интихоб карда ба ҷаҳониён сулҳҷуию фарҳангдӯстии  худро исбот намуданд.

  Инак соли 2018 аст, ки мардуми азизи кишварамон дар зери сояи сулҳ ва ваҳдат умр ба сар мебаранд ва аз калима ё вожаи истиқрор муждаи тоза гирифта, зери сояи Зулҷалол умр ба сар мебаранд.

  Мавриди зикр аст, ки  санаи  27 июн соли 1997– имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар кишвари Русия ба имзо расид ва саҳифаи навинеро дар таърихи  миллати тоҷик боз кард ва  чун гавҳари тиллоӣ қабули ҳамагон гардид.

  Қобили қадрдонӣ аст, ки мо тоҷикон аз он рӯзи ба имзо расидани ин санаи таърихсоз дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунем. Чунин ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки мардуми мо дар роҳи эъмори давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта, дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гарданд.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мегӯяд:

Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад гулдаста гардад.

 Нуқтаи дигарро низ бояд қайд кунем, ки майлу ирода, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бо фарҳангу бофаросати Тоҷикистон буд, ки барои дарёфти сулҳу оромии кишвар талош карданд ва ин гавҳари тиллоиро чун намунаи таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ ба мардуми сайёра нишон доданд, ки то имрӯз эътироф ва қадрдонӣ мешавад.

Ва ҳамагон медонем, ки дар аксари манотиқи олам мардум аз чунин гавҳари тиллоӣ маҳрум буда, дар гирдоби зиндагӣ қарор доранд ва дучори кашмакашиҳову оворагиҳо қарор доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ноором, пурдаҳшату пурваҳшати  мардуми сайёраи мо мардуми бо нангу номуси миллати тоҷикро водор месозад,то ба қадри истиқрор ва оромии ватанамон бирасем ва  талош намоем то ин гавҳари ноёбро душ ба души худ ба манзили умед бирасонем.

  Зиндаёд олим ва орифи Тоҷикистон  Мирзоюсуф Фозилзода дар бораи ҳифзу қадршиносии сулҳу истиқрори тоҷикон, ки чун гавҳари ноёб аст, чунин сурудааст:

Эй тоҷикон барои Худо муттаҳид шавед,

Бар аҳди худ намуда вафо мутаҳҳид шавед.

Бе иттиҳод меравад аз байн мулки мо,

Хоҳед агар давому бақо мутаҳҳид шавед.

Бар иззату шараф бирасад қавми мутаҳҳид,

Баҳри шукӯҳи миллати мо муттаҳид шавед,

Аз шеъри мавлавию зи осори Буалӣ,

Бар ҷисму ҷон намуда даво муттаҳид шавед.

Шерозабанди сафҳаи таърихи хештан,

Бошед дар ҳама ҷо муттаҳид шавед.

Бегона нест,толиби маҷду бақои мо,

Бинмуда тарки фикри хато муттаҳид шавед.

Душман ҳамеша дар пайи тафриқи миллат аст,

Бар рағми душманони дағо муттаҳид шавед.

  Имрӯз мо тоҷикон бояд аз ин истиқрори миллӣ ва дастовардҳову сарватҳои маънавию моддии ватан оқилона истифода карда, хештаншиносиро пойдор ва таҳким бахшем, то дубора ба чоҳи ваҳшату даҳшат наяфтем. Ва ба қавли Пешвои миллат "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон  бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад".

  Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки  вожаи истиқрор   паёмрасони  неки ва хайр барои ҳамагон буда, ҳамеша роҳнамои оромӣ ва амонии Тоҷикистон ва аҳли башарият мебошад ва лиҳозо сулҳи тоҷикон як армуғон ва дастоварди бузургест, ки дар зинаи боло қарор дорад ва қадами вуҷуди он як торикиест, ки наслҳоро ба суи ҷаҳолат ва разолат мебарад.

  Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳамватанон ва тамоми сайёраи олам муборакбод гуфта, ба кабўтарони сулҳовари Тоҷикистон иқболу парвози абадӣ хоҳонем.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Институт

НАЗАД