ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Автор: Рахмонов Мирсаид

Расм

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ- НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола замоне, ки нуҳуми сентябр наздик мешавад, мову шуморо шодкомиву шодобиҳое фаро мегирад, ки дар бораи аҳамияти ин санаи таърихиву тақдирсози миллӣ бештар андеша кард. Санаи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон таҷлил гардида, тавассути роҳбарону олимону ходимони дилсӯзу миллату мардумони бохиради кишвар аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамоянд.

Дар соли 2024 Тоҷикистон 33-солагии ҷашни Истиқлолро бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирад. Ин санаи таърихӣ ба мову шумо сарвати моддӣ ва маънавӣ ё ба ибораи дигар неъматҳои фаровонеро фароҳам овард, то тавонем худшиносии миллиро бештар дарк карда, моҳияту аслияти онро дар ҷомеа рушд дода, пайваста дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву ватансозӣ дар партави мактаби сулҳофаринӣ Ватану диёрамонро хурраму зеботар гардонем.

Аз гузаштаи қадим мо тоҷикон бо бузургони илму адабу сиёсату таърих чун А.Рӯдакӣ, С.Айнӣ, Б.Ғафуров, М.Турсунзода мардуми бо маърифату маданият будем ва то имрӯз дар байни халқҳои олам маъруфият дорем. Чунин фаросату каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати ин бузургону пайравони онҳо дар даврони истиқлоли кишвар дубора эҳё гардид ва заминаҳои асосии он дар натиҷаи эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ба вуҷуд омад. Бо ҳамин роҳ ин миллат тавонист дар партави мактаби сулҳу созандагӣ аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯи қуллаҳои олӣ роҳашро идома диҳад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва мардони баномусу нанги миллат, сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки диёри Тоҷикистон бо иқлими зебову обҳои мусаффояш дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардид. Ин талошу муборизаҳо сабаби равобити ҳасанаи кишвар бо ҳамаи мамлакатҳои дунё ҳамчун давлати комилҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, ҳамкорӣ намуда, лоиҳаву барномаҳояшро таҳкиму тавсеа мебахшад.

Ин санаи таърихӣ (эъломияи Истиқлол) вақти эҳтироми усулу арзишҳое мебошад, ки миллати моро дар мақоми бозҳам бузургтару олитар қарор медиҳад.

Дар ҳақиқат Истиқлол неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки рӯзи Истиқлоли давлатӣ солгарди қабули Эъломияи истиқлол дар соли 1991 аст.Дар он солҳо кишварҳои собиқ Шӯравӣ мустақилияти худро аз ҳукмронии ИҶШС эълон карданд. Ин иқдому талоши ҷасуронаи мардумони кишварҳо ба суи худшиносиву худидоракунӣ равона буд, ки барои эҳёи қавму миллату тамаддунофари худ дар асоси усулу арзишҳои озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ заминаҳо гузошта, мақому ҷойгоҳи таъриху маданияти миллиашонро бештару хубтар муаррифӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, бо фарорасии ин санаи таърихӣ мову шумо Истиқлолро ҷашнмегирем, ки мақомумартабаи миллати бузургу соҳибмактабиморо муайян мекунад. Дар ин санаи таърихӣ аз саҳми бузургону шахсиятҳое, ки ба рушди фарҳангу таъриху тамаддуни тоҷикон нақш доштанд, ёдоварӣ мешавад.

Зимнан, санаи бузургдошти таҷлили Истиқлол ба мову шумо имконият медиҳад, ки як бори дигар ба мардону занон, шаҳрвандони шуҷоъу далери кишвар, ки барои эҳёи рушду фарҳангу тамаддуни миллӣ мубориза бурданду мебаранд, эҳтиром гузорем. Мо аз қаҳрамонону бузургони миллат cap карда, то олимону ходимону хизматчиён давлатӣ ва мардону занони содиқи қувваҳои мусаллаҳ, барои садоқату самимии бепоёнашон дар муҳофизати Ватану сокинон дар фазои озоду орому обод масъулу мақрузем.

Дар ҳоле ки санаи нуҳуми сентябр озодии фардии моро ифода мекунад, он инчунин ба мо аз неруву қуввате, ки барои мо сарчашмаи худшиносиву ваҳдати миллӣ аст, ёдоварӣ карда, моро ба пешрафту созанандагии баҳри Ватану диёр ҳидоят мекунад. Ин санаи таърихсоз моро огоҳу ҳушдор медиҳад, ки кашмакашу ихтилофотро як сӯ гузошта, дар сояи мактаби сулҳу созандагӣ ва Ваҳдат чун миллату қавми мунсаҷиму муттаҳид боқӣ монда, робитаву муносибату пайвандро мустаҳкаму маҳкамтар нигоҳ дорем.

Ҳаминтавр, вақте ки мо ин санаи таърихиро ҷашн мегирем, пайваста бояд кӯшиш намоем, то нафрату мағзшуиҳоеро ки ба муқобили Ватану миллат дасисасозӣ мешаванд, бо истифода аз зиракиву ҳушёрӣ маҳву решакан намуда, якдилу якҷову яксон дар фазои ҳамдиливу ҳамзабониву ҳамдигарфаҳмӣ умр ба сар барем, барои ояндаи дурахшонтару фарогиртари некуаҳволии мардумони миллату диёри худ кору фаъолият намуда, саҳмгузор бошем.

Дар ин ҷашни таърихии миллӣ, ки заминаи ватандӯстиву ватансозии мост, барои ҳар як фарди бо нангу номусро ҳам фарзу ҳам қарз аст, то дар бораи Ватану диёр ва ободиву оромии он таваҷҷӯҳи бештар намуда, тавассути донишу малака, меҳнати ҳалол, ҷиддият ва имкониятҳои баробаронаву бародарона ба ҳадафҳо ва орзуҳои хубу олии худ сазовор гардад. Мову шумо ва ҳар фарди бо нангу номусро зарур аст, то ба соҳибдилону соҳибкорон, навоварону эҷодкорон ва шаҳрвандони меҳнатдӯсту ватандӯст, ки дар муаррифиву инкишофу пешрафти Ватану диёри зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” кору фаъолият мекунад, салому ташаккур бояд гуфта, қадрдонӣ кард.

Мову шуморо зарур аст, то замони омодагӣ ба ҷашни Истиқлол, муҳимияту мубрамият ва асолати ин рӯзро дар таърихи миллатамон ба ёд орем. Зеро ин санаи таърихӣ як фурсату имкониятест, ки мухтору мустақил будани худро қадр намуда, мероси ғании фарҳангу тамаддуни худро хубтару бештар эҳё карда, ба нақши қаҳрамонони Ватану диёри худро эҳтиром гузошта, ба сӯи ояндаи неку дурахшон муштаракона кору фаъолият кунем. Бигзорем то рӯҳи озодиву истиқлолу ваҳдати миллӣ ва саҳми роҳбарону сокинони бо нангу номуси миллат минбаъд низ ҳамаи мову шуморо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ роҳнамоӣ намуда, дар ободиву оромии Ватану миллату диёри худ илҳоми хубтару олитар бахшад.

Тоҷикистон талош кард то бо бунёди мактаби сулҳу созандагӣ дар даврони 33 соли Истиқлол ба Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ дастрас шавад ва бо ташшаббусҳои созандаи худ дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи хешро пайдо намуда, мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирифта, дар ин ё он масоили байналмилалӣ нақши калидӣ бозад.

Имрӯз мо тоҷикон бояд аз ин истиқлолу истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ шукрона карда аз дастовардҳову сарватҳои маънавию моддии Ватан оқилона истифода намуда, хештаншиносиро пойдор ва таҳким бахшем, то дубора ба чоҳи зулмату ваҳшату даҳшат наяфтем. Ва ба қавли Президент кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне Истиқлолу Ваҳдати миллӣ газанд ёбад".

Бояд зикр кард, ки барои дубора ба даст овардани ин ганҷҳои пурарзишу бебаҳо, мардуми бонангу номуси тоҷик дар солҳои мушкилтарин аз ақли солим кор гирифта, бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллатро дар роҳи дарёфти сулҳу салоҳ ва озодии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳуввияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён ҳифз карда, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, созандагӣ ва соҳибихтиёри даврони истиқлолро поягузорӣ кунанд.

Бо чунин ташаббусу тадаббур мо тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд кардем, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки истиқлол заминагузори худшиносии миллӣ буда, паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба сӯи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.

Ҷашни Истиқлоли миллӣ барои ҳамватанон муборакбод бошад!

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмии Тоҷикистон

Бознашр: https://amit.tj/tj/istikloli-davlati-nemati-bebakhost

НАЗАД