Истиқлолу озодӣ муаррифгар ва заминасози шинохти Тоҷикистону тоҷикон ба ҷаҳониён

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Барои ҳар миллату халқияти дунё овардани лафзи пурфайзи Истиқлол ва шарафёбшудан ба он муҳтарам ва муаззаз маҳсуб мешавад. Зеро Истиқлол калимаи зебоест, ки тавассути зикри он тасвири кишвари озоду мустақил дар зеҳни инсонҳо ҳувайдо ва пайдо мегардад. Ба зикри Истиқлол доштани макону шараф, адабу фарҳанг ва забони ин ё он миллат тасвир меёбад. Зеро он таҷассумгар ва тараннумсози фарҳанг ва оину адаби миллатҳову халқиятҳо буда, моҳияти арзишмандии шахсиятҳо ва таъриху маданияти онҳоро арзёбӣ менамояд.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин мақомест барои шинохти арзишҳои ҳар миллату кишвари дунё яке аз нодиртарин неъматҳоест, ки Худованд онро барои башарият арзонӣ гардонидааст. Зеро дар сайёраи олам бисёре аз халқияту миллатҳое мавҷуданд, ки ҳанӯз ба ин неъмат шарафёб нагаштаанд.
Ин неъмати бебаҳо соли 1991 баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ қадами нахустинашро ба Тоҷикистон гузошт, ки бисёре аз кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумлаи Осиёи Марказӣ низ дар талошу мубориза барои худмухторият буданд. Ин ҳамон даврону замоне буд, ки кишвари Тоҷикистон аз як тараф ба шинохти ҳуввияти миллӣ майлон дошт ва аз тарафи дигар ба кашмакашҳои ба истилоҳ "бемаънӣ" ва таҳмилӣ таҳрик мешуд. Бисёре ба ин андеша буданд, ки шояд дер ё зуд ин миллат аз байн равад ва нобуд шавад. Зеро пас аз фурӯпошии Шӯравӣ халқиятҳову миллатҳои он як дам ба чолишҳое рӯ ба рӯ шуданд, ки паси он афроде буданд, ки мехостанд ин ё он миллатро нобуд кунанд. Ва бо ҳамин найрангу ҳила байни онҳо оташи ҷанги хонумонсӯзро бармеангехтанд.
Қобили зикр аст, ки охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1992 буд, ки шиорҳои ошкорбаёнӣ ва озодӣ аз ҷониби баъзе роҳбарони собиқ Шӯравӣ оғоз шуд, ки амалкарди онҳо Тоҷикистонро дар шинохти ҳуввияти миллӣ бо тарзу муносибатҳои нодурусту ноустувор равона мекард. Ин ҳама дасисаву васвасаҳо ва маҷроҳои ноҳамвору бесубот зери сарпарастии бегонаситезон кишварро ҳар сонияву дақиқа ба самти норӯшан ва ноором мекашонд, ки дар натиҷа ҷони зиёда аз ҳазорҳо шахс талаф ёфт ва миллионҳо хасорати иқтисодӣ бар ҷой гузошт.
Бо лутфу меҳрубонии Худованд ва оҳу дарду алами мардуми ҷафокашида дар ҳамин вақт болои мардуми мо боли тараҳҳум ва меҳрубониашро кушода, донаи файзу баракат ва нуру саодатро болои осмони кишвар чош дод, ки ба ивази он яке аз фарзандони фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди майдон шуд ва миллатро аз ҳалокат наҷот дод.
Бо омадани ин фарзанди фарзонаи миллат, кишвар марҳили пуртазодеро тай намуд ва имрӯз ба як такомул ва рушди миллӣ ноил гашт. Зеро тибқи арзёбии таҳлилгарон Кирил Нурҷанов ва Крисшан Блеур охирҳои соли 1980 ва аввалҳои соли 1990 вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии дар Тоҷикистон ноустувор буд. Ва корбурдони гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони сиёсӣ барои тағйири вазъ талош мекарданд. Аммо баъди чанд муддате вазъ нооромтар шуд ва тақсимбандии гуруҳӣ ва минтақавии кишвар оғоз шуд, овардаанд дар китоби худ зери унвони “Tajikistan: Political and Social History” by Kirill Nourzhanov and Christian Bleuer, Australia National University, 2013”.
Эмомалӣ Раҳмон дар чунин фазои ноором, хатари аз байн рафтани миллат ва халқияти онро андешида, дар қадами аввалини худ ба халқ бо шаҳомату ҷасурона чунин хитоб кард: "То замоне, ки дар бадан ҷон дорам барои озодӣ ва ободии халқу ватан ҷонамро фидо мекунам ва ҳаргиз иҷозат намедиҳам, ки душманон ба он хадша зананд".
Ин ҳама аз талошу заҳамоти халқу миллати мо дарак медиҳад, ки соҳиби дарёфти Истиқлолу озодӣ гардиданд ва якҷоя тавонистанд миллатро аз вартаи ҳалокшавӣ нигоҳ доранд.
Ва беҳуда нест, ки сарвари давлати Тоҷикистон арзишу баҳои Истиқлолро дарк карда, онро чунин арзёбӣ кардаанд, "Истиқлолият-дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад".
Бояд қайд кард, ки натиҷаи таҳлилу баррасиҳои гуногун нишон медиҳад, ки бисёре аз миллияту халқиятҳои ҷаҳон аз надоштани неъмати Истиқлолу озодӣ ва роҳбари одилу раиятпарвар азият кашида,то ҳол натавонистанд, масоили қавмии худро ҳаллу фасл намоянд. Зеро таҳлилҳо баёнгарӣ онанд, ки дар ҷаҳон қувваҳои аҳримание ҳастанд, ки намехоҳанд қавми дорои тамаддуну фарҳанг, маърифату матонат ва шоистагиву ҷасорат дар ҷаҳон шуҳрату шаҳомат пайдо карда, ҳамчун кишвари озоду мустақил умр ба сар баранд.
Ҳамин буд, ки баъд аз дарёфт ва шарафёб шудан ба Истиқлолият дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 миллати мо сарфароз ба доштани ватани озоду мустақил дар байни тамоми кишварҳои олам мавриди эътирофи қонунӣ гардид. Бо дарёфти чунин неъмати бебаҳо кишвари мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва тавонист пояҳои давлатдории миллии худро барои таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои ҷаҳон гузорад. Дар як муддати кутоҳ кишвар тавонист заминаҳои устувори ҳуқуқиашро тавсеа бахшида, муносибатро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба вуҷуд оварад.
Тоҷикистони имрӯза бо зиёда аз 130 кишвари дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, аз ҷониби 170 давлати олам чун кишвари мустақил ва озод эътироф гардидааст. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки заминаи хубест барои рушд, тақвият ва таҳкими равобити байналмилалӣ дар даврони Истиқлолият. Дар байни кишварҳои мазкур Покистон низ шомил аст, ки яке аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Тоҷикистонро пазируфт ва эътироф кард.
Тибқи манобеи Вазорати хориҷӣ ва сомонаи сафоратҳои Тоҷикистону Покистон муносибатҳои дипломатӣ байни ҳар ду кишвар аз моҳи июни соли 1992 барқарор шуда, дар натиҷа ҳар ду кишвар доштани сафирони худ мушарраф гаштанд. Дар соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафоратхонаи худро боз намуд, ки он дертар дар соли 1994 расман ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тавр санаи 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ифтитоҳ шуд, ки то имрӯз ҳар ду кишвари дӯст зиёда аз 30 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд.
Мавриди зикр аст, ки бар асоси санадҳои имзошуда, дар моҳи марти соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Покистон боздиди расмӣ ба амал овард. Бори нахуст соли 1997 Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дертар дар ш. Карочӣ кушода шуда, ҳамзамон, парвозҳо байни Душанбеву Карочӣ роҳандозӣ шуда буданд. Дар давоми 26 соли муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар зиёда аз 50 ширкатҳои хусу- №1, 2020 65 Мизони қонун сии покистонӣ ва соҳибкорони покистонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
То соли 2011 гардиши мол байни ду кишвар 14 млн. 850,1 ҳазор долл. амрикоӣ буд, ки он дар соли 2012 ба 78 млн. 814,8 ҳазор доллар расид. Дар натиҷа 26 млн. 498,5 ҳазор доллари он содирот ва 52 млн. 316,3 ҳазор доллар воридотро ташкил медод. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.
Рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкории байни Тоҷикистону Покистон дар ҷаласаи Коммиссияи муштараки ҳар ду кишвар 2-юми июли 2019 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт, ки барои ояндаи ҳар ду кишвар муфид хоҳад буд.
Дар соҳаи омӯзиши маҳоратҳо ва такмили ихтисос, маориф ва табодули барномаҳои гуногун муносибатҳо байни ҳар ду кишвар тадриҷан рушд меёбанд ва дар ҳоли ҳозир донишҷӯёни покистонӣ дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ва омӯзиш мегиранд.
Бародаршаҳрии Душанбе ва Лоҳури Покистон аз солҳои 1973 заминаи муносиб ва қадами некест дар таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангии ҳар ду ҷониб. Бо ташаббуси ҷонибҳо маркази омӯзишии Покистон низ ифтитоҳ шуд, ки ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.
Тоҷикистон ва Покистонро амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 бо ҳам наздиктар месозад, корбурдони асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ аз аҳдофи асосии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки лоиҳаи мазкур дорои 3 бахш аст, ки иборат аз сохтани 1,222 км линаи интиқолӣ ва истгоҳҳо, эҷоди кумакҳои техникӣ ва молӣ тавассути коммиссияҳои муштарак ва рушд ва кумак намудани мардуми ҷойгирифтаи масири он иборатанд.
Истифода ва амалисозии лоиҳаи мазкур кишвари Покистон 1300 мегават барқ дарёфт менамояд, ки бо ин роҳ масоили энергетикӣ коҳиш ёфта, равобит байни кишварҳои минтақа тавсеа меёбад. Зеро ҳамкории минтақавӣ метавонад кафили амн ва тавсиа шавад ва рушди иқтисодии тарафҳо гардад. Ифтитоҳи чархаи дуввуми Роғун низ фоли нек ва заминаи хубест барои интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла, Афғонистону Покистон, ки аз масрафкунандагони асосии энергия маҳсуб мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ҳар ду кишвар метавонанд бахши кишоварзӣ ва саноатии худро мавриди омӯзиш қарор дода, заминаҳои муносиберо барои рушд ва тақвият ба вуҷуд оваранд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди маҳсулоти пахта ва бофандагӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, ғизо ва нассоҷӣ аз таҷрибаи Покистон истифода намояд, зеро он дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон дар ҷойи саввум меистад. Коркарди мева, шолипарварӣ, банану мандарини он низ аз маҳсулоти босифат ҳастанд, ки метавон аз он истифода кард. Зеро биринҷи бренди "басматӣ" покистонӣ дар бештар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Амрико харидорӣ ва чун ғизои солиму босифат мавриди истифода мегардад. Аз таҷрибаҳои пешрафтҳои илмии Покистон дар омӯзиши лоиҳаҳои обӣ, физикӣ ва муҳити зист метавон истифода кард, ки ба манфиати тарафайн хоҳад буд.
Хулоса, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр моҳи сентябри соли 1991 чун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ мавриди эътирофи кишварҳои олам гашт ва бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои нек равон-давон аст.
Ҳамин тавр, ин кишвари ҷавону мутамаддин тавонист дар ин 29 соли Истиқлол ба дастовардҳои хубе ноил гардад, ки дар шинохт ва муаррифии халқу ватан кумак расонд. Дар шинохти кишвар ва миллату халқияти он дарёфт ва шарафёб шудан ба Истиқлол замина ва асос маҳсуб мешавад, ки мо насли имрӯз бояд қадру манзалати онро ҳеҷ гоҳ ба чашми паст нанигарем, балки дар шукуфоии он саҳм гирем ва чуноне ки шоир фармудааст,

     Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
     Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Мирсаид Ра
ҳмонов,
ходими илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илм
ҳои Тоҷикистон
Манбаъ: маҷаллаи Мизони қонун
https://www.anticorruption.tj/images/files/Majalla%201-2020.pdf

НАЗАД