Мардуми тоҷик аз қадим дорои тамаддуну расму одатҳое буданд, ки дар пояҳои меҳру дӯстӣ, меҳмондориву мизбондорӣ ва матонату ҷасорат таҳким ёфтааст. Аз гузаштаи қадим мо чун мардуми бо маърифату маданият шинохта шуда, то имрӯз дар байни халқҳои олам боқӣ мондаем. Чунин каромату шаҳомат ва ҷасорату матонати мо тоҷикон дар даврони истиқлолияти кишвар дубора эҳё гардид, ки бори дигар хубиҳову худшиносии мо шаҳодат медиҳад.
Вале бояд дониста бошем, ки ҷаҳони муосир ба монанди маҷрои дарёест, ки дорои мавҷҳои пурталотубест, ки ҳар мавҷи он ба суи манзиле равон-давон аст, ки дар худ шаклу сурати хос дорад ва аз зебоиву карашмаҳои ин дунёи рангоранг шаҳодат медиҳад. Дар чунин муҳити саршору сарзабз як ганҷе нуҳуфта аст, ки бисёре аз мардумони сайёра аз он маҳрум буда, аз арзишу қимати он бенасиб мондаанд, ки мо тоҷикон бо доштани фарҳангу тамаддуни башардӯстӣ ва меҳрубонӣ бо талошу бедорхобиҳо ва эҳтирому эътирофи инсонгароӣ тавонистем он ганҷро дарёбем ва дар сояи он зиндагии озоду ободу ором дошта бошем, ки номаш сулҳ буда, мавҷҳои он монанди баҳор табиатро зебову хуррам месозад ва аҳли башарро ба сӯи хонаи озоду, орому обод шарафмандона мебарад.
Бо вусъат ёфтани равандҳои глобалӣ муносибатҳо байни аҳли сайёра шаклҳои дигар гирифта, қадри қимат ва арзиши инсон ва ҳимояту оромии он кам гардида, ё қариб, ки аз байн рафта истодааст. Зеро бештари мардум арзишу аҳамияти сулҳ ва Истиқрору оромиро ҳанӯз қадр накарда, ношукриву носипосӣ мекунанд.
Бояд зикр кард, ки сулҳ ва Истиқрор мафҳумҳое ҳастанд, ки озодӣ, оромиву ободӣ, ваҳдату истиқлолият ва нишонаи созандагии зиндагии давлату миллатро поягузорӣ мекунанд. Фазои сулҳу дӯстӣ муждарасони озодиву оромиву ободӣ ва ганҷи бебаҳо ва таҷассумгари шодкомиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ буда, миллатро ба сӯи шинохти ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ мекунад.
Чи зебо ва басо бамаврид Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ ва меҳрубонӣ кайҳо моро аз мактаби сулҳофаринӣ огоҳ карда, фармудааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил.
Инҷо қайд кардан ба маврид аст, ки сулҳу сулҳдӯстӣ ва мерубониву меҳмондорӣ аз неъматҳои илоҳӣ ва арзишҳои инсонӣ буда, халқи тоҷик бо онҳо ифтихор менамояд.
Аммо инҷо бояд қайд кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ва ба осонӣ ба дасрасӣ мо нагардидаанд. Барои ба даст овардани ин ганҷҳои пурарзишу бебаҳо, мардуми бо нангу номуси мо дар солхои мушкилтарин аз ақли солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи дарёфти сулҳу Истиқрор ва озодии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ нишон дода, шаъну шарафи ҳуввияти миллии хешро дар байни ҷаҳониён исбот карда, аввалин мактаби сулҳофаринӣ, ободкорӣ, созандагӣ ва худшиносии даврони истиқлолро поягузорӣ карданд, ки то имрӯз он чун намунаи ибрат барои дигар мамолики дунё ва хусусан дар барномаҳои сулҳофаринии СММ ҳамчун мисоли мусбат боқӣ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари дилсӯзу меҳрубон ва чунин мардони баномусу нанги миллат буд, ки имрӯз сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ умр ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил гардидем. Ин талошу муборизаҳо сабаб шуданд, ки Тоҷикистон равобити ҳасанаи худро бо ҳамаи кишварҳои дунё ҳамчун кишвари комил ҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, худмухторӣ ва барномаҳояшро таҳкиму тавсеа бахшад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи истиқболи созишномаи Истиқрори сулҳ ва ташрифи Президенти кишвар ба ноҳияи Мастчоҳ барои арҷгузории чунин рӯзи тақдирсози миллат қарор дорем, зарӯр аст бештар аз арзишҳову созандагиҳои он ҳарф бизанем. Ҳарчанд, ки маънои сулҳро бештари мо медонем, аммо инҷо ба маврид аст, ки мо калимаи дигареро ки ҳаммаънои он буда, ҳамарӯза тавассути ВАО шунавонида ва зикр мегардад, ташреҳ намоем, то хонанда огоҳӣ пайдо карда, қадру манзалати озодӣ, оромӣ ва ободиро хубтару беҳтар бишносад.
Бештар вақтҳо мо тавассути ВАО ва китобу мақолаҳо калима ё истилоҳи Истиқрорро мешунавему мушоҳида мекунем, ки аслан он калима ё вожаи арабиасос буда, дар асоси решаҳои забон маънои хоссеро ифода мекунад ва дарки дурусти он ба мо тоҷикон муҳимтар ва заруртар гардидааст. Зеро мо зери сояи ҳамин вожа барномаҳои созандагиамонро рушду такомул бахшидем. Бо истифодаи ҳамин калимаи тақдирсози миллати мо бештар донишмандон ва шарқшиносон мақолаҳову китобҳо эҷод мекунанд, зеро он дар худ ифодаи хоссеро дорад, ки бо огаҳии дуруст аз он метавон арзишу муҳиммияти онро дарк кард. Аз ин лиҳоз барои дарки бештар аз он дӯст доштем то дар мақолаи кӯчаки худ калима ва ё истилоҳи Истиқрорро барои хонандагони тоҷик маълумот бидиҳем.
Бояд зикр кард, ки забони арабӣ яке аз забонҳои муҳимми олам ба шумор рафта, таснифоту таълифоти зиёде тавассути он то имрӯз навишта шудааст, ки аз гӯзаштаи таърихии он шаҳодат медиҳад. Ба мисли дигар забонҳо ҳар истилоҳи он маъноеро ифода мекунад, ки бояд дуруст дониста шавад. Инҷо ҳамчун коршиноси соҳа хостем дар аввал калимаи истиқрорро варақ мезанем, то аз маънӣ ва шарҳи он огоҳӣ пайдо намоем. Тибқи қонуни забони арабӣ ҳар калима ё вожае, ки бо ҳарфҳои и-с-т оғоз мешавад, маънои талаб карданро ифода карда, ба вазни Истифъол меояд, ки арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе кор мефармоянд.
Мувофиқ ба ҳамин дастуруламал калима ё вожаи Истиқрор дар вазни истифъол омада, аслан аз решаи калимаи истақарра ястақирру Истиқроран гирифта шудааст, дар китобҳои фарҳанги луғат маънои қарор гирифтан, қарор ва субот варзидан баҷое, по барҷо шудан, ҷо гирифтан, устувор шудан ва ором гирифтан ифода шудааст. Агар ба забони осонтар бигӯем, истиқрор ба маънои дар ҷое ё маконе талаби устувор ва ором монданро ифода мекунад. Бо дарки дуруст ва фаҳми маънои истиқрор мо метавонем аз арзишу қимати сулҳу оромӣ хубтар огаҳӣ пайдо карда, онро чун васила дар шинохти ҳуввияти миллӣ бидонем. Зеро маънои аслии он ифода аз он мекунад, ки қавме ё миллате ё давлате барои боқӣ мондани худ талаби устувор ва ором монданро мекунад, ки дар натиҷа онро ба даст меоварад ва дар ғайри он Истиқрорро наметавон ба осонӣ дарёфт кард.
Ҳамасола дар моҳи июн санаи 27-ум бештари ВАО ва рӯзномаву нашрияҳо ва мардуми кишвар бо як меҳри хос оиди вожаи пурасрори истиқрор ва арзишу маконати он маводу мақолаҳо ва барномаву семинарҳоро ба роҳ меандозанд. Мо тоҷикон дар даврони истиқлолият ба воситаи ҳамин вожа ба пешрафтҳои зиёде ноил шуда, онро ҳамчун рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил намуда, чун рӯзи қарордоди Истиқрори сулҳ мешиносему қадрдонӣ мекунем. Зеро онро мо баъди чандин солҳои бесарусомонӣ, бесоҳибӣ, дарбадарӣ ва оворагӣ, парокандагӣ дар ин сарзамини пурфайзу соҳибтамаддун дарёфтем. Дар натиҷа, ба ҷаҳониён сулҳҷӯию фарҳангдӯстии худро исбот карда, мактаби аввалини сулҳофариниро поя гузоштем, ки мардуми азизи кишварамон дар зери сояи он умр ба сар бурда, аз вожаи Истиқрор муждаи тоза гирифта, дар фазои созандагиву ватандӯстӣ зиндагӣ мекунанд.
Бояд қайд кунем, ки санаи 27 июн соли 1997 – Имзои созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи гутушунидҳо дар кишвари Русия ба имзо расид ва саҳифаи навинеро дар таърихи миллати мо эҳё намуд, ки чун гавҳари ноёб пазируфта шудааст. Ҳамин буд, ки саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид ва то ҳол идома дорад. Бо роҳнамоиву ташаббусҳои Президенти кишвар ва ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки мардуми мо дар роҳи бунёди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта, дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд, ки он шаҳодат аз барномаву корҳои дуруст медиҳад ва ба қавли шоир:
Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
Инҷо бояд қайд кунем, ки роҳбарияти кишвар қадамҳои нахустини худро аз хазина ё будҷа сифр оғоз карда, тавассути майлу ирода, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бо фарҳангу тамаддунсози кишвар тавонистанд барои дарёфти сулҳу оромии кишвар талош карда, онро ба даст оваранд ва онро чун намунаи таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ ба мардуми сайёра нишон диҳанд, ки он то ҳол эътироф ва қадрдонӣ мешавад.
Ташаббусҳои милливу фаромиллӣ ва барномаҳои созандагии кишвар тавонист исбот кунад, ки мо ба сӯи фардои нек равонем ва бо истифода аз зиракиву худшиносӣ ватанро ободтару зеботар хоҳем гардонд. Мо ҳамагон медонем ва ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар аксари манотиқи олам мардум аз надоштани истисқрор ва ороми азияту ранҷ кашида, дар вартаи ҳалокат ва гирдоби ҳалокатовари зиндагӣ қарор дошта, ҳар сонияву дақиқа дучори кашмакашиҳову нооромиҳо ва оворагиҳо қарор доранд.
Ҳамаи ҳодисаҳои атрофи олам, чолишҳо геополитикии равандҳои ҷаҳонишавӣ, вазъу ҳолатҳои ноором, даҳшату ваҳшати мардуми сайёра ва ахиран хуруҷи бемории Ковид-19 мо мардуми бо нангу номуси миллатро водор месозад, то ба қадри истиқрор ва оромии ватан ва якпорчагии он бирасем ва талош намоем, то ин мактаби созандагиро ҳифз карда, ҳама бо ҳам душ ба души ҳам озодӣ, оромӣ ва ободии Ватанро нигоҳ дорем ва нагузорем, то чашми ҳасудону нохалафон ба он зараре бирасонад.
Пахши филми мустанад зери номи "Хиёнат" ва ташвиқоту тарғиботи мухолифони амну субот ва созандагии кишвар якбори дигар моро ҳӯшдор аз он медиҳад, ки бояд огоҳу ҳушёр бошем ва нагӯзорем, то миллат ба чунин мусибатҳо дубора кашонда шавад. Моро ҳам фарзу ҳам қарз аст, то ваҳдату якпорчагиро ҳифз карда, аз барномаҳои созандагии кишвар кор гирифта, шукрона аз он кунем, ки чунин Ватани азиз ва сероб дорем ва ба қавли олим ва ориф Мирзоюсуф Фозилзода ҳифз, қадршиносӣ ва сулҳу истиқрори онро чун гавҳари ноёб ҳамеша зери парчами Ваҳдат нигаҳ дорем :
Эй тоҷикон барои Худо муттаҳид шавед,
Бар аҳди худ намуда вафо муттаҳид шавед.
Бе иттиҳод меравад аз байн мулки мо,
Хоҳед агар давому бақо муттаҳид шавед.
Бар иззату шараф бирасад қавми муттаҳид,
Баҳри шукӯҳи миллати мо муттаҳид шавед,
Аз шеъри мавлавию зи осори Буалӣ,
Бар ҷисму ҷон намуда даво муттаҳид шавед.
Шерозабанди сафҳаи таърихи хештан,
Бошед дар ҳама ҷо муттаҳид шавед.
Бегона нест, толиби маҷду бақои мо,
Бинмуда тарки фикри хато муттаҳид шавед.
Душман ҳамеша дар пайи тафриқи миллат аст,
Бар рағми душманони дағо муттаҳид шавед.
Хулоса мо тоҷикон бояд аз доштани чунин мактаби сулҳофаринӣ ва созандагӣ ифтихор карда, истиқрору ваҳдати миллӣ ва ҳамаи дастовардҳо ва сарватҳои маънавию моддии ватанро дуруст ва оқилона истифода намуда, миллатдӯстӣ ва хештаншиносиро таҳким бахшида, ҳаргиз нагӯзорем то мардуми мо дубора ба коми ваҳшату даҳшат наяфтанд ва чуноне ки Президенти кишвар таъкид кардааст "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад", дар ободии кишвар саҳмгузор бошем.
Бори дигар хотиррасон намоем, ки вожаи Истиқрор ва паёмадҳои он ба мардуми мо чун воситаи паёмакрасони хайр ва муждарасони озодӣ, оромӣ ва ободӣ буда, мактаби сулҳофарини он ҳамеша роҳнамои шукуфоии Тоҷикистон ва аҳолии кишвар маҳсуб шуда, ҳамчун як армуғони пурарзишест, ки дар рушду нумуи ҷомеа ва маҳву нобудии ҷаҳолату разолат кумак мерасонад.
Истиқбол аз Истиқрори сулҳро барои ҳама муборакбод гуфта, ба ҳомиёну ташаббускорон ва кабўтарони сулҳовари Ватан иқболу парвози абадӣ орзӯ карда, таманно мекунем, ки нерӯи хирад, ақли солим, ҳамбастагӣ, меҳру муҳаббат дар байни тамоми аҳли сайёра ҳар чи зудтар ғалаба кунад ва онҳо низ мисли мо тоҷикон дар фазои ваҳдату якпорчагӣ ва озодиву оромиву ободӣ умр ба сар баранд.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ