Автор: ИИПСАЕ
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев лоиҳаеро таҳти унвони “Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё” пешниҳод намуд, ки мақсади он ҳамбастагии иқтисодии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, 10 октябри соли 2000 Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфт ва 30 майи соли 2001 баъд аз тасвиби давлатҳо он фаъолияти пурраи худро оғоз намуд.
Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ин ташкилоти байналмиллалии иқтисодии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб рафта, ҷалб намудани аъзоёни иттиҳоди мазкур дар раванди ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ, инчунин, амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои дигари марбут ба таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитариро ба танзим медаровард.
Аз давраи таъсисёбӣ ин иттиҳод панҷ давлат- Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистонро дар бар мегирифт. Танҳо соли 2006 Ӯзбекистон ба ин ташкилот шомил шуда, баъдтар аз сабаби зери шубҳа мондани самаранокии фаъолияти ин ташкилот аз доираи он берун гардид.
Президенти Россия, Владимир Путин доир ба фаъолияти ин ташкилот қайд намуда буд, ки дар замони мавҷудияти худ ин ташкилот яке аз вазифаҳои муҳимтарин- таъмини рушди пешрафти ҳамгироии авруосиёӣ ва таъмини заминаи таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодии Россия, Белорусия ва Қазоқистонро иҷро намуд. Дар доираи ин ҳамгироӣ ҳамагӣ 215 шартнома ва созишном дар бахшҳои мухталиф, ба мисли соҳаи савдо, сармоягузорӣ, технология ва робитаҳои гуманитарӣ баста шудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра қоидаҳо дар бозори умумӣ ба роҳ монда шуда, фонди зиддибӯҳронии ин ташкилот бо сармояи 10 млрд. доллари амрикоӣ дар мубориза ба бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ ба кишварҳои аъзо дар таъмини устувории молиявии давлатӣ таъсис дода шуд.
Баъд аз 14 соли фаъолияти Ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, 10 октябри соли 2014, зимни нишасти сарони давлатҳои Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳуҷҷат оид ба барҳам додани ин иттиҳод ба имзо расид, вале бар ивази ин як созишномаи наверо бо номи “Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё” (ЕАЭС) ба имзо расониданд, ки он фаъолияташро аз 1 январи соли 2015 шурӯъ намуд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муқаррар шудааст. Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.
Аъзоёни ин иттиҳод Арманистон (аз 2 январи соли 2015); Белорусия (аз 1 январи соли 2015); Қазоқистон (аз 1 январи соли 2015); Қирғизистон (аз 1 январи соли 2015); Россия (аз 1 январи соли 2015) мебошанд.
Раиси иттиҳод ҳар сол аз давлатҳои узви он интихоб карда мешавад. Соли 2015 ба Белорусия раисии он пешниҳод шуда буд ва то моҳи декабри соли 2018 Россия роҳбарии ин иттиҳодро ба уҳда дошт.
Таъсири умумии макроиқтисодӣ аз ҳамгироии кишварҳои пасошӯравӣ ба чанд нуқта ҷудо мешаванд:
- паст намудани нархи мол бо сабаби кам кардани хароҷоти интиқоли ашёи зарурӣ;
- баланд бардоштани арзиши музди меҳнат аз ҳисоби хароҷоти кам ва ҳосилнокии баланди истеҳсолот;
- афзоиши истеҳсолот бо сабаби зиёд шудани талабот ба молҳо;
- афзоиши ММД – и кишварҳои ИИА ҳадди аққал то 25 фоиз;
- аз сабаби васеъшавии ҳаҷми бозор бозгардонии технологияҳои такрор.
Тибқи талаботи ин ташкилот, аъзои он бояд қоидаҳои техникии онро риоя намоянд, ки истеҳсолкунанда метавонад барои истеҳсоли маҳсулот ҳар гуна стандарти дар талабот дохилшударо, яъне стандартҳои давлатӣ ё миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукбударо интихоб намояд. Масалан, ширкати русӣ ҳуқуқ дорад, ки маҳсулоти худро аз рӯи стандартҳои Белорусия истеҳсол намояд ва онро бе розигии иловагӣ амалӣ намояд.
Инчунин, муҳоҷирони меҳнатие, ки шаҳрвандони давлатҳои аъзо мебошанд, гирифтани иҷозатнома (патент) оид ба кор дар ҳудуди Россия талаб карда намешавад, чуноне ки онҳо дар асоси ҳуқуқҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандони Русия баробаранд.
Иттиҳоди гумрукӣ яке аз қисмҳои асосии бозори умумӣ буда, давлатҳои аъзои он тарифҳои умумии гумрукӣ ва дигар тадбирҳои танзимро дар тиҷорат бо давлатҳои сеюм истифода мебаранд. Шартнома оид ба Иттиҳоди гумрукӣ соли 1995 ба имзо расида, дар натиҷа ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё табдил ёфт. Аз 1 январи соли 2018 Кодекси гумрукии ИИА эътибори худро пайдо кард.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташкилоти навтаъсис буда, ҳамагӣ 3 сол фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Дар тӯли ин сол сарони давлатҳои аъзо тавонистанд бо ҳам иттифоқи қавиро ба роҳ монданд. Аммо, ба ин муносибатҳои амиқи худ нигоҳ накарда, дар ин давлатҳо якчанд талафотҳои иқтисодӣ низ ба назар мерасад.
Масалан, Президенти Белорусия, А. Лукашенко 3 феврали соли 2017 дар яке аз пресс-конференсияҳои дар Минск, оид ба ин иттиҳод чунин гуфт:
- Дар давоми ин муддат, аз сабаби нархҳои нобаробар ва шарту меъёрҳои нобаробар дар иттиҳод, Белорусия 15 млрд. доллари амрикоӣ зарар дид. Ҳоло бошад, онҳо ба кишвар 5 млрд. доллари амрикоиро ба таври қарз пешниҳод намудаанд.
Ба ин нигоҳ накарда, ҳукумати Белорусия ният дорад, ки соли 2018-ро бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст намояд. Сарвазири Белоруссия Андрей Кобяков афзоиши ММД – ро дар сатҳи на камтар аз 3,5 фоиз% пешбинӣ кардааст. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки аъзогӣ ба ин иттиҳод ба соҳибистиқлолии кишвар халал хоҳад расонд. Дар ин бора Президенти Қазоқистон Н. Назарбоев чунин гуфтааст:
- Як қатор иқтисодчиён ва сиёсатшиносон мегӯянд, ки Қазоқистон дар давоми дохилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз рӯи бахши иқтисод зарари калон дидааст. Бо рушди хамгироӣ бозори Қазоқистон барои истеҳсолкунандагони русӣ кушода шуда, аммо раванди баръаксро нишон намедиҳад. Масалан, соҳибкорон, ки дар доираи вориду содиротии молҳои хитоӣ кор мекунанд, азият мекашанд, бахуссус маҳдудиятро дар бозори молҳои спиртӣ, молҳои каннодӣ ба тундӣ ҳис мекунанд. Ин мамлакат бештар бо бозорҳои Русия, Беларусия ва дигар давлатҳои ИДМ харидуфурӯш мекунад, назар ба бозорҳои ҷаҳон, ки ин ба пастравии воридоти технология аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои дигари ҷаҳон мебарад.
Яке аз афзалиятҳои ҳамгироии Белорусия дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин муҳофизати шароитҳои имтиёзҳо, кушодани роҳ дар молҳои хоми русӣ мебошад.
Дигар аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ин Арманистон мебошад, ки ҳамроҳи дигар давлатҳо баробар ба он шомил шудааст. Тавре сарвазир ва вазири иқтисодии байналмилалии ҳимгироии Ҷумҳурии Арманистон Ваче Габриелян соли равон қайд кард, дар давоми ду соли охир содироти Арманистон афзуд ва нархҳо дар молҳои воридот арзон шуд, ки бо вуҷуди ин норасоии тавозуни пардохт ҳам кам шуд. Бояд гуфт, ки содироти Ҷумҳурии Арманистон соли 2016 ба давлатҳои Иттиҳоди АвруОсиё ба ҳаҷми 53 фоиз афзуда, фурӯши молҳои арманӣ ба бозорҳои дохилии давлатҳои иттиҳодия аз 15,9 то 22 фоиз зиёд шуд. Дар баробари ин, Арманистон аз ҷиҳати суръати рушди ММД дар байни давлатҳои иттиҳод ҷои намоёнро ишғол менамояд.
Метавон гуфт, ки Қирғизистон таъсири бештари фоидаро назар ба дигар давлатҳои иттиҳод дидааст, ки дар ин масъала афзоиши ҷалби сармоягузорӣ дохил мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар навбати аввал таҷрибаи Қирғизистону Арманистон омӯхта мешавад, чунки иқтисодиёти ин кишварҳо аз нигоҳи сатҳ ба Тоҷикистон наздиктар аст.
Хулоса, пеш аз пайвастан ба ин ё он иттиҳоду созмон, шарту шароит ва қоидаҳои мавҷудаи онро омӯхтан зарур аст. Бояд донист, ки ба ин бозори ягона чӣ гуна маҳсулот пешниҳод карда шавад ва оё ин маҳсулоти пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ мебошанд ё не?!
Фарида Қурбонзода,
корманди Институт
Манобеъи истифодашуда:
https://ru.wikipedia.org/wiki/
https://ria.ru/world/20170203/1487120333.html
https://ru.sputnik-tj.com/trend/tajikistan-eaec/