Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
10.06.2021 15:44, шаҳри Душанбе
 

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 10-11 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳусни тафоҳум, дӯстӣ ва ошкорбаёнӣ музокироти муфассал анҷом доданд, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Бо изҳори вафодорӣ ба принсипҳое, ки дар Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 сабт ёфтаанд, инчунин майли ҳар ду ҷониб барои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба, Сарони давлатҳо ба мақсади густариш ва ғанисозии муколамаи байнидавлатӣ бар асоси эҳтиром, эътимод, дастгирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикӣ байни ду халқи бародар тавофуқ намуданд.

Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ аҳаммияти таърихии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-10 марти 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17-18 августи 2018-ро, ки дар натиҷаи он сафарҳо тавофуқоти муҳим дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва ғайра ба даст омадаанд, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, ба рушду тавсеаи гуногунҷанбаи равобити ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд, қайд намуданд.

Сарони давлатҳо ба ҷашни фарорасидаи 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хос дошта, бо изҳори омодагии минбаъд низ андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри густариши шарикии роҳбурдӣ, нуктаҳои зеринро баён менамоянд:

1.Ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки бар асоси робитаҳои чандинасраи таърихӣ ва маънавии ду халқи бародар ташаккул ёфтаанд, сатҳи баланди эътимоди мутақобил, дӯстии самимӣ ва ёрии ҳамдигарӣ хос мебошад.

2.Муколамаи мунтазам дар сатҳи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамкории фаъолонаи сиёсӣ ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин замина, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-11 июни 2021 барои таҳкими ҳамкориҳои бисерҷониба ва шарикии роҳбурдӣ миёни ду кишвар аҳаммияти истисноӣ дорад.

3.Муносибатҳои муваффақонаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд. Дар робита бо ин, идомаи таҷрибаи баргузории ҳарсолаи Мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳо ва машваратҳои ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа дар сатҳҳои гуногун аҳаммияти хос дорад.

Ҷонибҳо аҳаммияти баргузории Вохӯрии машваратии навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро бо муайян намудани замон ва макони он дар соли 2021 дар ҳамоҳангии тарафҳо, таъкид намуданд.

4.Рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дониста мешавад.

Ҷонибҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки василаи "дипломатияи парлумонӣ" тавассути тақвияти ҳамкориҳо миёни гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии байнипарлумониро густариш диҳанд.

5.Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ самти муҳимтарини муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон зери роҳбарии сарвазирони ду давлат ҳамчун василаи муассири робитаҳои иқтисодӣ хидмат мекунад.

Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ дар солҳои охир ба таҳкими назарраси муносибатҳо дар риштаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намудааст.

Ҷонибҳо афзоиши назарраси ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, таъмиқи робитаҳои кооперативӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, истифодаи самараноки захираву имконоти мавҷудаи иқтисодиёти ду кишварро қайд намуданд.

6.Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид ва рафъи монеаҳо дар савдои мутақобила, инчунин диверсификатсияи номгӯйи он ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад.

Дар робита бо ин, Ҷонибҳо роҳандозии муносибатҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ширкатҳои манфиатдор ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба мақсади афзоиши мутавозини дукаратаи ҳаҷми савдо дар соли ояндаро ҳавасманд хоҳанд кард.

7.Роҳбарони давлатҳо ба иқтидори назарраси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи кооператсияи саноатӣ ишора намуданд.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, аз ҷумла рушди кластерҳои агросаноатӣ ва саноатӣ ба роҳ монда шавад.

Дар робита бо ин, Ҷонибҳо аҳаммияти Ширкати сармоягузории таъсисёфтаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо сармояи оинномавии 50 миллион доллари ИМА-ро, ки барои эҳё ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ нигаронида шудааст, таъкид намуданд.

8.Тақвияти минбаъдаи робитаҳои байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳаммияти калидӣ дорад.

Президентҳо ба натиҷаҳои Форуми якуми минтақавии сармоягузорӣ, ки 9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо муҳим будани идомаи татбиқи ташаббусҳои муштараки байниминтақавӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ, баргузор намудани сафарҳои мутақобили ҳайатҳои соҳибкорӣ ва барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳриро қайд намуданд.

9.Президентҳо хусусияти роҳбурдии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсияи нақлиётиро таъкид карданд, ки рушди он ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани ҷаззобияти Осиёи Марказӣ ҳамчун долони манфиатбахш ва муассири транзитӣ дар минтақа саъй хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки барқароршавии хатсайрҳои нақлиётии автобусҳо, роҳи оҳан ва ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар ба афзоиши раванди интиқоли бор, мусофирон ва сайёҳон байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

10. Сарони давлатҳо аҳаммияти таърихии Шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расидааст, таъкид намуданд. Дар ин замина, идома додани раванди гуфтушуниди созанда роҷеъ ба аломатгузории Сарҳади давлатӣ муҳим дониста мешавад.

11.Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори истифодаи маҷмӯӣ ва мутақобилан судманди захираҳои обӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ба ин мақсад василаҳои устувори дарозмуддати ҳамкориҳои пурсамар таҳия хоҳанд шуд.

Ҷонибҳо омодагиро барои ширкат дар татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

12.Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давраи ҳамагирии ҷаҳонии сирояти нави коронавирус нишондиҳандаи принсипҳои олии дӯстӣ ва дастгирии тарафайн маҳсуб мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои кумакҳои саривақтии башардӯстона дар соли 2020 дар шакли лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ ва маҷмааи тиббии сайёр миннатдории самимӣ изҳор намуд.

13.Ба мақсади рафъи оқибатҳои буҳронии ҳамагирии ҷаҳонии коронавируси нав ва эҳё намудани иқтисодиёт робитаи зич ва роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъмини некӯаҳволии беҳдоштию эпидемиологии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.

Дар ин замина, идома додани иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои дигар муҳим дониста шуд.

14.Бо дарназардошти равандҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, Ҷонибҳо зарурати ҳамкории зичтари мақомоти соҳавии ду кишварро ҷиҳати коҳиш додани таъсири ин падидаи ҷаҳонӣ, коркард ва татбиқи чорабиниҳои муштарак барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрии башардӯстона дар соли 2020 дар шакли масолеҳи сохтмонӣ барои бартараф намудани оқибатҳои рахнаи сарбанди обанбори Сардоб дар вилояти Сирдарё миннатдории самимӣ изҳор намуд.

15.Рамзи возеҳи дӯстӣ ва дастгирии мутақобили байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар қаламрави ҳар ду давлат мебошад.

Президентҳо 10 июни соли 2021 ба истифода додани маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд кардааст, инчунин мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, истиқбол намуданд.

16.Бо дарназардошти қаробати фарҳангӣ ва шабоҳати анъанаҳои мардумони тоҷик ва ӯзбек, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ниҳоят муҳим дониста мешавад.

Ҳукуматҳои ҳар ду кишвар минбаъд низ барои рушди матбуоти даврӣ ва нашри китобҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тамоми шароити заруриро фароҳам меоранд.

Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, инчунин таҳкими табодули дӯстона миёни васоити ахбори омма, муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, гурӯҳҳои бадеӣ ва театриро идома медиҳанд.

17.Тарафҳо вафодории худро ба дастгирии баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои заноне, ки дар таъмини сулҳу ризоият дар ҷомеа ва татбиқи пурраи нерӯи инсонӣ дар асоси рушди устувор нақши калидӣ доранд, тасдиқ намуданд.

18.Таҳкими ҳамкорӣ ва амалҳои мутақобил дар масоили таъмини амният дар минтақа аз авлавиятҳои калидӣ дониста мешавад. Мушкилоти марбут ба терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо ҳанӯз ҳам тезутунд боқӣ мемонад. Амалҳои мутақобил ва ҳамоҳангсозӣ байни хадамотҳои махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор идома хоҳад ёфт.

19.Мардумони тоҷик ва ӯзбек ҳамсоягони неки мардуми бародари афғон буда, ҳамеша ҷонибдори сулҳи пойдор дар Афғонистон мебошанд. Дар ин замина, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини амният, мусоидат ба раванди сулҳ ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии он кишвар, бо дарназардошти хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2021, аҳаммияти истисноӣ касб мекунад.

Президенти Тоҷикистон аз талошҳои Ӯзбекистон барои ташвиқи муколамаи байниафғонӣ дар абзори Тошканд истиқбол мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Кумитаи нави доимӣ оид ба Афғонистон дар назди муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба мақсади мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии он кишвар, ки дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардидааст, баҳои баланд дода, дастгирӣ менамояд.

Президенти Ӯзбекистон ба натиҷаҳои Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, инчунин ба ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар Душанбе 13-14 июли 2021 баҳои баланд дод.

Сарони давлатҳо инчунин талошҳои бисёрҷонибаи дигарро, ки ба эътидоли вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунанд.

20.Сарони давлатҳо ҷонибдори таҳкими мақоми СММ ҳамчун сохтори фарогири байналмилалӣ ва саҳнаи асосии ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, инчунин нақши марказии ҳамоҳангсозии он дар корҳои байналмилалӣ мебошанд.

Ҷониби Ӯзбекистон ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, инчунин қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”-ро истиқбол менамояд.

Президенти Ӯзбекистон ташаббуси Президенти Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ки нақши хос дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологияи ҳавзаи баҳри Арал дорад, муҳим дониста мешаванд.

Ӯзбекистон омодагии худро ҷиҳати идомаи дастгирии раёсати Тоҷикистон дар он Бунёд изҳор менамояд.

Президенти Тоҷикистон аз ташаббуси Ӯзбекистон дар мавриди қатъномаи қабулшудаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани минтақаи назди Арал ҳамчун минтақаи корбурди навовариҳо ва технологияҳои экологӣ истиқбол менамояд.

Сарони давлатҳо изҳори умедворӣ менамоянд, ки Маркази байналмилалии инноватсионии минтақаи назди Арали назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди эътимодии бисёршарикии амнияти инсон барои минтақаи назди Арал таҳти сарпарастии СММ ба беҳбуди экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии вазъ дар ҳавзаи баҳри Арал мусоидат хоҳад кард.

21.Ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ идома хоҳанд ёфт.

Президенти Тоҷикистон аз номзадии Ӯзбекистон ҷиҳати интихоб шудан дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои солҳои 2025-2027 ва узвият дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2025-2028 пуштибонӣ мекунад.

Президенти Ӯзбекистон аз номзадии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб шудан ба узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 дастгирӣ менамояд.

22.Президенти Тоҷикистон аз натиҷаҳои раёсати Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2020, ки дар чаҳорчӯби он бо ташаббуси Ӯзбекистон як қатор ҳуҷҷатҳои консептуалӣ қабул ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судманди кишварҳои иштирокдори ИДМ равона гардидаанд, баҳои баланд дод.

23.Президенти Ӯзбекистон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021-ро дастгирӣ намуда, инчунин аҳаммияти махсуси пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ва татбиқи авлавиятҳоро дар соли ҷашнии ин Созмон таъкид намуд.

24.Ҷониби Тоҷикистон баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" дар моҳи июли соли 2021 дар Тошкандро ҷонибдорӣ карда, иштироки ҳайати воломақоми Тоҷикистонро дар он чорабинӣ тасдиқ намуд.

25.Сарони давлатҳо натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳои баланд дода, изҳори боварӣ карданд, ки музокироти созандаи барпогардида ва санадҳои зимни сафар имзошуда ба таъмиқи равобити дуҷониба, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии халқҳои бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд, саҳми арзанда гузошта, онҳоро такони тоза хоҳанд бахшид.

26.Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд.

Сарвари Ӯзбекистон Пешвои Тоҷикистонро даъват намуд, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари расмии ҷавобӣ анҷом диҳад. Даъват бо изҳори сипос қабул гардид. Таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Эмомалӣ Раҳмон  

Шавкат Мирзиёев 

 

 

 


ш.Душанбе, 10 июни 2021

 

НАЗАД