Ёде аз «Парандаи сол – 2020» ё ПАРАСТУ-и Душанбешаҳр

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Тоҷикистон бо таърих ва фарҳанги илму адаб ва меҳмоннавозиву инсондӯстиаш дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Кишвар бо минтақа ва шаҳрҳои зебову дилрабояш аз қабили Душанбеву Хуҷанд, Бадахшону Зарафшон, Бохтару Кӯлобу Кофарниҳон, Ҳисору Турсунзодаву Варзоб, Исфараву Истаравшану Искандаркӯл, Роҳативу Файзободу Кофарниҳон, Айниву Масчоҳу Панҷрӯд ва ғайраҳо ҳазорон сайёҳу гардишгаронро доимо пазироӣ мекунад. Шаҳри Душанбе имрӯз дар худ симое наверо гирифта, рӯз то рӯз зеботару хуррамтар шуда истодааст.
Инҷо зарур шуморидем, ба баъзе ному номгӯзориҳои зебои шаҳри ҷавон назари кӯтоҳе дошта бошем, то тавонем бо дарки аслияти номҳо таъриху тамаддуни бостониамонро эҳё намуда, нигаҳдорӣ намоем. Воқеан номгузорӣ аз суннатҳои қадима дар байни башарият ба ҳисоб рафта, чун анъанаи хуб то имрӯз боқӣ мондааст. Ахиран бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба амал омад, ки номҳои хуб ва маънодор бештар гузошта шаванд, то бо зикри онҳо таърихи бостонии халқи тоҷик дубора эҳё гардад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола, қабл аз оғози соли нави мелодӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуне доир мегардад, ки имсол хушбахтона дар он Парасту (фароштурук) «Парандаи сол – 2020» интихоб шуд.
Бо ҳамин муносибат хостем сайре ба шаҳри Душанбе карда, номи зебои Парастуро пайдо кунему ёде аз ин парандаи зебо ва қаҳрамони соли 2020 дошта бошем.
Бештари сокинони Душанбе ёд доранд, ки номҳои зебои ин шаҳр ба монанди Бозори Баракат, Шоҳмансур, Саховат, Корвон ва номи хиёбонҳо, боғу сабзазорҳо ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавӣ, Садриддин Айнӣ ва мағозаву дуконҳо ба мисли Баҳор, Гулистон, Лола ва ғайра дар хотираҳо боқист. Миёни ҳамаи инҳо дар Душанбе маконе низ буд, ки бо номи “Ласточка” ё Парасту ёд мешуд, ки дар наздикии майдончаи “Танка”-и шаҳр қарор дошт, ки бо камоли таассуф онро имрӯз дида намешавад ё ранҷида, фирор кардааст.
 Дар ҳақиқат номи зебои Парасту, “Ласточка” ба рӯсӣ, swallow ба англисӣ, Абобил ба арабӣ ва урду, бо табиату парвози илҳомбахшаш, бисёре аз сокинони пойтахт ва меҳмонони онро рӯҳбаланд мегардонид. Мо сокинони шаҳри Душанбе ифтихор аз он мекунем, ки шаҳри дилоро ва дигар манотиқи кишвар на танҳо шукуфо ва зебо шуда истодаанд, балки номҳо, биноҳои таърихӣ ва меъморӣ ва истгоҳои замонавию муосир бозсозӣ ва эҳё шуда, чун муаррифгари тамаддуну фарҳанги мо, бояд ҳифз ва нигаҳдорӣ шаванд.

                                                                                                                            

Тибқи маълумоти дастрастшуда аз Сомонаи расмии маҷаллаи илмӣ-оммавии "Инсон ва табиат" Парасту ё Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дошта, дарозии бадани фароштурук 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро буда, 17-20 грамм вазн дорад. Оилаи Парастуҳо аз 75 навъ иборат буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида, дар ҳамаи қитъаҳои кураи замин дида мешаванд, ки аслан ба қатори гунҷишкон ва гурӯҳи кӯчандагон мансубанд, ки зимистонро дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Индонезия паси сар мекунанд ва ба Тоҷикистон аввали моҳи март омада, дар маҳалҳои аҳолинишин зери бом ва шифти биноҳои истиқоматӣ ва идорӣ лона мегузоранд.
Бештари мардуми тоҷик парастуро чун парандаи муқаддас мешиносанд, зеро он бо инсон дар ҳамшафат зиста, аз ӯ хайрхоҳӣ меҷӯяд. Аз замонҳои қадим дар байни мардум ақидае ҳаст, ки дар хонае, ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор боқӣ мемонад.
Бояд қайд кард, ки лонаи парастуҳо нимкурамонанд буда, он аз лӯндачаҳои лой дар девор ва шифти биноҳо сохта мешавад, ки дохилаш аз хас, шохчаи растаниҳо, пар ва мӯй иборатаст. Мавриди зикр аст, ки ин парандаи қаҳрамони сол аввалҳои моҳи апрел 4-5 тухм гӯзошта, пас аз 12-13 шабонарӯз соҳиби чӯҷа гардида, тақрибан 20 рӯз онҳоро парвариш менамояд. Парандаи сол серҳаракат буда, дар як рӯз то 300 маротиба чӯҷаҳояшро хӯрок дода, ғизои асосияш магас, малах, шабпарак, хомӯшак ва гамбӯсак мебошад.
Тавре сарчашмаҳо ишорат мекунанд, ки аспҳо ҳайвоноте мебошанд, омадани заминларзаро пешопеш дарк мекунанд ва парастуҳо низ хусусияти пешгӯӣ кардани вазъи обу ҳаворо доранд, ки тибқи мушоҳида коршиносони соҳавӣ, агар фароштурук дар сатҳи замин парвоз кунад, борон меборад ва агар дар фазо баланд парвоз кунад, он рӯз офтобӣ мешавад. Ва аз ин хотир ҳамаи ин хусусиятҳоро ба назар гирифта, аслияти вуҷуди онҳоро бо ҳикматҳои нодирашон кашф намуда, мавриди истифода қарор диҳем.
Хулоса имрӯз номи зебои “Парандаи сол-2020” ё Парастуро дигар дар Душанбе кам дида, мутаассифона солҳои ахир он дар маҳалҳои аҳолинишин торафт коҳиш ёфта истодааст. Ин мову масъулини соҳаро водор месозад, ки бори дигар муомила ва муносибати нек ва хайрхоҳонаи худамонро дар ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти нодиру парандагони зебои кишвар аз ҷумла Парастуҳо хубтар ба роҳ монда, дар зиёдшавии насли онҳо саҳмгузор бошем ва номҳои зебои онҳоро дубора эҳё кунем.

                    Манобеъ
 
Таҳияи Мирсаид Раҳмонов,
Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД