Ҳамасола рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи онҳост. Мавриди зикр аст, ки “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё алалхусус собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мегардад. Он ҷашнест, ки Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аввалин маротиба онро соли 1954 (бо қатъномаи № 836 (IX)) қабул карда, дар қарордодаш пешниҳод кардааст, ки ҷашнгирии умумии «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» бояд барои ҳамраъйӣ ва ҳамкории байни миллатҳо хидмат расонад. Дар ҳуҷҷатҳои расмии СММ он рӯзи 20 ноябр муайян шуда, дертар соли 1959 он чун рӯзи «Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак» (20 ноябри соли 1989) — «Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шуд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 1 июн «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон» буда, ҳамчун анъана дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешавад, ки бахшида ба он Ҳафтаи кӯдакон ва наврасон дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии кишвар маҳфилу ҷашнвораҳо баргузор мегардад.
Ин сана ҳукумат, равшанфикрон, донишмандон ва аҳли ҷомеаро огоҳ месозад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда нақшу саҳми калидӣ гузошта, онҳоро самимона дӯст дошта, бо меҳру муҳаббат ба фардои нек роҳнамоӣ намоянд.
Устод Садриддин Айнӣ , кӯдаконро саромоя ва ганҷи ноёб, ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат дониста, онҳоро бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар меҳисобад. Дар ин зимн, устод Садриддин Айнӣ чун омӯзгор ва мураббӣ, ҳанӯз айёми мактабхонияш ба фикри бунёди ҷомеаи солим буда, аввалин маротиба соли 1907 китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи ҷавонон»)-ро тайёр ва нашр кард.
Ҳамин тавр, бо ташаббуси Устод С.Айнӣ дар макотиб усули нав таҳия шуд, ки то ба имрӯз он чун намуна барои ҳифз ва таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад.
Шеърҳо ва идеяҳои маорифпарварии ӯ ба мисли «Замзамаи дабистон», «Суруди мактаб», «Саҳаргоҳон» ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем,
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Метавон зикр кард, ки дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда аст. Вале, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дошта, беш аз нисфи зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, ки аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Дар ин зимн, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 30 фоизи сокинони онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, ки таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Илова аз он ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеа буда, ҳуқуқи комил доранд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ва тарбияи онҳо ҳукумати Тоҷикистон қонуни наверо зери номи "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул кард, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои ба зиммадоштаи худро иҷро намоянд.
Хулоса, моро зарур аст, то бо ҳам муштаракона барои рифоҳу ривоҷи зиндагии фарзандон ва ОЗОДИВУ ОРОМИВУ ОБОДӢ-и онҳо саҳми созанда гузорем. Ва набояд фаромӯш кунем, ки барои рушди ҳаматарафаи онҳо дар фазои озоду орому обод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Лиҳозо зиндагии созанда ва ояндаи кӯдакон бояд дар рӯҳияи ватанпарварӣ, миллатдӯстӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбият кард, то онҳо тавонанд Ватанро бо диди нав ва хираду ҷасорат ҳифз намуда, озодиву оромиву ободии онро муҳофизат намоянд.
Раҳмонов Мирсаид
ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ