Масъалаи забон ҳамчун ҳастии миллат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будааст. Ӯ аз аввалин суханрониҳои худ чун сарвари давлат таваҷҷуҳи мардумро ба тозагиву асолати забони тоҷикӣ ҷалб менамуд ва намунаи ибрат нишон медод.
Бори аввал дар иҷлосияи Созмони Милали Муттаҳид ӯ бо забони фасеҳи тоҷикӣ суханронӣ намуда, намояндагони беш аз 200 кишвари ҷаҳонро бо малоҳату салосати забони тоҷикӣ ошно намуд. Ниҳоят андешаҳои Пешвои миллат дар бораи мақому арзиши забон, хостгоҳу ҷойгоҳ, таърихи ташаккул ва рушди он дар дарозои таърих дар асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат” ҷамъбаст ва баён гардид. Арзиши баланли ин асарро донишмандони зиёде мисли академикҳо Фарҳод Раҳимӣ, А. Раҳмонзода, забоншиносони маъруфи эронӣ Ҳаддоди Одил, Асғари Додбеҳ, Алии Деҳбошӣ, Ҳасани Қарибӣ ва дигарон таъкид кардаанд.
Дар ҷилди аввали асари мазкур дар радифи масъалаҳои муҳимми таърихи забон ба мавзӯи хостгоҳ ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Аз ҷумла Пешвои миллат ба сароҳат таъкид менамояд, ки забони тоҷикӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, ки Тоҷикистони имрӯза ҷузви он аст, зуҳур кардааст. Ин нуктаи хеле муҳим аст, зеро дар бораи пайдоишу ташаккули ин забон ва рушду густариши он дар асрҳои миёна муҳаққиқони зиёде изҳори назар кардаанд.
Пайдоиши забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ, яъне форсии нав ва заминаҳои шаклгириву рушди он аз зумраи масъалаҳои баҳснок аст, ки ҳалли он барои равшан намудани омилҳои мондагории мардум ва худи забон низ мадад мерасонад.
Дар ин мавзӯъ дар ибтидои қарни XX баҳсҳои зиёде сурат гирифта буд. Шоир ва донишманди маъруфи Эрон Маликушшуаро Баҳор бо далелҳои қотеъ андешаи аз қисмати ҷанубу ғарбии Эрон ба Хуросону Мовароуннаҳр омадани забони порсии дариро рад намуда, маҳз дар қисмати шарқии Эронзамин падид омадани онро ба субут расонда буд. Ин андеша мавриди таъйиди устод С.Айнӣ, Е.Э.Бертелс, Б.Ғафуров, Забеҳулло Сафо, А.Н.Болдирев, А.Мирзоев ва дигарон қарор гирифт.
Андешаи мазкур минбаъд дар асарҳои донишмандони тоҷику эронӣ бо далелҳои тоза тақвият пайдо кард. Вале баъзе донишмандон мисли Ричард Нилсон Фрай, Жилбер Лазар боз ҳамон андешаи радшударо бидуни далели тозаву қотеъ такрор намуданд. Аз ҷумла эроншиноси маъруфи фаронсавӣ Жилбер Лазар дар суханроние, ки соли 1990 дар кунгураи «Ҳазораи тадвини «Шоҳнома» дар Теҳрон эрод намуд, аз нав андешаи тавассути асироне, ки арабҳо пас аз истилои вилояти Форс ҳамроҳи худ ба Хуросону Мовароуннаҳр овардаанд, интиқол ёфтани забони порсии дариро иброз дошт. Ӯ ин фарзияро соли 1993 дар суханрониаш дар анҷумани устодони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико дар мавзӯи «Решаҳои забони форсии адабӣ» идома дод, ки тарҷумаи форсии он дар маҷаллаи «Эроннома» ба табъ расид.
Жилбер Лазар кулли таҳқиқоти эроншиносонро дар ин замина нодида гирифта, пайдоиши забони порсии дариро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба истилои арабҳо марбут медонад: «Пас аз пирӯзии аъроб дар Эрон форсии гуфторӣ ҳамчунон ба сӯи Ховар пеш рафт ва ба василаи сипоҳиёну бозаргонон ба Мовароуннаҳр ва Афғонистони кунунӣ расид». Ба ин тартиб ӯ ба натиҷае мерасад, ки «форсӣ гӯйиши маҳаллии ҷанубитарин ноҳияи Эрон буд, ки ба унвони як забони муколама ба тадриҷ аз ҷануб ба шимол ва ховари Эрон густариш ёфт ва он гоҳ дар шимоли ховарии Эрон ба забони адабии он ноҳия табдил гардид ва аз он ҷо ба бохтару ҷануби Эрон рафт ва саранҷом дар бахше бузург аз Осиё реша давонд».(Жилбер Лазер. Решаҳои забони форси адабӣ, маҷ. Эроннома, 1993, №4, саҳ.571).
Дар асоси ҳамин андешаҳои беасос аст, ки Г. Ҳидоятов ва Р. Абдуллоев барин олимон аҷдоди тоҷиконро арабу форсҳое медонанд, ки дар асри VIII бо истилои арабҳо ба Осиёи Миёна омадаанд. Ботил будани ин андешаро муҳаққиқон бо далелҳои қотеъ ба субут расондаанд. Далели аввал суруди машҳури «Аз Хуталон омадия» мебошад, ки тавассути «Таърихи Табарӣ» то ба имрӯз расидааст. Ҳангоме ки сарлашкари араб Асад ибни Абдулло дар Хатлон шикаст хӯрда, ба Балх меояд, мардум ин суруди ҳаҷвомезро месароянд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯй табоҳ омадия...
Аз ин бармеояд, ки то омадани арабҳо ба ин сарзамин мардум бо забони порсии дарӣ ҳарф мезаданд.
Далели дуюм маълумоти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ роҷеъ ба ҷорӣ шудани ислом ва забони арабӣ дар ин сарзамин аст. Тавре ки Наршахӣ хабар медиҳад, мардуми Бухоро арабҳоро водор менамоянд, ки оятҳои Қуръон маҳз ба забони порсии дарӣ тарҷума шавад, ки забони гуфтории онҳо будааст.
Ин ду далел ва мисолҳои фаровони дигар собит менамоянд, ки забони порсии дарӣ то истилои арабҳо дар радифи забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, ориёӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар шакли гуфторӣ вуҷуд доштааст.
Ба назар нагирифтани ин воқеияти таърихӣ боиси пайдо шудани муаммоҳо барои Жилбер Лазар гаштааст. Аз ҷумла барои ӯ «муаммои» нахустро Ибни Муқаффаъ, донишманди номдори эронӣ, ки поягузори насри арабӣ ва мутарҷими «Калима ва Димна» аз форси миёна ба арабӣ буд, матраҳ кардааст». (Ҳамон ҷо, саҳ.572).
Жилбер Лазар иттилои Ибни Муқаффаъро дар бораи панҷ забоне, ки дар поёни даврони Сосониён вуҷуд доштанд, яъне забонҳои паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва сурёнӣ зикр намуда, тааҷҷуб мекунад, ки чаро «Ибни Муқаффаъ ба талвеҳ мегӯяд, ки дар миёни забонҳои Хуросон балхӣ беҳтарин гӯйиши дарӣ аст». Ва ин ҳақиқатро ӯ муаммо медонад ва аз осори қарнҳои IX-XI мелодӣ амсоли тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Қобуснома»-и Кайковус мисолҳо меорад, ки дар ҳамаи онҳо ибораи форсии дарӣ ё порсии дарӣ истифода шудааст.
Азбаски ин далелҳои қотеъ андешаи ӯро ба субут намерасонанд, тааҷҷуб мекунад, ки «чаро Ибни Муқаффаъ ба ҳангоми сухан гуфтан аз «дарӣ» танҳо ба пойтахт ва ба Хуросон ишора мекунад ва на ба ҳеҷ бахшу шаҳри дигаре аз Эрон?» ( Ҳамон асар, саҳ.572-573).
Ин пурсишу тааҷҷуби донишманди фаронсавӣ ниёз ба тавзеҳу посух надорад ва гуфтаи Ибни Муқаффаъ дар воқеъ забони мардуми Хуросон будани порсии дариро собит менамояд.
Аксари муҳаққиқоне, ки дар ин хусус изҳори назар кардаанд, пайдоиши вожаи «дарӣ»-ро аз калимаи «дарборӣ» донистаанд. Жилбер Лазар низ дар пайравии онҳо таъкид менамояд, ки «дарӣ» муштақ аз «дар» ва «дарбор» аст. Чунин ба назар меояд, ки дарӣ танҳо забони гуфторӣ будааст, он ҳам дар дарбори шоҳон ва дар пойтахти онон». (Ҳамон асар, саҳ. 575).
Дарвоқеъ дар аксари сарчашмаҳои таърихиву адабӣ пайдоиши дарӣ ба дарборӣ мансуб дониста шудааст, ки ба назари мо ҷанбаи ривоятӣ дошта, ба сиёсату мафкураи ҳукмрони давр марбут аст, ки ҳар чизи хуб ба шаҳру дарбор вобаста мегардид.
Ба назари мо вожаи «дарӣ», тавре ки дар баъзе фарҳангҳо, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» омадааст, аз калимаи «дара» буда, мухаффафи (шакли кӯтоҳшудаи) «дараӣ» ё дарагӣ» аст, ки талаффузашон равон нест. Зеро дар забони мо қаринаи дигаре нест, ки дарӣ ба маънии дарборӣ истифода шуда бошад, вале ба маънии дарагӣ як мисоли хубе ҳаст, ки он ибораи шевои «кабки дарӣ» мебошад. Лафзи дарӣ, забони дарӣ дар ҳамин қолаби иборасозӣ сохта шудаанд. «Дар» ба маънии «дара» дар ашъори шоирони асрҳои гуногун хеле зиёд дучор меояд. Аз ҷумла Фирдавсӣ навиштааст:
Тазарвону товусу кабки дарӣ
Биёбӣ, чу бар кӯҳҳо бигзарӣ.
Агар фарзияи мазкур пазируфта шавад, муаммоҳое, ки Ж. Лазар ёд кардааст, ҳал хоҳанд шуд. Яъне забони порсии дарӣ як навъи гуфтории забони порсӣ буд, ки на дар дарборҳо, балки дар дараҳои кӯҳистони Хуросону Мовароуннаҳр дар баробари забонҳои соҳибхати суғдӣ, бохтарӣ, ориёӣ, хоразмӣ дар байни мардум амал мекард. Бар асари истилои арабҳо ва ҷорӣ шудани забону хати арабӣ ба сифати забони расмӣ забонҳои мазкур аз байн рафтанд ва забони гуфтугӯии мардум бо фароҳам омадани шароити мусоид дар аҳди Саффориёну Тоҳириён ва Сомониён дар як муддати кӯтоҳ на танҳо чун забони адабӣ ташаккул ёфт, балки ба дараҷаи камолот расид. Агар ин шароит ба вуҷуд намеомад ва дастгириву пуштибонии он давлатҳо, ба хусус давлати Сомониён намебуд, яқинан забонҳои эронӣ имрӯз ба ин ҳолат намерасиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар асари Пешвои миллат матраҳ шудааст, имконоти забони илм шудани забони форсии тоҷикист. Бояд гуфт, ки дар аҳди Сомониён ин забон ба дараҷаи забони илмии давр расида буд. Хидмати донишмандони замон, ба хусус Ибни Синову Берунӣ дар сохтани истилоҳоти илмҳои риёзиву физика, тиббу нуҷум, фалсафаву илоҳиёт, ҳандасаву маъданшиносӣ ва илмҳои дигар хеле бузург аст. Онҳо ҳатто усулҳои вожагузиниву истилоҳсозиро дар соҳаҳои гуногуни илм муайян карда буданд. Имрӯз донишмандони илмҳои дақиқу табиатшиносии кишварҳои форсизабонро зарур аст, ки он таҷрибаву усулҳоро омӯзанд ва дар эҷоди истилоҳоти тоза ба кор гиранд. Ҳамчунин моро зарур аст, дар асоси навиштаҳои Пешвои миллат барои ба мақоми байналмилалӣ расидани забони тоҷикӣ, ки дар асрҳои миёна онро дошт, кӯшиш ба харҷ диҳем ва барои ба яке аз забонҳои расмии кории ЮНЕСКО ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ табдил додани он, ки аз ҳар ҷиҳат сазовор аст, талош варзем.
Мирзо Муллоаҳмад
сарходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик