Кишварҳои Скандинавия ҳамеша дар сархати мақоми беҳтарин дар пурсишҳои сотсиологии соҳаҳои гуногун зиндагии мардум қарор доранд. Манотиқи мазкур шукуфонтарин дар сайёра ба қайд гирифта шуда, аз рӯи нишонаҳои субот, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ, давомнокии умр, таҳсилот, экология ва ғайра ҷои аввалро ишғол мекунанд.
Тибқи натоиҷи рейтинги солонаи “Беҳтарин кишварҳо бо хубтарин сифати зиндагӣ” се кишвари Скандинавия якбора ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуданд. Чуноне ки зикраш рафт, барои муайян кардани он омилҳои муҳиме ба монанди дастрасӣ ба озуқа ва манзил, сифати таълим ва ёрии тиббӣ, субботи сиёсӣ, вазъияти бо кор таъмин кардан ва ғайра омӯхта, таҳлил ва ба назар гирифта мешаванд. Мувофиқи ин таҳлилҳо аз ҳама аввалтар Канада барои шаҳрвандони худ сифати беҳтарини ҳаётро фароҳам меорад. Кишварҳои Скандинавия пас аз Канада ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд. Шведсия дар ҷои дуюм, Дания дар ҷои сеюм ва Норвегия дар ҷои чорум қарор гирифтанд. Ба даҳгонаи беҳтарин кишвари дигаре, ки ба онҳо наздик аст, - Финландия шомил буда, дар дар ҷои шашум ҷойгузин гардидаст.
Бояд гуфт, ин раддабандӣ муайян мекунад, ки чи гуна кишварҳои ҷаҳон барои фароҳам овардани шароити хуби ҳаёти иҷтимоӣ барои шаҳрвандони худ даст ба кор мешаванд. Чунин баҳогузорӣ бар асоси натоиҷи назарсанҷии сокинони 80 кишвари ҷаҳон тартиб дода шудааст, ки дар соли 2020 дар назарсанҷӣ 30 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) бо дастгирии Институти рақобатпазирии Авруосиё (ECI) гузориши глобалии ҳаёти иҷтимоӣ 2020-ро дар 82 кишвари ҷаҳон нашр кард. Дар ин бора дар маҷаллаи бонуфузе бо номи “The Rambler” низ овардааст. Индекси ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки хеле кам кишварҳо тавонистаанд ҷомеаи мутавозини иҷтимоӣ эҷод кунанд. Дар бисёр мамлакатҳо нобаробарии даромад торафт вусъат меёбад. Аммо кишварҳое мисли Норвегия, Шветсия, Дания, Исландия ва Финландия дар ин раддабандӣ пешсаф буда, ба аҳолии худ имкониятҳои баробар медиҳанд.
Ҳаёти иҷтимоӣ дар кишварҳои зикршуда, хеле хуб арзёбӣ гардида, оилаҳои серфарзанд дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ карда мешаванд. Дар ин давлатҳо на танҳо модар, балки падар низ метавонад ба рухсатии нигоҳубини кӯдак равад. Гузашта аз ин, дар баъзе кишварҳо миқдори муайяни рӯзҳои рухсатии нигоҳубини кӯдак вуҷуд дорад, ки падарон метавонанд онро гиранд (90 рӯз дар Шветсия, 10 ҳафта дар Норвегия). Агар падарон аз ин рӯзҳои ба истилоҳ “доягӣ” истифода накунанд, маблағи муайяне, ки барои онҳо ҷудо шудааст, месӯзад. Падару модар ҳар ду ёрдампулии нигохубини кӯдак мегиранд ва агар кӯдаки бемор дошта бошанд, хуқуқ доранд, ки аз кор рухсатӣ гиранду дар хона бимонанд, аммо музди корашон чӣ тавре ки ҳаст, ҳамон хел дода мешавад.
Дар бисёр аз шаҳрҳои Скандинавия ташкилоти махсус, ба монанди ҷойҳои вохӯрии пиронсолон мавҷуданд. Солхӯрдаҳо метавонанд кадом вақте дилашон хост, ба он ҷо раванд, зеро чунин созмонҳо дар шиор ва эълонҳояшон менависанд: "Ҳаёти ҳаррӯзаатонро эҳё ва рангин созед". Масалан, калонсолон барои хӯроки нисфирӯзӣ (таомҳо мувофиқи табъи дил), ба он ҷо мераванд, варзиш ва шоҳмотбозӣ мекунанд ё дар базми «шоми дӯстӣ» иштирок намоянд, ки дар як шароити хеле гуворо мегузарад. Дар шаҳрҳои калон марказҳои дилхушӣ барои калонсолон зиёданд, бинобар ин, ҳама метавонанд ба чунин ҷойҳо, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва вақт барои эшон мувофиқ аст, ташриф оранд.
Ба табиати гирду атроф дар Скандинавия боэҳтиёт ва инсондӯстона муносибат мекунанд. Масалан, аввалин боғи миллӣ дар Аврупо соли 1909 дар Шведсия сохта шуд. Аз тарафи дигар, ҳоло қариб дар тамоми кишварҳои Скандинавия қонун дар бораи дастрасии ройгони мардум ба табиати кишварашон вуҷуд дорад. Одамон ҳақ доранд, ки бе иҷозати соҳиби замин дар ҳама ҷо сайру гашт кунанд, хайма зананд, занбӯруғ ва буттамева чинанд. Шаҳрвандон метавонанд як шабонарӯз дар боғҳо ва майдонҳо хайма гузошта, истироҳат кунанд, ҳатто агар он моликияти хусусӣ ё мамнуъгоҳ бошад. Дар кишварҳои Аврупои Шимолӣ қариб ҳама партовҳоро коркард мекунанд. Ҳар як сокин дар Скандинавия дар хона якчанд контейнери алоҳида барои партовҳои маҳсулоти ғизоӣ, коғаз, пластикӣ ва шиша дорад. Дар тамоми мағозаҳои калони (супермаркетҳо) Дания барои қабули шиша дастгоҳҳои махсус мавҷуданд. Дар ин кишвар қариб ҳама шишаҳоро ба мағозаҳо бармегардонанд ва онҳоро ба партов намепартоянд. Ғайр аз ин, дар кӯчаҳои шаҳрҳои Скандинавия аксар вақт барои қабули либосу пойафзоли кӯҳна зарфҳои калон мавҷуданд, ки онҳоро ҷамъоварӣ ва ба тартиб дароварда, ба хайрия мефиристанд.
Сайёҳон одатан аз он ба ҳайрат меоянд, ки чӣ қадар сокинони Скандинавия дар ҳама гуна ҳаво субҳ ба давидан мераванд. Дар Норвегия, ки варзиши зимистона хеле маъмул аст, ҳатто кӯдаки дусоларо дар конкӣ ё лижа дидан мумкин аст. Илова бар ин, дар ҳама кишварҳои Скандинавия таътили зимистона, ки одатан як ҳафта дар моҳи феврал ё март, вақте ки оилаҳо барои лижаронӣ ё “сноуборд” ба кӯҳҳо мераванд ва онро “иди варзиш” меноманд, мавҷуд аст. Сокинони Скандинавия инчунин тамоми фаслҳои сол велосипед меронанд ва аз зимистонҳои сахт наметарсанд. Дар пахлуи пиёдагард роҳҳои велосипедронӣ аст, ки ба он мошинхо ва пиёдагардҳо даромада наметавонанд.
Маълумоти ҷамъоварда нишон медиҳад, ки маоши кам, набудани ҳолати хуби ҳифзи иҷтимоӣ ва системаи сусти рушди пайвастаи салоҳиятҳои касбӣ дар тӯли ҳаёт бузургтарин мушкилоти ҷаҳон мебошанд. Аксари кишварҳое, ки дар таҳияи индекс ширкат доранд, дар нишондиҳандаи камбуди ҷойҳоии корӣ фосилаи калон нишон доданд. Зиндагӣ дар кишварҳои Норвегия, Шветсия, Финландия ва Дания барои бисёриҳо хеле ҷолиб ба назар мерасанд ва ин сабабҳои зиёде дорад. Ҳамин тавр, таи чанд сол аст, ки Шветсия, Дания ва Норвегия дар қатори панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон бо сифати беҳтарини зиндагӣ қарор доранд.
Манобеъ:
- Медуза (Meduza) шарҳи 10 акс аз мӯъҷизаи кишварҳои Скандинавия
- Набзи Арупо. Беҳтарин кишварҳо барои зиндагии хуб. («Европульс») Best Coutries Quality of Life, US News & World Report)
- Ҳисоботи Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ (WEF) Феврал 2021
Гулҳаё Мадимарова,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Амрико