Автор: ИИПСАЕ
Ба муносибати Рӯзи пойтахт
Ҳамасола 21-уми апрел дар Тоҷикистон "Рӯзи пойтахт" таҷлил карда мешавад. Душанбе пойтахт Точикистон буда, оинаи фарҳанг ва тамаддуни ҳар шаҳрванди ин сарзамин ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин шаҳр маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамеша ҷаҳониёнро бо шиорҳои «Душанбе шаҳри сулҳу ваҳдат», «Душанбе маркази тамаддуни фарҳангӣ», ва "Сокини пойтахт будан ифтихори ман аст" ба сӯи пояҳои фарҳангӣ ва илмӣ даъват мекунад. Тоҷикистон бо ин шаҳри ҷавону таърихӣ ва мардуми бофарҳангу бомаданияташ дар дунё мавқеи худро пайдо намудааст.
Душанбе баъди истиқлолият ва созишномаи сулҳ дарвозаҳои фарҳанг, сиёсат ва иқтисодиашро бо донишмандон ва фарҳангшиносон ба рӯи ҷаҳон боз кард. Имрӯзҳо ба ин шаҳри ҷавон дустдорони фарҳангy тамаддун меҳмон мешаванд. Ва боиси ифтихор аст, ки ин шаҳр ахиран дар радифи даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона дар ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамчунин, ин шаҳр бо якчанд шаҳрҳои дунё бародаршаҳр мебошад. Аз ҷумла, бо шаҳри Лоҳури Покистон аз 15-уми сентябри соли 1976 инҷониб бародаршаҳр мебошад. Ба муносибати Рӯзи пойтахт назари таърихии Лоҳуру Душанберо ба дустдорони фарҳанг ва таърих тақдим менамоем.
Дар аввал сайри кутоҳе ба таърихи шаҳри Лоҳури Покистон меандозем. Покистони имрӯза яке аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ буда, бо давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ҳамсарҳад аст. Ин сарзамин соли 1947 истиқлолиятро ба даст овардааст. Пойтахти ин кишвар шаҳри Исломобод буда, аҳолиаш зиёда аз 190 млн. нафар мебошад. Он бо вилоятҳои Панҷоб, Синд, Балуҷистон ва Сарҳад тақсим мешавад. Шаҳрҳои Лоҳур, Қарочӣ, Қувейта, Пешовар ҳамчун маркази идоравии ин вилоятҳо ба шумор мераванд. Лоҳур аввалин шаҳри Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст. Дар давраи шоҳигарии муғулон ин шаҳр маркази идоракунии умури давлатдорӣ буд. Дар биноҳои қадимаи он навиштаҷот ба забони форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад, ки робитаи адабӣ-фарҳангии Душанбеву Лоҳурро боз наздиктар мекунад.
Ин шаҳр яке аз шаҳрҳои қадимаест, ки соли 150 пеш аз милод бунёд гардидааст. Дар баъзе сарчашмаҳо он ба асрҳои 1-7 мелодӣ рабт дода шудааст. Дар сарчашмаи олими ҷуғрофидони юнонӣ Птолеми ин шаҳр ба номи Лабокла, ки дар канори дарёҳои Индас, Рови, Чехлам ва Ҷаноб ҷойгир аст, зикр шудааст. Аммо баъзе муаррихон бунёди онро аз ҷониби Лоҳ писари Рама Чандра чун маъбуди Ҳиндуҳо дар Рамаяна шинохта мешавад, медонанд.
Соли 713 Муҳаммад бини Қосим аз ҷониби Валид бини Малик ба Лоҳур ва Панҷоб ворид шуд. Баъд аз он Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Маликаёзро мири ин шаҳр ҷойгузин мекунад. Дар соли 1206 Султон Қутбиддинайбак аввалин шоҳи мусулмон дар сарзамини Ҳинду Покистон таъин мешавад. Аз соли 1524 то соли 1752 Лоҳур зери роҳбарии шоҳони муғул буд ва дар даврони подшоҳии Акбар аз соли 1584 то соли 1598 ин шаҳр ҳамчун маркази шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи охирин шоҳи муғул Аврангзеб (1658-1707) бисёре аз ёдгориҳои ин шаҳр, монанди Масҷиди подшоҳӣ ва Дарвозаи оламгирӣ сохта шудаанд. Дар боғи "Гулшани Иқбол"-и шаҳр манораи баланди боҳашамате, ки ба эҳтироми Покистон сохта шудааст, ҷойгир аст. Ин мавеъ ҷоест, ки соли 1940 Ҳизби Муслим Лиг қонун оид ба сарзамини алоҳида барои мусалмонони ҳиндро қабул карда буд. Баландии ин манора зиёда аз 60 метр буда, қисми поёнии онро ба шакли панҷситора ва моҳ аз санги мармар сохтаанд. Ҳоло ин манора яке аз ёдгориҳои миллиии Покистон ба ҳисоб меравад. Ин манора аз ҷониби меъмори турк, Муродхон нақшакашӣ карда шудааст.
Дар наздикии ин манора масҷидест, ки аз ҷониби шоҳи шашуми муғул, Аврангзеб Оламгир сохта шудааст. Бинои ин масҷид аз хиштҳои сурх буда, соли 1673-74 зери роҳбарии бародархонди Аврангзеб, Музафар Ҳусайн сохтмони он ба итмом расидааст. Музафар Ҳусайн соли 1671 мири шаҳри Лоҳур итихоб шуда, то соли 1675 дар ин вазифа кор кардааст. Масҷиди подшоҳӣ, беҳтарин намунае аз меъмории давраи муғулҳо дар Покистон мебошад. Ин масҷид яке аз калонтарин масҷидҳо дар сарзамини Ҳинду Покистон буда, ҳар кунҷи он 150 метрро ташкил медиҳад.
Масҷиди подшоҳӣ ба масҷиди ҷомеи Деҳлӣ, ки аз ҷониби Шоҳҷаҳон сохта шудааст, хело монанд мебошад. Ин масҷид бо даромадгоҳҳои шишагӣ ва ҷойгоҳҳо барои зоирони хос ва ом далели меъмории давраи муғулҳоро исбот мекунад.
Дар канори ин масҷид, оромгоҳи файласуф ва донишманди шарқ доктор Муҳаммад Иқбол, ки бо хиштҳои сурх сохта шудаааст, ҷойгир аст. Боғҳо яке аз фанноварии тамаддуни муғулҳо буда, дар соли 1693 аз ҷониби Шоҳҷаҳон назорат карда мешуданд. Ҳар боғ аз рудхона, гулхона ва чорбоғҳо тақсим мешавад.
Аксари ин боғҳо аз мармари сафед буда, намуди Шоҳҷаҳониро доро мебошанд. Ин боғҳо дорои хишти сурх буда, бо дукончаҳои хурди зебо иҳота мешаванд. Шолимор яке аз боғҳои маҳфузоти давраи муғулҳо мебошад. Маънои калимаи «Шолимор» чойгоҳи муҳаббат ва хушнудӣ мебошад. Ин боғи зебои пурҳашамат аз ҷониби Шоҳҷаҳон соли 1641 сохта шудааст ва дарозии он аз тарафи шимол ба ҷануб 658 ва аз шарқ ба ғарб 258 метрро ташкил медиҳад. Соли 1981 ин боғ ҳамчун ҷойгоҳои қадимаи ҷаҳон аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО қабул гардид.
Маконҳои шаҳри Лоҳур, ки ҳамасола садҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд:
- Мақбараи Сайид Абдул Ҳасан Алии Ҳуҷверӣ (Дата Ганҷбахш)
- Масҷиди ҷомеи Подшоҳӣ (Шоҳ Аврангзеб)
- Боғи Шолимор
- Қалъаи Лоҳур
- Манораи Покистон
- Мақбараи Ҷаҳонгир (Бо амри Нурҷаҳон зани Ҷаҳонгир аз ҷониби писарашон Шоҳҷаҳон сохта шудааст)
- Осорхонаи Лоҳур (аз даврони Британияи Кабир)
- Мақбараи Нурҷаҳон (зани Ҷаҳонгир-номи аслияш Меҳринисо Бегим ваф.1645)
- Камони Ким (аз тарафи Аҳмадшоҳ Абдолӣ дар ҷанги Ранҷпут истифода шуд ва ёдгорӣ аз Рудиярд Киплинг -шоир ва новелланигори англис муқими Лоҳур)
- Бинои Маҳкамаи судии Лоҳур (замони сохт 1889)
- Бинои порлумон (1938)
- Коллеҷи ҳунарҳои миллӣ (1875)
- Кохи Алҳамро (бино фарҳанги бо хишти сурхранг-1970)
- Толори шаҳрдорӣ (аз ҷониби шоҳ Алберт Виктор санаи 1890)
- Боғи Ҷаноҳ
- Ҷалло-порк (1978)
Акнун назари кутоҳе ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе меандозем. Тоҷикистон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, бо кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Чин ва Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Ин кишвар дар соли 1991 истиқлолиятро ба даст овардааст. Аҳолии кишвар зиёда аз 8 млн. нафар буда, аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иборат аст. Ҳар як вилоят бо шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ идора мешавад. Душанбеи имрӯза пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ин яке аз шаҳрҳои зебои Осиёи Миёна буда, дар водии Ҳисор дар баландии 750-930 м, аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарёи Варзоб ва дарёчаи Лучоб, ки ҳарду дарёи Душанбе ном гирифтаааст, аз ин шаҳр мегузаранд. Тибқи маълумоти бостоншиносон ин шаҳр таърихи 2300 сола дорад. Номи имрӯзаи Душанбе соли 1676 нахустинбор дар номаи хони шаҳри Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич зикр шудааст. Дар таърих зикр шудааст, ки мардуми атрофи Ҳисор ҳар рӯзи душанбе ба яке аз деҳаҳои он, ки Душабеи имрӯза қарор дорад, барои харидӯ фурӯш меомаданд ва ба ҳамин муносибат ин шаҳрро Душанбе меноманд. Дар ин шаҳр бозёфтҳои гуногуни бостонӣ, ба монанди димнаи замони Кушониён ва димнаи Шишахона, арки Мир ва теппаи Искандар ёфт шудаанд. Ин шаҳр соли 1925 ҳамчун пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ ба худ мақоми шаҳрро гирифт ва аз соли 1929 то 1961 Сталинобод ном дошт.
Аз соли 1961 Душанбе дубора номгузорӣ шуда, бо шаҳрҳои Лусака (Замбия) 1966, Минск (Белоруссия) 1967, Монастир (Тунис) 1967, Санъо (Яман) 1967, Мазори Шариф (Афғонистон) 1969, Клагенфурт (Австрия) 1972, Лоҳур (Покистон) 1976, Ройтлинген (Олмон) 1991, Санк -Петербург (Россия) 1992, Шероз (Эрон) 1992, Теҳрон (Эрон) 1995, Боулдер (ИМА) 1998, Урумчи (Чин) 1999, Анқара (Туркия) 2003, Ашқобод (Туркманистон) 2017 бародаршаҳр эълон шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки соли равон-2018-ро Тоҷикистон "Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намудааст ва ба ин муносибат вуруди меҳмонони зиёди хориҷиву дохилиро интизорӣ мекашад.
Дар шаҳри Душанбе ёдгориҳои зиёде мавҷуд аст, ки сайёҳон метавонанд аз ин маконҳо дидан намоянд:
- Муҷассама Исмоили Сомонӣ;
- Ҳайкали Садриддин Айнӣ;
- Ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино;
- Ҳайкали Мирзо Турсунзода;
- Ҳайкали Абдулқосим Фирдавсӣ;
- Ҳайкали В. В. Куйбишев;
- Боғ ва ҳайкали Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ;
- Нимпайкараи академик Бобоҷон Ғаффуров;
- Нимпайкараи Умари Хайём;
- Нимпайкараи Абдулқосим Лоҳутӣ;
- Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Боғ ва Хона- музеи устод Садриддин Айнӣ;
- Китобхонаи Мирсаид Миршакар;
- Масҷид ва мақбараи Ҳоҷи Яъқуби Чархӣ;
- Академияи илмҳо;
- Дуввумин парчами калонтарини дунё;
- Кохи Борбади Марвазӣ;
- Чойхонаҳои Роҳату Саодат.
Хулоса, Душанбеву Лоҳур пайвандагари таъриху тамаддуни Осиёи Миёнаву Ҷанубӣ ва васлгарони Панҷобу Панҷруд буда, сокинон ин шаҳрҳо меъморони сулҳовар ва идомадиҳандагони адабу фаросати Рӯдакиву Айнӣ, Иқболу Донӣ мебошанд, ки барои ояндагони насли худ ганҷинаҳои тоза ба тоза фароҳам меоваранд.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Институт
Манобеъ:
Wikipedia sources on Lahore