Ба муносибати зодрӯзи Маҳатма Гандӣ
Ду ҷуфт кафши чӯбӣ, як айнак, ду косаи чӯбӣ, як соати кисагӣ, як қошуқи чӯбӣ, як намакдон, Китоби муқаддас ва як камарбанди сода боигарии шахсе буд, ки императори Биритониёи кабирро бо он ҳама шукӯҳу шавкаташ, ба зону шинонд, то истиқлоли мардуми Ҳиндустонро ба расмият бишносад. Равиши муборизаи бидуни зуроварии ӯ, ки тавонист миллате бузургро аз зери юғи истеъмори бегонагон берун биовард, барои ҳама ҷаҳониён улгу шуд.
Ин мард Мохандаас Карамчанд Гандӣ буд – марде, ки барои амалӣ шудани ормонҳову эътиқодоташ умрашро бахшид. Ба поси вежагиҳое, ки дошт, Робиндранат Тогур, шоир ва адиби номдори Ҳинд, ӯро “Мҳатма”, яъне “Рӯҳи бузург” номид, лақабе, ки инъикоскунандаи хулқу одоб ва шахсияти беназири ӯ буд.
Ним миллиард нафар дар Ҳинд ва миллионҳо инсони дигар дар хориҷ аз марзҳои Ҳиндустон пайрави ӯ буданд. Мардумони сайёра ба шахсияти Гандӣ ишқу алоқаи зиёд доштанд, дар сартосари ҷаҳон дӯсташ медоштанд. Бо ин ки зидди сиёсати мустамликадории Биританияи кабир буд, аммо дар ҳамин кишвар низ тарафдорони бешумор дошт. Анбӯҳи бузурги одамон, ки дар сафарҳои на чандон зиёдаш ба гӯшаву канори кишвар аз ӯ истиқболи гарму самимӣ мекарданд, гувоҳе бар ишқу алоқаи мардум ба вай буд.
Пероҳанаш матои сапеду соддае буд, ки даври баданаш мепечид. Ӯ, ки дар ҷавонӣ шефтаи тамаддуни Биритониё буд, дар нимаи дувуми умраш ба ҳангоми мубориза бо империяи абарқудрати он рӯзгор хариду истифода аз молу матоъҳои англисиро таҳрим кард. Рамзи равшани ин мубориза истифода накардани либосу матоъҳои англисӣ буд. Ӯ намоишкорона аз дастгоҳи хурду соддаи суннатии нахресӣ истифода мекард, ки дар аксари аксҳои аз ӯ барҷоймонда дида мешавад ва ҳатто ҳар ҷое мерафт, он дастгоҳро бо худ мебурд.
Маҳатма Гандӣ зиндагии пур фарозу нишеберо аз сар гузаронид. Бо шахсиятҳои машҳури замонааш чун Чарли Чаплин, Муссолинӣ, дидор дошт. Бо нависандаи барҷастаи рус Лев Толстой то замони марги нависанда дар соли 1910 мукотибаи мунтазам дошт. Ҳатто ба Адолф Ҳитлер ду нома навишта, тақозо карда буд, ки андешаи оғоз кардани ҷанги дуюми ҷаҳонро аз сараш дур кунад. Бино бар ин баъзе андешаҳои нодуруст дар бораи ӯ пайдо шуда буданд.
Албатта касро бовараш намеояд, ки одаме мисли Гандӣ лоғар ва бо ҷисме нотавон ба унвони душмани ягонаи Биритониё дар Ҳинд шинохта мешуд ва зиёда аз ин дар муқобили артиши неруманди Биритониё муқовимат мекардааст!
Китоби «Саргузашти ман» таърихи моҷароҳои пурафтухези зиндагии Маҳатма Гандист. Ин ҷониб ифтихори ба забони тоҷикӣ баргардонидани ин китоби бузургро пайдо кардам. Умед дорам, ки то охири ҳамин сол бо дастгирии Сафорати муҳтарами кишвари Ҳиндустон бо зевари чоп ороста гашта, дастраси ҳамагон қарор гирад. Вежагии мунҳасир ба фарди ин китоб он аст, ки ба қалами худи Гандӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ Шумо хонандаи бевоситаи хотираҳои ҷолиб ва зиндагномаи омӯзандаи ӯ хоҳед буд ва бовар дорам, ки аз дидгоҳҳову ақидаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ ва омӯзандаи ӯ баҳраҳо хоҳед ёфт.
Маҳатма Гандӣ мардест, ки дар таърих нишони мондагоре аз худ ба ҷой гузошт ва ба яке аз улгӯҳои ҳамешазиндаи сулҳ, мубориза ва соддазистӣ табдил шуд. Ҳувияти ӯ аз доираи таъриху фалсафаву илмҳои дигар фаротар рафт ва вориди ҳавзаи забон низ шуд. Ибораи «гандивор» ба унвони сифати дарбаргирандаи хислатҳои некӯи ӯ дар забони мардуми Ҳинд роиҷ гардид.
Ворастагии Гандӣ аз қайдубандҳои модии зиндагӣ дар ин китоб ошкоро баён шудааст.Ӯ бидуни ҳарос аз қазовати дигарон содиқона ба баёни хотираҳои хеш пардохтааст. Аз иштибоҳоташ чӣ дар андеша, чӣ дар рафтору кирдор, аз ҷурму гуноҳҳояш, аз дуздӣ карданаш дар кӯдакию наврасӣ, аз шаҳватҳои ҷинсияш дар айёми булуғ ва ё аз иштибоҳоташ дар фаъолиятҳои фардию иҷтимоию сиёсӣ самимонаву содиқона сухан гуфтааст.
Маҳатма Гандӣ дар «Саргузашти ман» ба мисли «Эътирофот»-и Жан Жак Руссо бе тарсу ҳарос тасвире комилан инсонӣ бо ҳама хубиҳову бадиҳояш, бо ҳама интихобҳои хато ё дурусте, ки як инсони оддӣ метавонад дар ҳолатҳои мухталиф дошта бошад, аз худ сохтааст. Маҳз ҳамин садоқат ба сухан ва шахси хеш аст, ки китоби худнавиштаи зиндагии Маҳатма Гандӣ дар байни китобҳои дар ин жанр навишташуда ҷойгоҳи хос дорад.
Гандӣ бовар дорад, ки одамӣ дар зиндагӣ на ба андозаи орзуҳояш, балки ба андозаи лаёқат ва кӯшишу талоше, ки дорад, ба муваффақият ноил мешавад. Китоб «Саргузашти ман» бозтоби равшану воқеие аз ҳамин фалсафа аст. Ӯ ҳангоми варақ задани дафтари хотираҳои хеш нишон медиҳад, ки одамӣ эмин аз иштибоҳ зода намешавад, балки дар тӯли зиндагӣ бо покиза доштани нафс, даст кашидан аз хостаҳои моддӣ дар талошу кӯшиши амалӣ кардани ормонҳову ақидаҳояш ба андозаи лиёқаташ муваффақ мешавад. Гандӣ бо забоне хеле содаву фаҳмо бо хонандаи худ дар муколама менишинад ва ҳамчун шахсе заминӣ бо ҳама қудрату заъфи инсонӣ на фарде баргузида роҷеъ ба фарозу нишеби зиндагӣ сухан ба миён меоварад. Аз ин нигоҳ китоби «Саргузашти ман» ба асаре бисёр омӯзанда табдил шудааст, ки хонанда худро ба ростию некӣ фаро мехонад. Аз ҳамин рӯ, бовар дорам, ки ривояти Гандӣ аз зиндагияш бар дили хонандаи тоҷик нишаста, бар зиндагии шахсию робитаҳои иҷтимоии ӯ таъсири мусбат хоҳад расонд.
Китоб аз панҷ бахши куллӣ ташкил шуда, ҳар бахш ба бандҳои кӯтоҳе тақсим мешавад, ки дар ҳар банд Гандӣ ба баёни анбӯҳи ҳодисаҳое, ки аз сар гузарондааст, мепардозад. Чунин услуби навиштани китоб натанҳо хондани онро осонтар мекунад, балки танаввӯъи мазмунию хотираҳои зиёду пурранг,ки хеле ошкор ва росту бепарда навишта шудаанд, хондани китобро ба хотирае фаромӯшношуданӣ аз ҳамсӯҳбатӣ бо яке аз бузургмардони таърихи ҷаҳон мубаддал мекунад.
Хулоса, вежагиҳое, ки зикраш рафт, рисолаи «Саргузашти ман»-ро ба дастуре бисёр муфид табдил намудаанд, ки хонданаш таъсире созанда дар рӯҳи хонанда гузошта, майли уро нохудогоҳ ба сӯи некиҳову хубиҳо равона месозад. Гандӣ хулоса мекунад: ҳар шахсе, ки мехоҳад ба покию таҳорати ботин ноил шавад, бояд хештанро дар андеша, гуфтор ва кирдор аз қайди ҳавову ҳавас раҳоӣ бахшад.
Шодимуҳаммад Сӯфизода
Директори Китобхонаи марказии
илмии Академияи илмҳо,
доктори илми филология
http://www.ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ma-atma-gand-va-kitobi-sarguzashti-man-ba-munosibati-zodr-zi-ma-atma-gand.html