Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо як сафари расмӣ ҳамин дирӯз - 30 ноябри соли равон вориди ШМА шуд, то бо Президенти ШМА Ҷо Байден мулоқот анҷом диҳад. Дар назар аст, ки сафари мазкур се рӯз идома хоҳад кард. Бино ба гузоришҳо[1], ҳавопаймои ҳомили раҳбари Фаронса дар Пойгоҳи муштараки Эндрюс берун аз Вашингтон фуруд омад. Сиёсатмадор пеш аз сафар ба Ню Орлеан ду рӯз дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида хоҳад буд. Қаблан Politico[2] навишта буд, ки Макрон дар ҷараёни сафараш ба ИМА кӯшиш хоҳад кард, ки Байденро мутақоид кунад, ки қонун ва талаботро барои коҳиш додани таваррум дар Амрико нарм кунад ва аз ҷанги тиҷоратӣ пешгирӣ кунад. Макрон ҳамчунон аз раҳбари Амрико хоҳиш мекунад, ки барои дастрасӣ ба гази арзонтар ва истифодаи кишварҳои аврупоӣ аз тарҳи чандмиллиарддоллараи мавҷуда, ки барои субсидия ба соҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳифзи муҳити зист пешбинӣ шудаанд, мусоидат намояд.
Аз назари нашрияи The New Youk Times бошад, раисиҷумҳури Фаронсаро дар Вашингтон гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар пешанд, чун мулоқоти ӯ бо президент Байден дар ҳолате сурат мегирад, ки фазои байналмилалӣ дар асари ҳодисаҳои Украина хеле шиддат ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ паёмадҳои ногувореро ба бор овардааст. Гумон меравад, ки ин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба оқибатҳои ҷанги Украина дар маркази таваҷҷуҳи мулоқоткунандагон қарор хоҳад гирифт[3].
Дар худи Фаронса эълон гардид, ки сафари серӯзаи давлатии Эммануэл Макрон ба ШМА дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дидгоҳҳои муштараки дуҷониба дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина ва истиқрори Чин дар ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором сурат мегирад. Аммо қонуни охирини президент Ҷо Байден дар бораи коҳиши таваррум Иттиҳоди Аврупоро ба ташвиш овардааст ва раҳбари Фаронса бояд дар мавриди субсидияҳои ШМА ва пуштибонӣ аз манфиатҳои кишварҳои аврупоӣ дар ҳамин замина мавқеи устувор дошта бошад.[4]
Қаблан маъмурияти президенти ШМА эълон карда буд, ки интизор меравад Байден дар ҷараёни сафари Макрон ба ШМА бо ҳамкори фаронсавиаш масъалаҳои марбут ба Украина, Чин, Эрон ва бурду бохти ҷанги энергетикиро баррасӣ хоҳад кард.
Шуъбаи Аврупо ва Америка
[1] Газета.Ру: Макрон прибыл в США с официальным визитом. Дата обращения: 30.11.2022
[2] Politico: В ходе визита в США Макрон предложит Байдену меры для недопущения торговой войны. Дата обращения: 29.11.2022