МАСЪАЛАИ ФАЛАСТИН ДАР ПАЁМ

Автор: Каримова Шохона

Расм

(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2023)

        Имсол низ чун ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид.  Дар Паёми имсола низ дастовардҳову пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд. Чунончи, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём иброз намуданд: “Ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”.

        Воқеан, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли мушкилоти гуногунҷабҳа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҳаёти шоиста дар Паёми Пешвои муаззами миллат нақши меҳвариро мебозад. Ҳамчунин масъалаҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва адабӣ дар Паём баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат ба масоили тандурустӣ, тарбияи дурусти кудакону наврасон, ҳурмату эҳтироми модарон, гендер, дастгирии кадрҳои ҷавон ва чандин барномаҳои мубрами рӯз аҳамияти махсус бахшиданд.

        Муаммои мураккабшавии авзои сиёсии байналмиллалӣ, шиддат гирифтани ваъзи геополитикию низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва паёмадҳои онҳо дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлилу тадқиқ гардиданд. 

        Сарвари давлат зикр карданд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.          “Чунин руйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин росто, мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем”, – таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат.

        Дар мавриди масъалаи Фаластин чунин андешаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардиданд: “Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаи қабулкардаи Созмони Миллали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем. Кишвари мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам даъват менамояд, ки ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал шаванд”.

        Ҳамчунин аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ иқтибос хоҳем овард: “Вазъи буҳронӣ дар Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст. Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён, занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.

        Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеаи қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои СММ оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”.

        Чунончӣ мебинем, Сарвари сулҳпарвару ғамхори мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати сулҳу рифоҳ ва оромиву амонӣ дар минтақаҳои гуногуни қишри Замин, аз ҷумла, Фаластин, ки ин масъалаи гираҳбаста имрӯз хотири ҷомеаи ҷаҳониро  мушавваш сохтааст, фикру андешаҳои арзишманди худро аз минбари бузург қотеона иброз намудаанд. Барҳақ, саҳеҳтарин роҳи раҳоӣ аз бархурдҳои сиёсии хунин чунон ки дар Паём омадааст, таъсиси давлати соҳибистиқлоли Фаластин аст. Боиси шараф ва сарбаландии мардуми заҳматкаши тоҷик аст, ки чунин Пешвои сулҳофареро дорад. Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили зиёдеро фарогир буд ва натиҷаҳои басе назаррасеро низ ба бор овард, ки муҳимтарини он 40 фоиз болоравии маоши кормандони соҳаи мухталиф буд, ки дар ин ҷода то имрӯз садҳо мақолаҳо нигошта шуданд. Мо тасмим гирифтем, ки аз ин уқёнуси бекарон, яъне Паёми Пешвои миллат танҳо як ҷанбаашро мавриди назар қарор диҳем, ки ин масъалаи барқарор шудани сулҳу суботи Фаластин дар Паём мебошад.

       

Шоҳона Каримова,

н.и.ф, ходими калони илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД