Симпозиуми байналмилалиро Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, меҳмонон ва ҳаводорони осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро хайрамақдам гуфт. Ӯ зикр кард, ки мутафаккир ва яке аз нобиғагони барҷастаи назми тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар Тоҷикистон ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд. Осору афкори ӯ мавриди арҷгузорӣ ва омӯзиши пайваста қарор дода шуда, барои гиромидошти шахсияти ин орифи бузург ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ин симпозиум низ аз қабили ҳамоишҳоест, ки барои дарки тафаккури Мавлоно мусоидат хоҳад кард.
«Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин сабаб, баргузор намудани чунин ҳамоишҳо барои таҳқиқу омӯзиши Мавлоно ва осори гаронарзишу гуногунмавзӯи ӯ муҳим ва ба манфиат аст»,-иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Ноиби президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Сурейя Эр зимни суханронии худ ба ҷониби Тоҷикистон, махсусан ба Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ташаббус ва саҳмашон дар доир намудани ин Симпозиуми муътабари илмӣ изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки шахсияти Мавлоно ва осори нотакрори ӯ кайҳо марзҳоро убур кардаву ба мероси ҷаҳонӣ табдил ёфтааст: «Дар Туркия ба шахсият ва олами тафаккури Мавлоно эҳтироми зиёд доранд. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния ба яке аз маконҳои муқаддас ва зиёратгоҳи хурду бузург табдил ёфтааст, ки ин аз бузургии андешаву таълимоти ин нобиға дарак медиҳад».
Суханронии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Низомиддин Зоҳидиро метавон посухи сазоворе ба даъвоҳои беасоси чанде аз нифоқандозону шуҳратталабон номид, ки солҳои охир кӯшиш доранд Мавлонои бузургро мутааллиқ ба як миллату як давлат муаррифӣ намоянд. Ӯ гуфт: «Мавлоно дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ба дунё омада, бештари ҳаёти худро дар Туркия ба сар бурдааст. Аз ин рӯ, таҷлили зодрӯзи ӯ ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон ва посдории хотири ӯ бо ташкили Урси Мавлоно дар моҳи декабр дар Туркия ба ҳукми анъана даромада, ба рамзи дӯстиву қаробати маънавии мардумони Тоҷикистону Туркия табдил ёфтааст».
Адабиётшинос, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки аз асли баҳси ба кадом миллат ва давлат тааллуқ доштани Мавлоно ва осори ӯ хуб огоҳ аст, зимни баромади худ ба ин мавзӯъ тамаркуз намуд ва иброз дошт, ки ҳодисаи интисоби арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ғ.), аз ҷумла мероси Мавлоно ба ин ва ё он миллат ва кишвар сабабҳои зиёде дорад. Аммо иллати аслиаш дар ин аст, ки то ҳол меъёрҳои илмии интисоби арзишҳои миллӣ ба ин ва ё он миллат ва кишвар муайян ва муқаррар нашудаанд ва аз тарафи умум эътироф нагардидаанд.
«Меъёри дар ин замина имрӯз маъмул ҳамон меъёри ҳудудии сиёсӣ мебошад, ки ғайриилмист ва қобили қабул нест. Зеро ҳудудҳои воқеии таърихӣ ва ҳудудҳои сиёсию ҷуғрофие, ки имрӯз қавму миллатҳо дар онҳо зиндагӣ доранд, мувофиқат намекунанд»,-зикр намуд А.Сатторзода.
Адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карда, мегӯяд, ки ҳарчанд Мавлоно шоиру мутафаккири сатҳи байналмилалист, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ аз ёди диёр, фарҳангу адаби худ ҷудо набуд, балки пайваста аз онҳо меандешид. Ин маънӣ дар саросари осори ӯ ҳувайдост: «Ӯ гоҳо аз забони модариаш – тоҷикии форсии дарӣ ёд мекунад ва гоҳе аз Балху Бухорову Хуросон, гоҳ аз Рустами Достон. Ин ёдкардаҳои ӯ, ки аз нӯки хомааш таровидаанд, нишон медиҳанд, ки Мавлоно яке аз гӯяндагони бузурги миллӣ буда, эҳсосоти ватандӯстонаи худро бо роҳҳои мухталиф дар осораш буруз додааст…».
Як нуктаи муҳим, ки ҳангоми шинохти ин ё он шоир ё мутафаккир ҳамчун меъёри аслӣ ба инобат гирифта мешавад, ин забони ӯст. Аз ин нуктаи назар, аксари даъвогарони мероси Мавлоно аз давлатҳи хориҷӣ шояд фаромӯш мекунанд, ки забони осори ин орифи бузург тоҷикии форсӣ буда, ба забони адабии тоҷикии имрӯза аз ҳар гӯиши дигари забони форсӣ наздикии бештар дорад. Ҳарчанд Мавлоно зодаи Тоҷикистон ва забонаш низ тоҷикист, аммо ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ кӯшиш накардааст, ки ӯро моли танҳо Тоҷикистон муаррифӣ кунад, зеро ин нукта равшан аст, ки Мавлоно кайҳо марзҳову қолабҳоро убур карда, ба як мутафаккири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Гузашта аз ин, талоши моли як миллат муаррифӣ кардани Мавлоно ва осораш ба таълимоти худи ӯ низ муқобил аст, ки ҳамеша ҳамзистӣ ва муколамаи тамаддунҳо, башардӯстиву инсонпарвариро тарғиб намудааст ва ин нукта дар хулосаи аксари олимони ба баҳс воридгашта ошкор баён карда мешавад.
Нуктаи ниҳоиро дар ин баҳс метавон гуфт, ки доктор Нурӣ Шимшеклер гузошт: «Ҳеҷ фарқе намекунад, ки ӯ (Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ,- Ҷ.А.) бо кадом ном номида шавад, бо гузашти замон афкори ӯ беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Бо афзоиши адами тафоҳум дар байни инсонҳо ва давлатҳо, башарият беш аз пеш ба дунболи Мавлоно меравад. Инсонҳо ба ҳар ном ва мақом ва дин ва ҳар кишваре, ки бошанд, дар ин дарахти 811-сола чизе пайдо мекунанд. Бо вуҷуди гузашти 745 сол аз вуслати ӯ ба сӯйи Ҳақ, ӯ ҳамвора матраҳ аст ва аҳамияти афкори Мавлоно беҳтар дарк мешавад. Овоза ва шуҳрати ӯ бештар аз ин аз марзҳои кишварҳо фаротар меравад».
Мавзӯи дигаре, ки дар Симпозиуми байналмилалӣ атрофи он андешаронӣ сурат гирифт, ин саҳми Мавлоно дар васли фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо мебошад. Ин нукта дар маърӯзаи академик Кароматулло Олимов ба таври муфассал баён гардид.
«Мероси Мавлонои Румӣ як чузъи муҳим ва баёнгари гуфтугӯи фарҳангҳо мебошад. Зеро ӯ тамоми андешаҳои динию ирфонию фалсафиро фаро гирифта, хостааст дар заминаи Қуръону ҳадис ва донишҳои исломӣ синтези ақидаҳои мухталифро ба вуҷуд орад. Хидмати бузурги Мавлоно дар он зоҳир мешавад, ки ӯ ба воситаи таҳқиқи ирфонӣ таълимоти ҷолиби таҳаммулгароиро пешниҳод кардааст. Инсон дар таълимоти Мавлоно падидаи олии ҷаҳони моддӣ ва рӯҳонӣ буда, таҷассуми қудрати илоҳӣ мебошад»,-иброз дошт Кароматулло Олимов.
Олими шинохтаи тоҷик таъкид кард, ки бо гузашти беш аз 800 сол осори Мавлоно имрӯз низ барои васли фарҳангҳо, динҳо ва инсонҳо даъват менамояд, зеро он ба ваҳдати инсоният нигаронида шудааст.
Ахлоқ ва нафс аз мавзуъҳои меҳварии олами тафаккури Мавлоноянд, ки дар ин Симпозиум ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ин мавзӯъ донишманди тоҷик, профессор Зафар Мирзоён маърӯзаи пурмуҳтавое қироат намуд. Ӯ гуфт, ки бешак Мавлоно муаллими ахлоқ аст ва осори 26- ҳазорбайтаи ӯ моломоли панду андарз ва ҳидояти инсонҳо сӯйи пиндору гуфтору кирдори нек аст: «Орифи покизасиришт Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осори худ гӯё ки ба тамоми паҳлӯҳои ахлоқи инсонӣ ва муносибат бо Худову офаридаҳои ӯ нигоҳи вижаи худро афкандааст, вале чуноне ба назар мерасад, мавзӯи чирамандии инсонҳо бар нафс ва муборизаи инсон ба ин аждаҳои сӯзандаи ахлоқ таваҷҷуҳи вижаи худро равона кардааст».
Ба гуфтаи Зафар Мирзоён, Мавлоно аз ин ки сабаби сар задани бисёре аз палидиҳои одамонро дар нафс мебинад, дар ҳама дафтарҳои Маснавӣ ва баъзе ғазалҳои Девони Шамси Табрезӣ ба гунаҳои гуногун бозтоб намудани онро зарур донистааст:
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он буд мору ин бут аждаҳост.
Оҳану санг аст нафсу бут шарор,
Он шарор аз об мегирад қарор.
Дар симпозиуми мазкур нақши мусиқӣ дар ташаккули Мавлоно ва осори ӯ низ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Мавлоно мусиқиро забони Худованд гуфтааст,-мегӯяд доктор Тимучин Чевикоглу,- ва зикр менамояд, ки ягон санъат ба мисли мусиқӣ наметавонад ба рӯҳи инсон бевосита нуфуз кунад.
Муносибати Мавлоно бо мусиқӣ дар маърӯзаи профессор Қайюм Қавим низ рӯшан гардид ва ӯ иброз дошт, ки ба танзими мусиқӣ даровардани ашъори Мавлоно хеле осону равон буда, шеъри ӯ худ мусиқиро интихоб менамояд. Яъне ашъори Мавлоно чунон равону ҷаззоб офарида шудааст, ки ба танзими мусиқӣ даровардани он осон мешавад.
Инчунин масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир»-ро мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, Симпозиуми дурӯза, ки ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва паҳлуҳои норӯшани осори ин ориф ва мутафаккир бахшида шуда буд, ба поён расид. Албатта, олами тафаккури Мавлонои бузург мисли уқёнуси бекарон аст ва дар қолаби симпозиуму ҳамоиши алоҳида таҳлилу баррасии ҳамаи паҳлӯҳои он уқёнус имкон надорад. Аммо барои шинохти ҷавҳари аслии таълимоти Мавлоно ва осори ӯ ташкили ҳамоишҳое, чун Симпозиуми байналмилалии Душанбе ҳатман зарур ва ба манфиат аст.
Ҷасур АБДУЛЛО,
Бознашр аз АМИТ «Ховар»